Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Ҷумъа, 19 Август 2016 00:00

Кӯмакҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

                  Кӯмакҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

        Пас аз таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон раёсати донишгоҳ имрӯзҳо бо мақсади омодагии саривақтӣ ба соли аввали таҳсил кушишҳои зиёд  ба харҷ дода истодааст, то ки машғулиятҳо дар сатҳи баланд гузаронида шаванд, ҳамзамон кафедраҳо   бо ашёҳо  ва маводҳои лозима таъмин  бошанд. Зимни ин гуфтаҳо зикр кардан ба маврид аст, ки аз тарафи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар таърихи 16 – уми августи соли равон дар идомаи кӯмакҳои хайриявӣ ҷиҳати таъмин намудани китобхонаи донишгоҳ бо ададбиёти таълимию бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, аз қабили  «Анатомияи одам», «Атлас анатомия человека», «Атлас-учебник по функциональной анатомии человека», «Гистология» «Гистология, цитология и эмбриология»  ва ғ. бо теъдоди умумии 1490 номгӯи китоб, ки 7537 нусхаро ташкил медиҳанд, ба фонди китобхона тӯҳфа карда шуд. Илова бар ин, барои кафедраи анатомия маводҳои айёнӣ ва як адад тахтаи электронӣ тақдим карда шуд. Лозим ба қайд аст, ки дар  маросими расонидани кӯмак мушовири ректор Қурбонов С., муовинони ректор; Гадоев Б., Ибодов С., Холов Ё ва мудири китобхони илмии ДДТТ Хайруллоева С. ҳузур доштанд.  Иқдоме, ки аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба анҷом расонида шуд, аз ҳамоҳангӣ ва муносибати тарафайни ин ду донишгоҳе, ки баҳри омода намудани табибони олидараҷа  ва ҷомеаи солим мекушанд, дарак медиҳад.

Дар навбати худ Раёсати донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз иқдоми роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  ба  ректори он Гулзода М. сипосгузор  буда, умед аст, ки бо ин амали нек  дар қатори дигар абармардони тоҷик исми онҳо дар саҳифаҳои таърихи навини донишгоҳи мо  сабт хоҳанд шуд.

Хондан 110 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид