Санаи 7-уми ноябри соли 2023 ҳамоиши илмии кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика, кафедраи фанҳои муолиҷавии №1 ва кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он аъзои Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Дар ҳамоиш маърузаи мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика ба номи С.Ситамов, н.и.п., дотсент Холов А.А. дар маърузаи “Корнамоиҳои Пешвои миллат”, маърузаи ассистенти кафедра Қурбонзода Даврон дар мавзуи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузурги умумимиллист» шунида шуданд. Аз тарафи донишҷӯён видеороликҳо аз корнамоиҳо, хизматҳои Президент дар гулгулшукуфии кишвар, андешаи сиёсатмадорони ҷаҳонӣ дар ситоиши Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли инҳо омода карда шуда, ба намоиш гузошта шуданд. Инчунин, аз ашъори шоирон шеърҳои баландмазмун оид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби донишҷӯён қироат карда шуданд.
Кафедраи физикаи тиббӣ ва
информатика ба номи С.Ситамов