Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ИДИ ЗАФАР МУБОРАК

10 Май 2017
Муаллиф :  

     Рӯзи 8-уми майи соли 2017 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    бахшида ба 72-юмин солгарди Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамоиши адабию фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ва донишҷӯён ширкат намуданд. Ҳамоишро бу сухани табрикотӣ ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Қайд карда шуд, ки ҳар сол дар мамлакати мо 9- май ҳамчун Рӯзи ғалаба аз болои душмани ғаддори инсоният - фашизми Германия дар вазъияти тантанавӣ таҷлил мегардад.Таърихи инсоният ҷангҳои хунинро на як бору ду бор дидааст, вале ҷанги дуюми ҷаҳон, ки солҳои 40-уми асри гузашта аланга зада, аксар давлатҳои Аврупо, як қисми Осиё ва Амрикоро ба коми пурнаҳси задухурдҳои мусаллаҳона кашид, дар таърих ҳамчун ҷанги аз ҳама хунин ва харобовар ёдоварӣ мешавад. Профессор Убайдулло Қурбон ёдовар шуданд, ки  дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 260 ҳазор  нафар тоҷикписарон мардонавор ҷангидаанд, 50 ҳазор нафари дигар дар ақибгоҳи ҷанг ба корҳои мудофиавӣ машғул   буданд.  Ватан номҳои фарзандони далери худ чун   Неъмат Қарабоев,  Туйчӣ  Эрйигитов, Ҳодӣ   Кенҷаев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Исмат Шарифов, Раҳимбой Рахматов,Чутак Урозов, Саидқул Турдиев ва боз даҳҳо нафари дигарро, ки бо корнамоию далериашон сазовори  унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ   гашта  будаанд, то ҳол фаромӯш накардааст. Умуман барои диловарию шуҷоаташон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 54 нафар тоҷикистониён бо унвони  Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ,  19 нафар бо се дараҷаи  Ордени Шараф ва 55 ҳазор нафар  бо  ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида  шудаанд.          Солҳои ҷанг  Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳои дурдасти Осиёи Миёна бо қарори Кумитаи давлатии мудофиа  минтақаи ақибгоҳ эълон карда шуда буд. Дар 29 госпитали  ҳарбие, ки дар шаҳри  Сталинобод (Душанбеи имрӯза) таъсис ёфта буданд, бештар аз 28 ҳазор  нафар маҷруҳони ҷанг  бо дасти шифобахши  табибони мо муолиҷа гирифтаанд.

    Дар анҷоми сухани худ ректори донишгоҳ ибрози назар намуданд, ки диловарони майдони ин ҷанги таърихӣ  Ғалабаро ба қимати  ҷон ба  даст оварда,  худро дар қалбҳои одамон абадзинда гардонданд. «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» - нидо мекунад хотираи қалби ҳар як инсоне, ки худро эҳтиром мекунад. Насли имрӯза ҳар як ҷанговари дар майдонҳои муҳориба  барои муҳофизати Ватан ҳалокгардидаро ном  ба ном ба ёд меоварад ва дар пеши  он қаҳрамонони шуҷоъ, мардони далери корзорҳои ҶБВ, ки имрӯз дар қайди ҳаётанду ангуштшумор мондаанд сари таъзим фуруд меоранд.

    Дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи «Рӯзи бузурги Ғалаба» суханронӣ намуда, аҳамияти бузурги ин ғалабаи оламшумулро таъкид намуданд.

     Намоишномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯён бо номи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд» хеле дилнишину хотирмон буд. Сурудҳои машҳури замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ – «Священная война», «Катюша», «День Победы» дар иҷрои донишҷӯён хеле таъсирбахш буд. Муҳорибаи Сталинград дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардиши куллиеро ба вуҷуд оварда буд ва ба ин рӯйдоди таърихӣ достони машҳури Муъмин Қаноат – «Суруши Сталинград» бахшида шудааст. Порчаҳо аз ин достон дар иҷрои донишҷӯён Комилова Б., Адибаи Рустамдухт, Ҳабибова Зуҳал, Сафарова М., Баҳовиддинова Ш., Қодирова Н., Валиева Ш., Исмоилзода М., Азизӣ Муҳаммадфайёз қироат карда шуда, бори дигар аҳамияти ин ғалабаи таърихиро таҷассумгар шуданд. Қайд кардан лозим аст, ки аз ибтидо то анҷоми ин чорабинии театрикунонидашуда саҳнаҳои гуногуни замони ҷанг аз тарафи донишҷӯён Холова Ш. (гр. 6 тиббӣ), Ҷойлобов М. (гр. 5 тиббӣ), Одинаев С. (гр. 6 тиббӣ), Содиқов А. (гр. 5 тиббӣ), Азизов О. (гр. 6 тиббӣ), Алиева Ф. (гр. 1 педиатрӣ), Шарипова Д. (гр. 7 тиббӣ), Абдуллоев М. (гр. 4 стоматологӣ), Нуров А. (гр. 4 стоматологӣ), Қарабоев Ш. (гр. 4 стоматологӣ), Саидов М. (гр. 4 стоматологӣ), Темурзода Э. (гр. 3 стоматологӣ), Абдуллоев Ф. (гр. 3 стоматологӣ) вобаста ба композитсияи барнома намоиш дода шуданд. Сурудҳои «Темная ночь» дар иҷрои донишҷӯи гурӯҳи 4 стоматологӣ Абдуллоев М.,   «Ватан» дар иҷрои донишҷӯи гурӯҳи 1 стоматологӣ Валиев С., «Меҳри Ватан» дар иҷрои донишҷӯи гурӯҳи 8 тиббӣ Қодирова Н.  садо доданд. Барандагии ин маҳфили пуршукуҳро донишҷӯи гурӯҳи 8 педиатрӣ Ғайратова Наврӯза ва донишҷӯи гурӯҳи 9-уми педиатрӣ Тоҷибоева Наима ба уҳда доштанд.

     Дар охир ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба ин ҳамоиш ҳусни анҷом бахшида бори дигар ҳозиринро ба муносибати 72-юмин солгарди Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуда, ба баргузоркунандагон ва иштирокчиёни ин намоиши театрикунонидашуда арзи миннатдории хешро иброз доштанд.

 Шуъбаи таълим, Кумитаи иттифоқҳои касаб ва кормандони донишгоҳ

0 Шарҳ 159 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид