Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Шанбе, 19 Ноябр 2022 00:00

ДАЪВАТИ ОМӮЗГОРОНИ ВАРЗИДА БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ

18 - уми ноябри соли 2022 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ дар доира ҳамкорӣ аз Федератсияи Россия омӯзгорони варзида - доктори илмҳои фалсафа дар соҳаи педагогика, профессор  Юрчук Светлана Николаевна ва омӯзгори забон ва адабиёти рус Дворетская Ирина Владимировна, ҳамзамон директори таълимгоҳи «Дурахшандагон», аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии маорифи ИДМ Бобозода Малоҳат Домуллоевна даъват карда шуданд.

Муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Ш.Р. меҳмононро бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён шинос намуд.

Семинарҳои омӯзишӣ дар толорҳои китобхона, фарҳангӣ ва лексионии кафедраи физикаи тиббии ба номи С.Ситамови ДДТХ баргузор гардиданд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Юрчук С. Н. дар мавзуи “Хусусиятҳои психологӣ - педагогии ташкил намудани фаъолияти таълимии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ”, Дворетская И. В. дар мавзуи “Усулҳои методии ташкил намудани фаъолияти таълимии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ” ва Бобозода М. Д. дар мавзуи “Машғулияти ҳавасмандкунии “Савганди Буқрот””  семинар гузарониданд.

Суҳбати озоди донишҷӯёну омӯзгорон, саволу ҷавоб ва баҳсҳои илмӣ аз шавқовар будани семинар ва сатҳи баланди маҳорати педагогии тренингҳо шаҳодат медиҳад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҳамкорӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаи Федератсияи Россия ва директори таълимгоҳи «Дурахшандагон» қаноатманд буда, ба эшон барои гузаронидани семинарҳои шавқовару пурмуҳтаво самимона изҳори сипос менамояд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

Хондан 184 times Last modified on Шанбе, 19 Ноябр 2022 06:52

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид