Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (993)

     Санаи  07 – уми апрели соли равон  ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон ва  ҳайати намояндагии ДДТХ –ро   Узви Комитети ҳизбии  Донишгоҳи тиббии Синзян, муовини котиби комитети ҳизбии Клиникаи саратоншиносии донишгоҳи мазкур, А. Мардон  ба ҳузур пазируфт.

          Ташрифи меҳмононро ҷаноби А.Мардон ба хушнудӣ қабул намуда, аввалан доир ба фаъолияти кории клиникаи мазкур ба таври муффасал гузориш дода, аз ҷумла қайд намуд, ки Клиникаи саратоншиносии донишгоҳ соли 1989 сохта ба истифода дода шудааст, ки дар он 1500 адад кат барои беморон мавҷуд аст.  Имрӯз дар клиника 33 шуъбаи бемориҳо, 15 шуъбаи тиббӣ – технологӣ ва 38 ҳуҷраҳои фунсионалӣ амал мекунад, ки дар онҳо 2058 нафар корманд фаъолият  менамоянд. Дар беморхона дар давоми 4 соли охир 109 лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ба маблағи умумии 17 миллион юан таҳия гардида  ва дар амал имрӯзҳо табиқ шуда истодаанд. Дар солҳои охир аз ҷониби кормандони клиника 497 фишурда ва мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии Хитой ва дигар мамолики хориҷ ба нашр расидааст. Инчунин дар як сол 222 000 беморон бистарӣ гардида, аз ин зиёда аз 18 000 амалиёти ҷарроҳи гузаронида шудааст. Ба таври амбулаторӣ  бошад 41 000 нафар бемор муолиҷа карда шудаанд.

         Ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон аз рафти  пазироӣ ва шиносоӣ аз фаъолияти беморхонаи клиникии саратоншиносии донишгоҳи мазкур изҳори  миннаторӣ намуда, зимни мулоқот доир ба масъалаҳои дастовардҳои илмӣ, корҳои ташхисӣ – табобатӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва дигар муҳассилини баъдидипломӣ, инчунин оид ба муҷаҳҳазгардонии технологияи навини тиббӣ ва озмоишӣ ҳусни таваҷҷуҳ намуд.

         Пас аз анҷоми мулоқот меҳмононро аз синфхонаҳои мултимедӣ ва  синфхонаҳои  омӯзиши малакаҳои амалӣ, ки маҳз барои омузиши бемориҳои онкологӣ барои донишҷӯён  муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ошно сохтанд. Илова бар ин, аз озмоишгоҳи онкологӣ, иммунологӣ ва радиологӣ ҳайати меҳмононро шинос намуда, аз натиҷаи дастовардҳои бузурги илмии ин озмоишгоҳ  ва дар маҷмуъ аз корҳои муолиҷавӣ ва шароитҳои муосири беморхонаи мазкур аз наздик  шинос намуданд.

           Дар хотима барои ба роҳ мондани муносибатҳои  дӯстона ва ташкилу баргузор намудани корҳои илмию  муолиҷавии муштарак  як чанд  пешниҳоду ақидаҳои ба ҳам мувофиқ ироа гардиданд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

       Дар доираи барномаи сафари корӣ, санаи  07 – уми апрели соли равон (пас аз нисфирӯзӣ)  ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон ва  ҳайати намояндагии ДДТХ –ро  намояндагони Беморхонаи клиникии тибби суннатии чинӣ (традиционная китайская медицина) ба ҳузур пазируфтанд.

      Маълум карда мешавад, ки Беморхонаи клиникии тибби суннатии  чинӣ   дар сохтори Донишгоҳи тиббии Синзян ҳамчун ягона беморхонаи тибби суннатӣ дар алоқаманди бо тибби муосир аз соли 1959 инҷониб фаъолият менамояд.  Имрӯз дар беморхонаи мазкур 2600 кат, 70 адад шуъбаҳои тиббӣ – технологӣ, 5 институтҳои илмӣ – тадқиқотӣ, 2 филиал, 2 амбулатория, 4 маркази омодасозии доруҳои гиёҳӣ, 1 маркази маҳалии хизматрасонии тиббӣ ва 1 нуқтаи мубориза бо бемориҳои нашъамандӣ аз рӯи 68 намуди муолиҷаи тибби суннатӣ аз қабили сӯзандармонӣ, маҳси табобатӣ, диетотерапия ва ғ. фаъолият менамояд. Ҳамзамон дар фаъолияти тиббии беморхонаи мазкур  амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ ва муолиҷаи як қатор бемориҳо дар ҳамбастагӣ бо тибби суннатии чинӣ ба роҳ монда шудааст.

           Лозим ба қайд аст, ки тарҳи бинои Беморхонаи клиникии   тибби суннатии чинӣ муосир буда, аз 24 ошёна иборат аст,  аз лиҳози таҷҳизоти навтарин  ва дигар шароити муосир ба пуррагӣ таъмин карда шудааст. Бинои мазкур яке аз зеботарин бино дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.  

           Зимни боздид ҳайати гуруҳи кории ДДТХ барои дар Тоҷикистон ворид намудани таҷрибаи чунин усулҳои ташхису табобати беморон, ба роҳ мондани корҳои илмӣ – тадқиқотии хос ва  дар ҳамбастагӣ аз рӯи тибби суннатӣ ва тибби муосир, ҷиҳати боз ҳам рушд намудани  соҳаи тандурустии кишварро мувофиқи мақсад шуморида, дар охир  бо  таасуроти хеле  зиёд  барномаи корӣ дар беморхонаи мазкур  ба анҷом расид.           

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

       Бо мақсади шиносоӣ аз таърихи таъсисёбӣ, фаъолияти дирӯза ва имрӯза, инчунин аз  анъанаҳои  Донишгоҳи тиббии Синзян субҳи 05 –уми апрели соли 2017 гуруҳи корӣ аз Осорхонаи донишгоҳ дидан ба амал оварданд. 

         Пеш аз ҳама таваҷҷӯҳи гурӯҳи кориро  усули ҷамъоварӣ ва тартиби нигаҳдории маводҳо, инчунин бо санъати хос  ба намоиш гузошта шудани маводҳои таърихии донишгоҳ ҷалб намуд. Дар осорхона аз рӯзи сохта ва ба истифода дода шудани биноҳои таълимию озмоишӣ ва клиникии донишгоҳ нигораҳо ва дигар ашёҳо ба таври хронологӣ ҷой ба ҷо карда шудааст, ки барои ошноӣ пайдо кардан аз таърихи он ҳар нафар маълумоти амиқ пайдо карда метавонад. Инчунин дар Осорхона барои дастовардҳои назири кормандони донишгоҳ дар соҳаҳои илму техника ва кашфу ҷорӣ намудани усулҳои муолиҷа гӯшаи махсус таъсис дода шудааст, ки ифтихори донишгоҳ маҳсуб меёбад.  Чизи дигаре, ки боиси таваҷҷуҳи намояндагони ДДТХ гардид ин ҳам бошад, гушаи махсус доир ба хизматҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар давлатҳои собиқ Итиҳоди Шӯравӣ оид ба  рафти корҳои сохтмонӣ ва ташкилдиҳии ин маҷмааи бузурги таълимию муолиҷавӣ,  иттилооти махсус ва аксҳои таърихӣ ҷойгир карда шудааст.  


         Мавриди зикр аст, ки доир ба тамоми инфрасохтори имрӯзаи донишгоҳ гӯшаи махсус  дар шакли қолаб (макет) омода карда шудааст.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

   Санаи 11.04.2017сол дар хобгоҳи ДДТХ санҷиш оиди вазъи беҳдошт ва риояи гигиенаи шахсии донишҷӯён гузаронида шуд. Мақсади  гузаронидани санҷиш ташфиқ намудани донишҷӯён ба тарзи ҳаёти солим ва риояи гигиенаи шахсӣ мебошад.

    Гигиена (аз забони юнонӣ –“солим”) соҳаи донишҳои тиббӣ мебошад, ки алоқамандӣ ва ҳамкории инсон ва ҷомеаи инсониро бо табиат ва муҳити атроф омўхта, барои солим намудани шароити зиндагӣ меъёрҳои амалиро муқаррар менамояд.

   Дар воқеъ гигиенаи шахсӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатӣ ва тарбияи насли ҷавон мебошад. Иҷро намудаи таъиноти гигиенӣ, ки барои инсон мушкилу заҳматталаб нестанд, барои ҳифзи саломатӣ, вусъати қобилияти азхудкунии дониш ва инкишофи мўътадили ҷисми донишҷӯён имконият медиҳанд.

   Натиҷаҳои санҷиш нишон доданд, ки вазъияти риояи беҳдошт имрӯз дар хобгоҳи донишгоҳ ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд. Аз рӯи натиҷаи санҷиш ҳуҷраи беҳтарин ва намунавӣ муайян карда шуд, ки ҳуҷраи №103 мебошад. Дар он донишҷӯён Шокирова Марҷона, Машрапова Муқаддас, Аҳмадова Фаришта ва Шокирова Меҳрангез истиқомат мекунанд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи беҳдошти ҳуҷраҳо ва таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯён сӯҳбат гузаронида шуда, ҳамзамон ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуданд.

 Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

     Рӯзи 13-уми апрели соли 2017 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло, сардори ШВКД-и ноҳияи Данғара Алишер Неъматзода ва як гурӯҳи ҳамроҳонашон ба мақсади шиносоӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    ташриф оварданд. Вазир ва ҳамроҳонаш аз биноҳои таълимӣ, раёсат, синфхонаҳо, толорҳои лексионӣ, китобхона дидан намуда, аз рафти фаъолияти ин донишгоҳи нахустини тиббии вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

     Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамокриҳои судманд ҳайати корӣ аз ДДТХ ва Институти лоиҳакашии «САНИОСП» таҳти роҳбарии ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон ба Донишгоҳи тиббии Синзян сафар намуданд.

    Дар доираи барномаи сафари корӣ санаи 06 –уми апрели соли ҷорӣ Президенти тозаинтихоби Донишгоҳи тиббии Синзян,  профессор Қайсар Абдукарим ректор ва ҳайати намояндагони  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ба ҳузур пазируфт.

    Саравал профессор Қайсар Абдукарим ташрифи  профессор Убайдулло Қурбон ва ҳамроҳонашонро ба ДТС хайрамақдам гуфта, барои иқдому ташаббус ва изҳори ҳавсамандӣ, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо  ДДТХ –ро   самимона қабул намуд. Инчунин доир ба ҳамкориҳои бисёрсола ва муносибатҳои хуби бадастомада  аз  ҷониби   ДТС ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино   сухан  намуд. 

     Дар навбати худ  профессор Убайдулло Қурбон бо изҳори эҳтиром Қайсар Абдукаримро барои ба тозагӣ ба вазифаи Президенти  Донишгоҳи тиббӣ Синзян таъйин гардиданаш табрику таҳният гуфта, инчунин ба роҳбарияти донишгоҳ, ҷиҳати қабули пешниҳодот ва пазироии самимӣ миннаторӣ  намуд. Ректори ДДТХ профессор Убайдулло Қурбон оид ба мақсади сафари корӣ ва ҳамзамон доир ба  иқдом ва ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   ҷиҳати  таъсис ёфтани  дуюмин  муассисаи олии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.  Илова бар ин, қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз мавқеъ ва манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ устувор намуда исодааст. Муносибати кишвари мо бо  давлати бузурги Хитой ҳанӯз аз соли 1992 оғоз гардида, дар ин давом созишномаҳои зиёди  судманди байнидавлатӣ ба имзо расонида шудааст, ки бешубҳа имрӯз давлати Хитой яке аз асоситарин шарики стратегӣ ва дар таҳкиму густариши муносибатҳои хуби дӯстона  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

    Дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳкими  муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус бо кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии Халқии Хитой зарурати замон аст. Дар ин бобат ҷорӣ шудани муносибатҳои ДДТХ бо Донишгоҳи  тиббии Синзян, бешубҳа, аз дастовардҳои аввалин дар сатҳи байналмилалии донишгоҳи мо ба ҳисоб меравад, зикр намуд дар идомаи мулоқот,  ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон.

    Зимни мулоқот пешниҳод гардид, ки  тарафҳо метавонанд дар асоси боварӣ ва ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти муассисаҳои худ    шартномаҳои судмандро  ба имзо расонанд.   

    

 

   Дар охири мулоқот дар фазои расмӣ ҷонибҳо  Шартномаи   ҳамкории дарозмӯҳлатро  доир ба масоили мубодилаи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ,  мубодилаи донишҷӯён,     таълифаоти  маводҳои илмӣ ва тадқиқотӣ, ташкил ва баргузор  намудани барномаҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва конференсияҳои муштараки илмию  фарҳангӣ ва инчунин оид ба масъалаҳои расонидани кӯмакҳои моддӣ, ки барои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мусоидат менамоянд,  ба имзо расониданд.

    Лозим ба қайд аст, ки  чунин шартнома   пеш аз ҳама барои барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таълим, илм, муолиҷа, мубодилаи донишҷӯён ва ташкили  корҳои фарҳангӣ  байни Донишгоҳи тиббии Синзян ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар доираи манфиатҳои мутақобила арзёбӣ мегардад.

    Ҳамин тариқ, мулоқот дар фазои хусни тафоҳум ва созанда ба анҷом расида,  барои изҳорӣ дӯстӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

        Санаи 28.03.2017 ҷаласаи ғайринавбатии Шуъбаи кор бо ҷавонон вобаста ба риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, инчунин риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзим ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид. Дар ҷаласа, аъзои секторҳои тартиботӣ ва варзишӣ ширкат варзиданд.

        Дар рафти ҷаласа аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонон вобаста ба мавзуи ҷаласа суханронӣ карда шуда, ба сардорони секторон барои пешбурди корҳо, аз ҷумла риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ сару либоси донишҷӯӣ, сари вақт омода будан ба дарсҳо фаъолона ширкат варзидан дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ,ва пешгири намудани истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди дарсҳо ва бо мошини шахсӣба дарс ҳозир нашудан, дастурҳои мушаххас дода шуд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҳимов Х.С.

    Санаи 01-уми апрели соли ҷорӣ дар ДДТХ аз ҳисоби донишҷӯён маъракаи навбатии гузаронидани корҳои ободонӣ ва тозаю озода кардани гирду атрофи Донишгоҳ доир гардид. Бояд гуфт, ки шанбегӣ бо ташаббуси худи донишҷӯён сурат гирифта, гирду атрофи Донишгоҳ рубучин карда шуда, аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳҳои 3-4 педиатрӣ дар заминҳои назди биноҳои таълимӣ дарахтони мевадиҳанда аз қабили олуча, себ, нок ва ғ. шинонда шудаанд.  

   Дар маҷмӯъ бо қувваи донишҷӯён гирду атрофи донишгоҳ ва минтақаи ҷудокардаи ҳокимияти маҳаллии н.Данғара ба тамиз дароварда шуд. Бояд қайд кард, ки донишҷӯён маъракаи ободониро бо як руҳи баланди ватандустӣ гузарониданд.

Ассистенти кафедраи анатомияи одам ва гистология Наботова О.З.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид