Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Панҷшанбе, 06 Октябр 2022 00:00

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДДТХ, Д.И.Т., ПРОФЕССОР ҚУРБОН У.А. БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОН, 5 ОКТЯБРИ СОЛИ 2022

Ҳозирини арҷманд, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯёни азиз!

Дар ҳама давру замонҳо забон яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад.

Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайвандии хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.

Аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз  33 сол сипарӣ мешавад. Бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки татбиқи қонуни мазкур дар мамлакат муваффақона ва бомаром идома дорад ва ҳар яки мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ин давра корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд ва забони давлатии мо боз ҳам рушду такомул ёфт. Боиси ифтихору фараҳмандӣ аст, ки ин сарвати бебаҳо, муқаддас ва ноёби миллатро на танҳо ҳифз карда тавонистем, балки онро даҳчанд нумуъ бахшида, мукаммал гардонидем.

Барҳақ, ки аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ лафзи ширину гуворои тоҷикӣ садо додаву ҳазорон гӯшҳои шунуфтро навозиш кард. Дар ин ҷода хизмати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқаву ҷавонмардона буда, аллакай дар таърихи миллат бо хати зарҳалӣ сабт ёфт ва қарнҳову асрҳо боқӣ хоҳад монд.

Дар робита ба ин иброз бояд дошт, ки ҷашни мавлуди Пешвои муаззами миллат ва Рӯзи забони давлатӣ бо ҳам тавъаманд ва маҳз бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти маҳбубамон забони тоҷикӣ аз нав умри дубора ёфт.

Ин аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик, ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳи миллат имрӯз ду иди бузург - Рӯзи забони давлатӣ ва 70-умин баҳори умри пурфайзу баракати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимонаву содиқона ҷашн гирифта истодаанд. 70 соли умри Пешвои муаззами миллат, бемуҳобо, 70 шаҳкитоби бузурги зиндагӣ, 70 мактаби мардонагиву шуҷоат ва ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад.

Таърих дигарбора ба миллати тоҷик абармардеро ато фармуд, ки рисолати бузургеро ба дӯш гирифтаву ҷавонмардона онро нигоҳ дошт, нафареро бар сари қудрат овард, ки рукнҳои давлатдориро аз тамоми манфиатҳои шахсӣ волотар гузошт, зимоми давлатдориро ба дасти касе супурд, ки худ сарсупурдаи миллат буд, фарзандеро муваззаф сохт, ки забони модариро чун Модар эҳтиром кардаву баландмақом мешинохт. Модареро тифле ҳадя кард, ки камолоти ӯ шаҳсутуне буд барои нигаҳдории тамоми рукнҳои давлатдорӣ ва аз байн нарафтани миллати тоҷик. Ин рисолати басо бузургро маҳз фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт.

Ин шахсияти бузургу сиёсатмадори нотакрор дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ ба густариши ҳамаҷонибаи забони миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба дараҷаи омӯзишу аз байн бурдани баъзе костагиҳои он хидмати босазоеро анҷом дод, ки онро наслҳои баъдина низ фаромӯш нахоҳанд кард. Барҳақ фармудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши забон, ки: «Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар халқу миллат аст».

Имрӯз масъалаи тавонбахшии забони модарӣ барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватанпараст ҳам фарз асту ҳам суннат, зеро миллате, ки забон надорад, миллати комил нест ва ҳуқуқи маънавии соҳибистиқлол буданро надорад.

Ҳамин аст, ки Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронӣ дар яке аз вохӯриҳояшон бо зиёиёни кишвар масъалаи ба забони илм  табдил додани забони тоҷикиро на танҳо ҳамчун масъалаи илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забон арзёбӣ намуданд. Ин масъала бахусус имрӯз, дар ҳоле ки раванди ҷаҳонишавӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти олам, аз ҷумла кишвари моро фаро гирифтааст, аҳамияти бештаре касб мекунад. Дар ҷаҳони муосир шиори «Касе, ки забони илмро аз худ мекунад, оламро аз худ мекунад» мавқеи асосиро касб карда истодааст ва дар ин раванд  забонҳои нотавону рақобатнопазир метавонанд ба коми ин гирдоби пурталотум афтода, ба умқи фаромӯшӣ афтанд.

Тазаккур бояд дод, ки зери ҳимояи Пешвои муаззами миллат забони тоҷикӣ ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ кам андар кам дар чунин манзалату шукӯҳ қарор гирифта буд.

Устодон ва донишҷӯёни азиз!                                                           

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар роҳи татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ҷидду ҷаҳд намуда истодааст. Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2016  дар  донишгоҳ Комиссияи татбиқи  Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» таъсис дода шуда, то ба имрӯз муваффақона фаъолият намуда истодааст.

Албатта, барои ба пуррагӣ мавқеъ гирифтани забони давлатӣ дар раванди таълимӣ ва  корҳои илмии   Донишгоҳи тиббӣ моро зарур меояд, ки корҳои зиёди дигареро низ анҷом диҳем.  Чунончӣ ба забони давлатӣ тарҷума ва таҳия намудани  маводи муфиди тиббӣ, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ мавҷуданд, аз мо - устодону олимони донишгоҳ кӯшишу заҳматро тақозо дорад ва итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик ба ин ҳадафи дигари худ низ хоҳем расид.

Дар фарҷом, ҳозирини арҷманд, якояки Шуморо бо гиромидошти Рӯзи забон ва Ҷашни мавлуди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан табрику таҳният намуда, барои Шумо осмони софу беғубор, фазои тинҷу осуда, зиндагии хушу босаодатро таманно менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!!!

Хондан 171 times Last modified on Панҷшанбе, 06 Октябр 2022 05:05

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид