Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

12 Ноябр 2020
Муаллиф :  

   5 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

    Сараввал, Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳамаи устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Конститутсия самимона табрик намуданд.

    Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ таҳти унвони «Конститутсия - бахтномаи миллат» ба намоиш гузошта шуд.

   Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар бораи Конститутсия, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд.              Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

   Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори ташаккур намуданд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 227 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид