Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо камоли эҳтиром ва ифтихори бепоён Хушқадамов Зулмакон Қудратбекович – ро ба муносибати ҷашни фархунда – 50 солагии зодрӯзашон самимона муборакбод менамоянд.
Шумо Зулмакон Қудратбековичи азиз тавассути меҳнати шабонарӯзӣ ва талошҳои пайваста тавонистед, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои баланди илми тиб дар назди худ мақсадҳои нек гузоред. Ва ин заҳматҳо натиҷа дод, то ин ки дар ин айёми ҷавонӣ ба унвони баланди илмии доктори илми тиб шарафёб гардед.
Мо бештар аз он ифтихор дорем, ки имрӯзҳо Шумо ба ҳайси сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба масълаҳои тибби судӣ ва ҳамзамон дар вазифаи мудири кафедраи Анатомияи патологӣ ва тибби судии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият карда, дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа саҳми бузург гузошта, ҳамзамон дар таҳқиқу баррассии масоили мубрами самти ихтиссосатон ҳиссаи сазоворе дар назди Ватани маҳбубамон гузошта истодаед.
Бори дигар Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи баланд ва рӯзгори ободу осуда таманно менамоем.
Субҳ бубинам орази бишкуфтаро,
Бишкуфад ҳар орзуи рӯзи ман.
Чун бубинам чеҳраи болидаро,
Бор орад ҷустуҷӯи рӯзи ман.
Бо эҳтиром, роҳбарияти ДДТХ
Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Амонулло Азизуллоевичи гиромиқадрро ба ифтихори ҷашни 65-солагиашон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, таманнои тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баландро доранд.
Шумо Амонулло Азизуллоевич дар тӯли умри пурбаракати хеш монанди офтоб нури гарму мунаввари худро бар сару рӯи фарзандони миллати тоҷик бедареғ нисор кардаву мекунед.
Мо дар таҷлили 65-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем. Умед дорем, ки қалби саршори Шумо хурӯшу туғёни тоза гирифта, мардуми тоҷикро боз ҳам шодоби илму маърифат мегардонад.
Бори дигар, Шумо ва аҳли хонадони Шуморо табрику таҳният мегӯем ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.
Ҷашни 65-солагӣ муборак, устоди азиз!
Бо эҳтироми самимӣ, раёсати ДДТХ
Бо максади тақвият бахшидани фаъолияти китобхона ва иттилоотнокии хонандагон санаи 12.12.2016 маъмурияти Китобхонаи ДДТХ маҳфил дар мавзӯи «Фарҳанги иттилоотӣ» доир намуд. Маҳфил дар толори хониши Китобхона баргузор гардид. Мақсади асосӣ аз баргузории маҳфил барои ҳарчи бештар ҷалб намудани хонандагон ба Толори хониш, китобхонаи электронӣ, аз наздик шинос намудани онҳо бо адабиёти дар Китобхона мавҷудбуда, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва таъмин намудани онҳо бо китобу дастурамалҳои таълимӣ ва илмӣ иборат буд. Маҳфил дар фазои хуб оғоз гадида, дар он донишҷӯёни грӯҳҳои 9-10 педиатрӣ ширкат варзиданд. Дар раванди маҳфил мудири Китобхона Саидова М.Р ва сардори бахш Ҳалимов М оид ба таърихи Китобхона ва Қоидаҳои истифодабарӣ аз Китобхона суханронӣ намуданд. Сӯҳбат бештар дар мавзӯи китобҳои дарсӣ-таълимие, ки ба наздикӣ ба Донишгоҳ ворид гаштанд, сурат гирифт. Ҳамзамон, дар рафти маҳфил донишҷӯён аз толори нигоҳдории китобҳо, китобхонаи электронӣ ва аз толори фонди Китобхона дидан намуданд.
Хотирасон менамоем, ки айни замон фонди Китобхонаи ДДТХ 11062 нусха китобро ташкил медиҳад, ки 9004 нусхаи он китобҳои дарсӣ-таълимӣ мебошанд.
Маъмурияти Китобхона тасмим гирифтааст, ки чунин маҳфилҳоро дар ҳамаи гурӯҳҳо бо донишҷӯён доир намояд.
Маъмурияти Китобхона
Вохӯрии устодон ва донишҷӯён бо Аминулло Муҳаммад Эҳсон Ҳамкор
Дар таърихи 25.11.2016с. дар донишгоҳ вохӯрии устодон ва донишҷӯён бо устоди Донишгоҳи тиббии ш.Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, доктор Аминулло Муҳаммад Эҳсон Ҳамкор баргузор гардид. Вохӯриро бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б.А. оғоз намуда меҳмони гиромиро хайра мақдам гуфтанд ва ӯро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Сипас сухан ба устод Аминулло Муҳаммад Эҳсон Ҳамкор дода шуд. Устод ки худ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошанд ва рисолаи илмиро низ дар ҳамин Донишгоҳ ҳимоя кардаанд бо як самимияти хоса ва меҳри беандоза нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми тоҷикистон изҳори сипос намуда аз солҳои донишҷӯӣ ва фаъолияти баъдинаи касбии худ дар Тоҷикистон ёдовар шуданд.
Ҳангоми суханрони Устод махсус зикр карданд, ки « Ман ифтихор аз он дорам, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил ва онро хатм намудам. Аз баракати дустии ду миллати ба ҳам бародар баъд аз чанд соли ба Кобул рафтан, боз ба Тоҷикистон баргаштам. Таҳти роҳбарии устоди мумтоз, шодравон, академик Неъматулло Усмонов ба аспирантураи кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ шомил шудам. Соли 1994 бо дастгирии дустони тоҷик профессорон Артиков Каримҷон Пулотович, Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич ва доктори илмҳои тиб Ҳоҷимуродов Ғафур Муҳаммадмуҳсинович рисолаи илмиро ҳимоя намуда, то нисбатан муътадил шудани авзоъ дар кишвари худ як чанд муддат дар Тоҷикистон фаъолияти касбӣ намудам. Аз баракати Тоҷикистон, дустон ва бародарони тоҷик дар Ҷумҳурии Афғонистон бори аввал мактаби ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикиро таъсис додем ва дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Кобул ба тадриси ин фан пардохтем. Дар ин самт ба дастовардҳои касбӣ низ ноил шудем, ки анҷоми бумувафаққонаи реплантатсияҳои ангуштон ва андомҳо, амалиётҳои пластикии калонҳаҷм гувоҳи инанд».
Доктор Аминулло Муҳаммад Эҳсон Ҳамкор ба донишҷӯёни донишгоҳ муроҷиат намуда афзуданд, ки: «Ман кушодашавии Донишгоҳи навтаъсисии тиббии Хатлон ва гузотани санги асоси онро бо иштироки Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷаноби олӣ, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути телевизион бо алоқамандии фаровон дар ш.Кобул тамошо карда хеле шод ва масрур гаштам. Орзуманд ва муштоқи он рӯзам, ки табодули афкор ва таҷоруби илмӣ ва таҳқиқоти байни донишҷӯёни Донишгоҳи донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишгоҳи тиббии ш.Кобул ҳамчун як урф сурат бигирад.
Шумо бисёр ҳам хушбахт ҳастед, ки таҳти роҳбарии профессор Убайдулло Қурбон, шахси ҳам аз ҷиҳати касбӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ комил қарор доред. Устод Убайдулло Қурбонро дар Афғонистон низ ҳамчун ҷарроҳи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва эҳтиром мекунанд, тавассути рафту омадҳо бо дастоварҳо ва мувафаққиятҳои касбӣ ва илмии ӯ шиносоӣ доранд. Вазифаи аввалиндараҷаи Шумо аз бар намудани дониш аст, зеро таҳдевори асосӣ дар соли аввали донишҷӯӣ гузошта мешавад ва чуноне, ки бузургон гуфтаанд: Санги аввал чун ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ. Ман муътақидам, ки ба шарофати роҳбарии устод Убайдулло Қурбон ва дигар омӯзгорони арҷманд, девори илму касбияти шумо то сураё рост ва солим қомат меафрозад. Ҳама чиз ба интизоми дуруст ва ҷаҳду талоши пайваста вобастагӣ дорад. Онҷо ки интизоми дуруст ва ҷаҳду талоши беандоза аст, ҳамрадиф ба мувафаққият ва пешравист».