Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ БОНУВОНИ ДОНИШГОҲ

21 Май 2018 Муаллиф :  

    Ҳафтаи сипаришуда дар асоси нақша-чорабиниҳои «Ҳафтаи ҷавонон» таҳти шиори «Ҷовидон бод ҷавонӣ!» дар ДДТХ мусобиқаи бозии шашка ва волейбол байни бонувони Донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он занон аз ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ёрирасон фаъолона иштирок намуданд.

     Пеш аз он, ки ғолиби мусобиқаи шашкаро эълон намоем, каме аз таърихи он ва якчанд гуфторҳои шавқоварро пешкаши Шумо менамоем. Бозии шашка яке аз бозиҳои қадимтарин буда, ҳануз фиръавнҳои Мисри Қадим бо он машғул мешуданд. Бозёфтҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин намуди бозӣ дар Россияи Қадим ва Авпупо хеле маъмул буд. Дӯстдорон ва мухлисони бозии шашка оид ба ин намуди бозӣ гуфторҳо эҷод намудаанд: Бозии шашка модари шоҳмот аст. Илова бар ин, модари арзанда (Л.Эммануил). Фикрҳои бебокона нақши шашкаҳои пешсафро дар бозӣ иҷро мекунанд: онҳо ҳалок мешаванд, вале ғалабаро таъмин мекунанд (И.В.Гёте).

    Дар мусобиқаи шашка корманди кафедраи Морфология ва физиологияи одам Маҳмадавлатова М. ғолибият ба даст овард.      

      Мусобиқаи волейбол байни бонувон хеле пурҷӯшу хурӯш ва пур аз шӯру шарар буд. Маҳорати баланд ва иродаву истодагарӣ дар ин бозӣ ғолибиятро насиби бонувони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ гардонид.

   Ҳадафи ташкили мусобиқаҳо рушди варзиш байни занон ва ҷавондухтарон, баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо ва таҳким бахшидани дӯстию рафоқат дар байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим маҳсуб меёбад.   

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

0 Шарҳ 137 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид