Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛИ ХУРД

25 Ноябр 2020 Муаллиф :  

    Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба «Рӯзи Президент» ва «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи «Футболи хурд» дар байни курсҳои якум ва дуюм аз 9 - уми ноябри соли равон оѓоз гардида, то 24 - уми ноябр идома ёфт.

    Мусобиқаи мазкур хеле шавқовар гузашта, дар он 29 даста ширкат варзиданд. Гурӯҳҳои 101 - и факултети стоматологӣ ва 101 - и факултети тиббӣ ба даври ниҳоӣ баромаданд.

    24 ноябр байни гурӯҳҳои мазкур бозӣ доир гардид, ки гурӯҳи       101 - и тиббӣ бо ҳисоби 5 : 4 бар гурӯҳи 101 - и стоматологӣ пирӯз гардид.

    Бояд қайд намуд, ки донишҷӯи курси 101 - и тиббӣ - Рабиев Рабӣ дар давоми мусобиқа бозингари беҳтарин дониста шуд.

 

С.Самиев,

Ҷ. Қурбоналиев,

омӯзгорони фанни варзиш

0 Шарҳ 129 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид