Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Душанбе, 03 Октябр 2022 00:00

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОН

           30 - уми сентябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии  Шӯрои олимони донишгоҳ  баргузор гардид.

            Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур масоили фаъолияти кафедраи тибби ҳарбӣ, иҷрои корҳои омодагӣ ба давраи  зимистонгузаронӣ, вазъи таъмини ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бо хобгоҳу хонаҳои иҷоравӣ  ва натиҷаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён соли таҳсили 2021-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, қарорҳои Шӯрои олимон  “Дар бораи гузаронидани як гурӯҳ донишҷӯён аз таълими ғариройгон ба ройгон ва тахфиф намудани маблағи таҳсили як гурӯҳ донишҷӯён дар соли таҳсили 2022-2023”, “Дар бораи  ба нашр расонидани асари илмии Захираҳои Хоразмшоҳӣ”, “Дар бораи тасдиқи мавзӯи рисолаи номзадии унвонҷӯёни кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва тибби оилавӣ”  Қобилова З. А., Сармисоқова Х. Ҷ. ва унвонҷӯи кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2” Раҳмонов С. У.  ва дигар қарорҳои дахлдор тасдиқ гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони сохторҳои донишгоҳ вобаста ба масъалаҳои дар Шӯро баррасигардида ҳисобот доданд.

            Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 166 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид