9 - феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон раиси Шӯрои занон Наботова О.З. ва омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Давлатова Г.М. иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар рафти конференсияи илмӣ - амалӣ Давлатова Г.М. дар мавзӯи «Вожаи сармоягузории иқтисодӣ ва қарз дар соҳаи кишоварзӣ» маърӯза намуд.
Дар анҷом барои иштироки фаъолона дар конференсияи илмӣ - амалӣ раиси Шӯрои занон - Наботова О.З. ва омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Давлатова Г.М. бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА