Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

  Боиси хушбахтист, ки дар арафаи соли нави мелодӣ як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳи навтаъсиси тиббии Хатлон дар озмуни   «Донишҷӯи сол”, ки дар пойтахти вилоят - шаҳри   Қӯрғонтеппа баргузор гардид, ширкат намуданд. Ин нахустин санҷиши донишу маҳорати шогирдони донишгоҳи ба тозагӣ таъсисёфта буд ва албатта, дар қалби иштирокчиёни он   (Ҳамроев Муҳаммадзамон – донишҷӯи гурӯҳи 10-уми тиббӣ, Қаюмов Сино – донишҷӯи гурӯҳи 8-уми тиббӣ, Комилова Бибисоро – гурӯҳи 9-уми тиббӣ) ҳаяҷон, шодию сурури ифтихоромез ва дар айни замон бори вазнини масъулият маскан намуда буд. Натиҷаи озмун нишон  дод, ки иштирокчиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Рӯзи 27-уми декабри соли 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа  нахустин конференсияи илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилояти Хатлон  зери  унвони «Ҷавонон ва рушди илми муосир», бахшида ба ҷамъбаст гардидани соли 2016, ки бо қарори раиси вилояти Хатлон «Соли рушди нерӯи зеҳнӣ», эълон  гардида буд, баргузор гашт.   Дар ин конференсия донишҷӯи гурӯҳи 9-уми факултети тиббӣ  Ҳамроев М. барои гирифтани ҷойи 1-ум дар озмуни «Донишҷӯи сол”  бо диплом  ва тӯҳфаи хотиравӣ, Комилова Б.  ва Қаюмов С. ва сардори шӯъбаи таълими донишгоҳ Кузибоева Н.К  барои иштироки фаъолона  бо сипосномаҳо мукофотонида шуданд.

        Ин бори дигар далели он аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон беҳуда ҷавонон неруи созанда ва ояндаи миллати куҳанбунёди сарзамини тоҷикон шинохта нашудаанд. Пешниҳоди соли ҷавонон эълон гаштани соли 2017 бо хушнудии зиёде аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон пазируфта шуд. Боварӣ дорем, ки соли 2017 низ барои ин донишҷӯёни соҳибзавқу соҳибмаҳорати донишгоҳи тиббии вилоят дастовардҳои нав ба навро меоварад.

Шанбе, 31 Декабр 2016 00:00

КАДБОНУИ БЕҲТАРИН

Written by

    Санаи 26 – декабри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфили “Олиҳаи тиб” дар мавзуи “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гашт, дар он гулдухтарони факултетҳои педиатрӣ ва тиббӣ аз рӯи шартҳои зерин маҳорату ҳунари худро нишон доданд:

  1. Омода намудани нон
  2. Маълумот додан оид ба тарзи омода намудани нушокӣ бо номи “Смузи” ва ҷихатҳои фоидаовари он ба инсон
  3. Омода намудани хӯриши фоидаовар
  4. Ороиши табақ бо меваҳо

Бо ҳисси ифтихор гуфтан мумкин аст, ки маҳфил хеле шавқовар гузашт ва маълум гашт, ки донишҷӯдухтарони мо натанҳо дар сабақомӯзӣ, балки дар кадбонугӣ ҳам дониши баланд доранд. Дар он тамоми донишҷӯдухтарони донишгоҳ иштирок намуда, барои худ аз ҳунари кадбонуӣ маълумоти фоидабахш гирифтанд. Дар маҳфил устодон Шарипова Ҳ.Я., Мамадавлатова М., Наботова О.З., Набиева А.А. иштирок намуда, ба ҳунари духтарон баҳои баланд доданд.

Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ
н.и.х.Усмонова У.Х.

       Боиси хушҳолӣ ва фараҳмандист, ки  бо кӯмаку дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хайрхоҳ   рӯз то рӯз Китобхонаи Донишгоҳ ободтару фонди он ғанӣ гашта истодааст. Санаи 14.12.2016  аз ҷониби Дотсенти кафедраи забонҳо, Корманди шоистаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Должикова Валентина Андреевна  18 нусха адабиёти дарсӣ-таълимӣ (забони русӣ Юлдошев У.Р с.2014 )  ба Китобхона туҳфа кард. Муаллима қайд  карданд, ки агар ҳар як омӯзгор  чунин масъулиятро ҳис намуда, саҳми худро дар  пешрафти кори Китобхона гузоранд, фонди Китобхонаи Донишгоҳ ғанӣ мегардад.   

        Маъмурияти Китобхона барои  чунин  кори  хайраш  изҳори сипос намуда, барояш тансиҳатӣ ва дар корҳои эҷодиаш мувафаққиятҳо таманно дорад.

                                                                                       Маъмурияти Китобхона

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 00:00

Муоинаи тиббии донишҷӯёни ДДТХ

  ДДТХ дар асоси Шартнома оид ба ҳамкорӣ   байни Донишгоҳ ва Беморхонаи клиникии Ҷумҳуриявии н.Данғара ва Беморхонаи марказии н. Данғара, оид ба якҷоя ташкил намудан, такмил додан ва таъмини ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, раванди  расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, барои ҳамкориҳои судманди  мутақобила ба раёсати БКҶ ва БМ  изҳори миннатдорӣ  баён менамояд.

       Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади  беҳдошти вазъи солимии донишҷӯёни ДДТХ ва кормандон бо кӯмаку дастгириҳои  кормандони БКҶ ва БМ муоинаи тиббии донишҷӯёнро дар ДДТХ  гузаронад. Дар санаи 14.12.2016 дар ДДТХ муоинаи тиббии донишҷӯён оғоз ёфт.

Шуъбаи таълим

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид