Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Душанбе, 22 Август 2016 00:00

Ҷаласаи нахустини Раёсат

Ҷаласаи нахустини Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои соли таҳсили 2016-2017

       Санаи 22-юми августи соли равон ҷаласаи нахустини Раёсати ДДТХ доир гардид. Дар ҷаласа 16 нафар аъзои маҷлис  иштирок доштанд.  Саравал  ректори донишгоҳ профессор У. Қурбон аъзои Раёсатро барои оғози фаъолияти корӣ дар ДДТХ табрик намуда, доир ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва  бо масъулияти ҷиддӣ оғоз бахшидани фаъолияти сохторҳо таъкид намуд. Сипас тибқи  фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи тайиноти кадрӣ дар сохторҳои Раёсати донишгоҳ шунида шуд.  Аз ҷумла, Маҳмадалиева С. - ба вазифаи  раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён, Усмонова У. - ба вазифаи раиси Шӯрои занон ва духтарон ва ба вазифаи котиби Шӯрои олимон Кузибоева Н. таъин шуданд. 

                  Дар асоси рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои   тасдиқ   нақшаи кории Раёсат барои соли тахсили 2016-2017, омодагии муовинати таълим ба соли таҳисли 2016-2017, маълумоти Комиссияи қабул  дар  соли таҳсили 2016-2017, омодагӣ ва иштирок дар чорабиниҳо вобаста ба гузоштани санги асоси ДДТХ, дарси Сулҳ ва як қатор масъалаҳои гуногун баррасӣ ва мухокима гардиданд.

      Доир ба масъалаи дуюм муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б.А. нисбати  рафти корҳои омодагӣ  дар кафедраҳо, шуъбаи таълим ва деканати факултетҳо, инчунин    нақшаҳо    ва барномаҳои таълимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.  Дар хусуси қабули довталабон котиби масъули комиссия  Ахмедов Ш.Р  маълумот дода,  аз ҷумла қайд намуд, ки Комиссияи қабули довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  раванди қабули довталабонро барои соли таҳсили 2016-2017  дар доираи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,   «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017» ва Низомномаи комиссияи қабул амалӣ намуд. Дар марҳилаи тайёрӣ ба маъракаи қабули довталабон  дар Раёсати  донишгоҳ Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба қабули довталабон ба Донишгоҳ тасдиқ карда шуд.   Ҳамзамон дар давраи то оғози қабули ҳуҷҷатҳо тибқи талаботи қоидаҳои қабули донишҷӯён корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар  рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил  ба роҳ монда шуда буд.

Зикр гардид, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи 1.04.с.2016 шуруъ гардида то 30.06. соли равон идома дошт. Ба Комиссияи қабул   дар ин  давра ҳамагӣ 1633 нафар ҳуҷҷатҳои худро супориданд.  Дар маҷмуъ қайд гардид, ки натиҷаи ҷамъбастии имтиҳонҳо бо ворид намудани коэффисиентҳои барои ноҳияҳо муқарраршуда боис гардид, ки дар маҷмуъ 351 нафар довталаб сазовори номи баланди донишҷӯи курси 1-уми  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон гардиданд.

           Дар идомаи ҷаласа декани факултети тиббӣ Саидов И. доир ба масъалаи  омодагиҳо  ва иштироки донишҷӯёну кормандон  дар чорабиниҳо вобаста ба гузоштани санги асоси ДДТХ ва дарси Сулҳ гузориш дод.

             Дар ин ҷаласа аз ҷониби ректори донишгоҳ  оид ба  корҳои ободонӣ ва таъмирии донишгоҳ, тақсимоти хобгоҳ ба донишҷӯёни ниёзманд, вусъат бахшидани  фаъолияти Сомона, тайёрии  китобхона  ба соли хониш,  инчунин доир ба таҳияи барномаи вохӯрии донишҷӯён бо ректори донишгоҳ,  бахшида ба Рӯзи донишҷӯён   баррасӣ гашт. Дар асоси  масъалаҳои  дар ҷаласаи имрӯза матраҳшуда,  ба масъулини донишгоҳ як қатор дастурҳои мушахас дода шуд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Хондан 116 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид