Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ…

01 Сентябр 2018
Муаллиф :  

     Рӯзи 1-уми сентябр дар саросари кишвари азизамон хамчун Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар саҳни бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чорабинии идона баргузор гардид. Ин рӯз махсусан барои донишҷӯёни соли аввал пурҳаяҷон ва хотирмон буд. Зеро ин рӯзи нахустини ҳаёти донишҷӯии онҳо ба шумор меравад.

    Чорабиниро декани факултетҳо дотсент Саидов И.З. ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз номи ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбон ҳозиринро ба муносибати ин иди фархунда табрик намуда, махсусан таъкид намуданд, ки шахси донишомӯзу толибилм ба мартабаҳои баланд хоҳад расид.

    

    Дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А. бо муҳаббату самимият суханронӣ намуда, устодону донишҷӯёнро аз самими дил бо оғози соли нави таҳсил муборакбод намуданд.

    

    Аз номи донишҷӯёни соли сеюм Дилафрӯз ҳамчун рамз ба донишҷӯи соли дуюм Азамат китоби “Физиологияи одам”- ро тақдим намуданд. Азамат бошад дар навбати худ ба донишҷӯи соли аввад Аминова Шабнам китоби “Анатомияи одам”-ро тақдим намуданд. Онҳо аз номи кулли донишҷӯён иброз намдуанд, ки рисолати касби интихобкардаи худро дуруст дарк намудаанд ва дар роҳи душворгузари қуллаҳои илму дониш аз ушворињо наҳаросида ва дилпурона дар фатҳи он қадам хоҳанд зад

   Гурӯҳи донишҷӯён бо қироати шеърҳо дар васфи дониш, донишҷӯи соли аввал Аминова Ш. бо суруди “Ватан” ва донишҷӯи соли дуюм Тошбеков М. бо суруди “Бедор” ба ҷамъомад суруру оҳанги идона бахшиданд. Дар охир тамоми донишҷӯён бо “Суруди табибон” ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

   

   Тибқи нақша донишҷӯёну устодон дар чор толори донишгоҳ вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо кормандони соҳаи тандурустӣ тариқи телевизион тамошо карданд.

   

                                                                                                        Одинаев С.П. - саромӯзгори кафедраи забонҳо

0 Шарҳ 251 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид