Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Нутқи табрикотии  ректори ДДТХ,  д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон

ба муносибати фарорасии Соли нави  2017

 

Устодони гиромиқадр, донишҷӯёни азиз!

          Фарорасии соли нави мелодии 2017-ро ба ҳамаи Шумо аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон бахту иқболи баланд, рӯзгори хушу осуда ва барору комёбиҳои минбаъдаи кору таҳсилро таманно менамоям.

Соли сипаришуда, дар ҳақиқат ҳам, дар таърихи навини тоҷикон  бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт. Зеро дар ин сол мардуми кишвар 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро дар фазои орому осоишта бо шукӯҳу шаҳомати бузург ҷашн гирифтанд. Ба истиқболи ин санаи таърихӣ дар саросари ҷумҳурӣ корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба иҷро расонда шуданд, ки ҳамаи он ба гул - гулшукуфии ояндаи ватани азизамон ва беҳтаршавии некӯаҳволии мардуми он нигаронида шудааст. Бори аввал дар ин сол мардуми кишвар бо ифтихору сарбаландӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда, бори дигар муттаҳидию сарҷамъии хешро дар атрофии Пешвои муаззами миллат намоиш доданд.

Соли 2016 барои мову Шумо боз аз он хотир фаромӯшнашаванда мемонад, ки маҳз дар ҳамин сол бо иқдоми  Сарвари давлат  Донишгоҳи азизамон, ки дар  ҷумҳурӣ  дуюмин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ маҳсуб меёбад, таъсис ёфта,  онро метавон яке аз воқеаҳои муҳимтарин ва фараҳбахши ҳаёти илмию фарҳангии мардуми кишвар дар соли гузашта ҳисобид. Ва ҳар яки Шумо имрӯз дар ҳақиқат метавонед ифтихор намоед,  ки шарафи аввалин донишҷӯи ин даргоҳи олии тиббӣ гаштан маҳз насиби Шумо- собиқ довталабони соли 2016 гаштааст.

Мавриди зикр аст, ки таъсис ва бунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон идомаи сиёсати хирадмандонаест, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қонеъ  гардондани талаботи ҷомеа, рушду густариш бахшидани соҳаи тандурустии кишвар, беҳтар гардондани ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва омода намудани мутахассисони дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазири соҳаи тиб  роҳандозӣ гардид. Корҳои дар ин давраи хеле кӯтоҳ анҷомдодашударо таҳлилу баррасӣ намуда, метавон бо боварӣ иброз дошт, дар давоми ин чанд моҳи бисёр ҳам серташвиш ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамари муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ аллакай қадамҳои устувору пурумед гузошта шуданд.     

        Бояд гуфт, ки оғози фаъолияти ДДТХ расман ба 4 – уми марти соли 2016 рост омад. Шурӯъ аз ин рӯз бо тасмими ректори  муассиса  раёсати муваққатии  донишгоҳ, дар ҳайати 11 нафар, ташкил шуд.  Вазифаи аввалиндараҷаи раёсати мазкур, пеш аз ҳама, корҳои ташкилии донишгоҳ, коркард ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меёрии ҳуқуқӣ, таъмини пурраи шаффофияти маъракаи аввалини қабули довталабон,   инчунин таъмини босифати раванди таълим ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ – маърифатӣ буд, ки дар маҷмӯъ ин ҳайат  рисолати хешро муваффақонаву  сарбаландона ба иҷро расонид.        

      Дар ин марҳила дар назди раёсати навтаъсис ҷиҳати амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои ҳукумат инак,  корҳои муҳими дигаре меистод. Вобаста ба маблағгузории фаъолияти донишгоҳ, раёсатро зарур буд, ки дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва бастҳои корӣ сохторҳои муҳиму аввалиндараҷа  ва мутахассисони варзидаро  барои ба фаъолияти таълимию илмии донишгоҳ оғоз бахшидан, ҷалб намояд. Илова бар ин, барои оғоз намудани корҳои таъмирии биноҳо, ташкил намудани заминаи моддӣ – техникӣ  ва муайян намудани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо чораҷӯӣ намояд. Бо ин масад дар донишгоҳ бо қарори Раёсати ДДТХ ва фармоиши ректори ДДТХ шуъбаи таълим, деканати факултетҳо (тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ), шуъбаи кадрҳо, шуъбаи муҳосибот, шуъбаи таҳлилу назорат, маркази технологияҳои иттилоотӣ, китобхона, ташкилоҳои ҷамъиятӣ - Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандон ва донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинати хоҷагидорӣ таъсис дода шуданд.       

      Дар асоси қарори Раёсати донишгоҳ аз 07 –уми апрели соли 2016, таҳти № 03, рамзи донишгоҳ тасдиқ ёфта, дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шуд. 

              Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо кӯмаку дастгириҳои муассисаи таълимии мактаби Президентӣ дар н. Данғара   ва устодони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имтиҳоноти нахустини   дохилшавии довталабонро, ки рӯзҳои 02 –юми май ва  07 – уми майи соли ҷорӣ муайян гардида буд,  дар сатҳи баланди ташкилӣ  баргузор намуд, ки дар натиҷа 353 довталаби беҳтарин ба курси аввал қабул гардиданд.

           Лозим ба қайд аст, ки  сатҳу сифати дарсгузаронӣ ва хондани лексияҳо аз ҷониби омӯзгорон ба талабот ҷавобгӯ буда, ҳамзамон сифати дарсазхудкунии донишҷӯён, давомоти донишҷӯён ба дарсҳо, риояи   иҷроиши барномаҳои таълимӣ, ҷадвали дарсӣ аз ҷониби  раёсати донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст. Новобаста аз норасоиҳои маводҳои таълимӣ, воситаҳои айёнӣ ва дигар   лавозимоти зарурӣ омӯзгорони кафедраҳо  машғулиятҳои амалию лексиониро дар сатҳи хуб ба роҳ мондаанд.  Чунончи, аз рӯи натиҷаи дарсҳои ҷамъбастӣ  дар давоми се моҳи таҳсил маълум мегардад, ки сифати таълим аз рӯи ҳамаи фанҳо аз 57% то 78%  буда, давомот ба дарсҳо бошад аз 98% то 100%  -ро ташкил медиҳад.  

              Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии  макотиби олӣ, ин таъмини маводи таълимӣ  ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад.  Айни ҳол фонди умумии китобхона наздик ба 12 ҳазор мерасад, ки дар шароити имрӯза мувофиқ мебошад.

            Боиси ифтихор аст, ки моҳи августи соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми  сафари корӣ  ба ноҳияи Данғара дар баробари кушодашавии як қатор корҳонаҳои саноатӣ ва маҷмааи варзишӣ дар минтақаи барои  сохтмони иншоотҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷудогашта,  нома ба наслҳои оянда ва  санги асоси ин махзани илму маърифатро  гузоштанд. Дар ин маросими таърихӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ муташаккилона ва бо ҳисси ватандӯстӣ ширкат варзиданд.        

        Раёсати  донишгоҳ барои беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии кафедраҳо, толорҳои лексионӣ ва синфхонаҳо бо лавозимоту таҷҳизоти таълимӣ  ва маводҳои лабораторию аёнӣ, дар доираи  имкониятҳои молиявӣ худ чораҳо андешида, вале  мутаасифона, барои таъмини пурраи  шароити мусоид,  имконият пайдо карда натавонист. Новобаста аз ин, барои оғоз  гаштани соли таҳсил  раёсати донишгоҳ тавонист, ки ба таври миннималӣ  шароити аввалиндараҷаро  дар кафедраҳо, ҷиҳати таълиму тадриси донишҷӯён бо кӯмаку дастгириҳои  раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ  ибни Сино, Вазоратҳои маорифу тандурустӣ,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Данғра ва дигар шахсони воқеӣ  таъмин намояд. Бо истифода аз фурсати муносиб миннатдории самимии роҳбарияти донишгоҳро ба муассисаҳои мазкур ва шахсони хайрхоҳ  иброз менамоям. 

    Дар маҷмуъ, метавон қайд намуд, ки  раёсати донишгоҳ  дар марҳилаи таъсис додани донишгоҳ ва ба роҳ мондани фаъолияти   пурраи он дар муҳлатҳои муқарраргардида, тамоми чорабиниҳо ва корҳоро бо муваффақият  ба сомон расонид.

Устодон ва донишҷӯёни азиз!

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худро ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа намуданд, ки дар он натиҷаҳои соли гузашта ҳаматарафа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақшаи кору амал барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар соли навин ба таври мушаххас муайян гаштааст. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар назди мо устодону  донишҷӯён низ баҳри муваффақ гаштан ба дастовардҳои нав ба нави  кору таҳсил  вазифаҳои басо муҳим пеш гузоштааст.

Боварӣ дорам, ки соли нави 2017  барои мардуми соҳибтамаддуни кишвари мо оғози марҳилаи нави корҳои  бунёдкорию созандагӣ гашта, устодону донишҷӯёни донишгоҳи тиббии мо ҳам дар роҳи амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҷиҳати омодасозии мутахассисон пайваста чораҳо андешида, барои фаъолияти бемайлони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисони ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ба таври самарабахш истифода хоҳанд бурд.

Соли наватон муборак, устодон ва донишҷӯёни азиз!

Санаи 03 январи соли 2017 ба Китобхонаи Донишгоҳ 357 нусха аз рӯи 13 номгӯ адабиёти нави дарсӣ-таълимӣ ворид карда шуд. Инчунин, аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Ҳомидов Яздонқул бо теъдоди 50 нусха китобҳои таълимӣ, ки 8 номгӯйро ташкил медиҳанд, ҳамчун туҳфа ба Донишгоҳ супорида шуд. Овардани китобҳои навро дар соли нав кормандони Донишгоҳ фоли нек арзёбӣ намуданд. Мо низ кӯшиш мекунем, ки имсол барои донишгоҳи азизамон соли пурфайзу бобарор бошад. Кормандони китобхона  ба соҳибкори инфиродӣ Ҳомидов Яздонқул барои кӯмаку дастгириҳояш минатдории хешро изҳор менамоянд.

                                                                                         Маъмурияти Китобхона

Маъмурияти китобхона тасмим гирифтааст, ки бо мақсади тарғиби фаъолияти комёбиҳои илми тиб ва амалияи он, такмил додани шакл ва усули кори китобхона ва ахборотию библиографӣ ба донишҷӯён намоиши адабиёти таълимиро бо номи «Ахтарони сайёр» дар сомонаи Донишгоҳ пешниҳод намояд. Ин намоиш  ба хонандагон имконият медиҳад, ки бо адабиёти дар  китобхона мавҷудбуда  боз ҳам аз  наздик  ошно гарданд. Номгӯи китобҳое, ки дар ин намоиш оварда  шудааст, онҳоро метавонед аз китобхонаи Донишгоҳ дастрас намоед.  Маъмурияти китобхона кушиш мекунад, ки   намоиши «Ахтарони сайёр» -ро тавассути сомона  идома дода, номгуйи  адабиётро ба дустдорони китоб, нав ба нав пешниҳод гардонад. Кормандони китобхона аз фурсати муносиб истифода бурда, Раёсат, кормандон ва донишҷӯёнро бо фарорасии Соли нави милодӣ муборакбод менамояд.

 

Руйхати адабиёт таълими

 

  1. Антонов В. Ф. Физика и биофизика. Краткий курс : учебное пособие / В. Ф. Антонов, А. В. Коржуев . - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2007. - 256 с.

 

  1. Афанасьева Ю. И. Гистология, цитология и эмбирология : учебник. Ч. 1, 2. / Ю. И. Афанасьева, С. Л. Кузнецова, Н. А. Юрина. - М. : Медицина, 2006. - 765 с. -01/А94-ХР

 

  1. Билич Г. Л. Анатомия человека : медицинский атлас / Г. Л. Билич, В. А. Крыжановский. - М : Оникс, 2006, ; М. : Эксмо, 2013, 2014. - 782 с ; 224 с. -611/Б61-ХР

 

  1. Биология : учебник. Кн. 1,2. / под ред. Ярыгина. - М. : Высш. шк., 2007. - 431 с.-28/Я78

 

  1. Биохимия : краткий курс с упражнениями и задачами / ред.: Е. С. Северин, А. Я. Николаев. - М. : ГЭОТАР-МЕД, 2001. - 447 с.-072/Б 63

 

  1. Гистология. Комплексные тесты: ответы и пояснения : учебное пособие / ред. : С. Л. Кузнецова. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2007. - 288 с. -611.018/Г 516

 

  1. Гостищев В. К.  Инфекции в хирургии : руководство для врачей / В. К.  Гостищев . - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2007. - 768 с.

 

  1. Гостищев В. К. Общая хирургия : учебник / Гостищев В. К. - 4-е изд., перераб., испр. и доп. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2006. - 822 с.- 617-089/Г 72

 

  1. Греков, Е.В. Математика:учебник/Е.В.Греков.-М.: ГЭОТАР-Медиа, 2015.-304с.

 

  1. Гринхальд,Триша. Основы доказательной медицины [Текст] / Триша Гринхальд ; пер. с англ., под ред. И.Н.Денисова, К.И. Сайткулова . - 3-е изд. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2008. - 288 с. – 61/Г85

 

  1. Зеленский В. А.  Детская хирургическая стоматология и челюстно-лицевая хирургия : учебник / В. А.  Зеленский , Ф. С. Мухорамов . - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2008. - 208 с

 

  1. Иванец, Н.Н. Психиатрия и медицинская психология/Н.Н.Иванец, Ю.Г.Тюльпин,М.А.Кинкулькина.-М. : ГЭОТАР-Медиа, 2016.-896с.

 

  1. Исаков Ю. Ф. Хирургические болезни детского возроста: в 2-х т.  : учебник. / Ю. Ф.  Исаков. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2006. - 632 с.

 

  1. Ишанкулова Б. А. Фармакология : китоби дарси / Б. А. Ишанкулова. - Д. : Хикмат, 2013. - 367 с.

 

  1. Капитан Т. В. Пропедевтика детских болезней с уходом за детьми : учебник / Т. В. Капитан. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2009. - 656 с.- 616-053.2/К20-ХР

 

  1. Клиническая хирургия : учебное пособие / Р. М. Евтихов [и др.]. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2006. - 864 с.

 

  1. Клинические рекомендации. Педиатрия [Текст] : рекомендации. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2007. - 272 с. – 616-053.2/К49-ХР.

 

  1. Колесникова, Л.Л. Анатомия человека:учебник/Л.Л.Колесникова.-М. : ГЭОТАР-Медиа,2014.-

 

  1. Кондратьева В. А. Немецкий язык для студентов медиков : учебник / В. А.  Кондратьева, Л. Н.  Григорьева. - 2-е изд., испр. и доп. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2004. - 392 с.

 

  1. Кэмбелл А. Медицинская этика : учебное пособие / А. Кэмбелл, Г. Джиллетт , Г. Джонс  ; ред. Ю. М.  Лопухин. - М : ГЭОТАР-МЕД, 2004. - 400с.- 2/К35
  1. Лексияхо оид ба беморихои кудакона : учебное пособие / А. К. Мачидов [и др.]. - Душанбе, 2011. - 246 с.
  1. Лисицын Ю. П. История медицины : учебник  / Ю. П. Лисицын . - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2008. - 400 с. - (Учебник для медицинских вузов)- 61/Л 63-ХР
  1. Литвицкий П. Ф. Патофизиология : учебник / П. Ф. Литвицкий. - 4-е изд., испр. и доп. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2008. - 493 с.
  1. Маслова А. М. Английский язык для медицинских вузов : учебник / А. М. Маслова, З. И. Вайнштейн, Л. С. Плебейская. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2012. - 336 с. -2 англ/М 31
  1. Мерта, Дж. Справочник врача общей практики [Текст] / ДЖ. Мерта;  Ред. пер. В.М. Нечушкина, к.м.н. М.А. Осипова. - М : Практика, 1998. - 1230 с. – 61/М52.
  1. Мухин Н. А.  Пропедевтика внутренних болезней. : учебник  / Н. А.  Мухин , В. С.  Моисеев. - 3-е изд., испр. и доп. - Москва : ГЭОТАР-Медиа, 2005. - 768 с.
  1. Неттер Ф. Атлас анатомии человека : учебное пособие / Ф.  Неттер ; ред.: Н. О.  Бартош, Л.Л.  Колесников. - 4-е изд., испр. . - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2007. - 624 с. -611/Н 57-ХР
  1. Орлов Р. С. Нормальная физиология : учебник / Р. С. Орлов. - М. : ГЭОТАР-МЕД, 2006. - 696 с.-25/О 664-ХР
  1. Ортопедическая стоматология : учебник / ред. : И. Ю. Лебеденко, Э. С.  Каливраджиян. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2016. - 640 с
  1. Островерхов Г.Е. Оперативная хирургия и топографическая анатомия [Текст] : учеб.лит-ра для студ. мед.ин-ов / Островерхов Г.Е., Бомаш Ю.М., Дубовицкий Д.Н. - Курск, М : Курский Гос. Мед.Ун-т, 1996. - 719 с. : +18стр .илл. – 611.9/О77.
  1. Педиатрия 2005-2006 : клинические рекомендации / ред. : А. А. Баранов. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2007. - 257 с.
  1. Петров С. В. Общая хирургия : учебное пособие / С. В. Петров. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2006. - 768 с.- 6017-089/П30-ХР
  1. Пехов А. П. Биология: медицинская биология, генетика и паразитология : учебник / А. П. Пехов. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2012. - 656 с.- 28/П31-ХР
  1. Поздеев О. К. Медицинская микробиология : учебное пособие для вузов / Поздеев О.К. ; ред. В. И. Покровский. - 4-е изд., испр. и доп. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2008. - 768 с.
  1. Привес М. Г. Анатомия человека : учебник / М. Г.  Привес, Н. К.  Лысенков, В. И.  Бушович. - 12-е изд., испр. и доп. - СПб. : СПбМАПО, 2008. - 720 с. - (Учебная литература для студентов медицинских вузов)- 611/П 75-ХР
  1. Ремизов А. Н. Медицинская и биологическая физика : учебник / А. Н.  Ремизов, А. Г.  Максина, А. Я.  Потапенко. - 5-е изд. - М. : Дрофа, 2004. - 560 с.-014/Р38-ХР
  1. Сабуров С. К.  Стоматологияи ортопеди : китоби дарси / С. К.  Сабу-ров , С. М.  Шарипов, А. Р.  Зарипов. - Душанбе : Хикмат, 2009. - 250 с
  1. Сабурова А. М. Биохимия : учебник / А. М. Сабурова, Б. Б. Чумъаев. - Душанбе : Кайхон, 2011. - 546 с
  1. Сапин М. Р. Анатомия человека : учебное пособие. Кн.1 . Кн.2 / М. Р. Сапин, З. Г. Брыксина. - 2-е изд., стереотипное. - М. : Академия , 2008. - 298 с ; 384 с. -611/С19
  1. Сергеев, В.В. Правоведение: учебное пособие/В.В.Сергеев.-М.:ГЭОТАР-Медиа,2013.-400с.
  1. Синельников, Р. Д.    Атлас анатомии человека. В 4-х частях [Текст] : атлас. Т. 1. Учение о костях, суставах, связках и мышцах.; Т. 2. Учение о внутренностях и сосудах ; Т. 3. Учение о нервной системе, органах чувств и органах внутренней секреции ;Т.4 Учение о  / Р. Д. Синельников. - 5-е изд., испр. и доп. - М. : Медицина, 2007,, 2010,, 2013. - 348 с. : ил ; 344 с.- 611/С 38-ХР  
  1. Сергиенко, В. И. Топографическая анатомия и оперативная хирургия [Текст] : учебник / В. И. Сергиенко, Э. А. Петросян, А. В. Фраучи. - М. : ГЭОТАР-Медиа. - ISBN 978-5-9704-1758-4

         Т.1; Т.2. - 2010. - 832 с. ; 592 с. - ISBN 978-5-9704-1756-0-611.9/С32-ХР  

  1. Струков А. И. Патологическая анатомия : учебник / А. И. Струков, В. В. Серов. - 5-е изд. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2012. - 848 с.
  1. Таълими асосхои беморихои кудакона : учебник / А. К. Мачидов, Р. З. Шабонов, А. А. Азизов, Н. А. Абдуллоева ; мухаррир  А. И. Юсупов. - Душанбе : Хикмат, 2010. - 321 с
  1. Терапевтическая стоматология : учебник / ред. : Е. В. Боровский, Ю. М.  Максимовский. - М. : Медицина, 2002. - 736 с.
  1. Тюкавкина Н. А. Биоорганическая химия : учебник / Н. А. Тюкав-кина, Ю. И. Бауков, С. Э. Зурабян. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2012. - 416 с.- 015/Т98-ХР

 

  1. Харкевич Д. А. Фармакология : учебник / Д. А. Харкеевич. - 9-е изд., испр. и доп. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2006. - 749 с.

 

  1. Хирургическая стоматология : учебник / [Афанасьев В. В. и др.] ; под общ. ред. В. В. Афанасьева. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2010. - 880 с. : цв. ил. - ISBN 978-5-9704-1153-7.
  1. Хирургические болезни: в 2-х т. : учебник. / ред.: В. С. Савельева, А. И. Кириенко. - 2-е изд., испр. . - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2008. - 400 с.
  1. Хрусталев, Ю.М. Биоэтика.:учебник / Ю. М. Хрусталев. 2012. - 400 с.

 

  1. Хрусталев Ю. М. Философия : учебник / Хрусталев Ю.М. - 2-е изд., испр. . - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2007. - 640 с

 

  1. Чебышев Н.В., Гринева Г.Г. Биология: Учебное пособие [Текст] / Чебышев Н.В., Гринева Г.Г. - М. : ГЭОТАР-Медиа, 2008. - 416 с. : ил.-ББК28/Ч34

 

  1. Черняевский М. Н. Латинский язык и основы медицинской термино-логии : учебник / М. Н. Черняевский. - 3-е изд., испр. и доп. - М. : Шико, 2008. - 447 с.- 2/Л27-ХР

 

  1. Чураев С. Ч. Гистология (Бофташиноси) : китоби дарси / С. Ч. Чураев, С. Ч. Чураев. - Душанбе : Хикмат, 2013,, 2014. - 512 с ; 548 с.

 

  1. Шарипова Х. Ё.  Асосхои ташхиси беморихои даруни (Пропедев-тикаи беморихои даруни) : учебник / Шарипова Х.Ё. - Душанбе : Хикмат, 2009. – 240 с.

 

  1. Шерматов Д. С. Лексияхо аз физикаи тибби ва биологи : дастури таълими / Д. С.  Шерматов, А. А.  Туйчиев. - Душанбе : Суфра, 2016. - 300 с.
Сешанбе, 27 Декабр 2016 00:00

СУГВОРӢ

        Раёсати  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  имрӯз мотам   доранд. Марги нобаҳангом  яке аз кормандони аъзои Раёсати донишгоҳ Гулмуродов Муҳамадиро  шоми 26 –уми декабри  соли 2016 бехабар аз байни мо рабуд.

           Гулмуродов Муҳамадӣ   20 – уми декабри соли 1958 дар ноҳияи Бохтар  таваллуд ёфтааст.

           Соли 1982 мактаби омӯзишии милитсияро хатм намуда, то соли 2015 дар вазифаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ содиқона, адои вазифа намудааст.  Фаъолияти менҳнатии мибаъдаи худро марҳум  дар давоми солҳои 2015  то лаҳзаи охирини умраш  дар вазифаҳои таъминоти хоҷагидории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  пайваст намуда буд.

         Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Гулмуродов М. дар давоми умри пурсамари хеш, рисолати инсонии худро дар назди ёру дӯстон ва аҳли оила  бо  сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ манзили охирати хешро пурнур гардонидааст. 

         Ҷои Муҳамадӣ Гулмуродов  дар қалбҳои мо ҳамкасбону дӯстонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неку беғубори ин шахси саропо нексиришт   дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд, зеро:

        Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,

        Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

Руҳат шод ва манзилат обод бод, Муҳамадӣ Гулмуродовичи  азиз! 

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид