16 - уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори муовинати тарбия ва фарҳанг ва кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва 30 - солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Мувовини ректор оид ба таълим н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, паёми табрикотии ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро қироат намуд.
Дар идомаи чорабинӣ профессори фахрии ДДТХ Должикова В.А. оид ба қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани сулҳ дар Тоҷикистони азиз ва якпорчагии миллат маърӯзаи пурмуҳтаво кард.
Донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Зоирова Г. оид ба ҳаёт ва фаъолияти Президенти кишвар маълумоти муфассал дод.
Аз ҷониби ҳаваскорони дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ дар васфи Сарвари давлат шеърҳо қироат гардиданд. Ҳамзамон, ҳаваскорон бо сурудҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун ҳозиринро болидахотир гардониданд.
Дар анҷоми барномаи фарҳангӣ муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Ш.Р. барои таҳиякунандагони барномаи фарҳангӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ изҳори сипос намуд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА