Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Чоршанбе, 29 Ноябр 2023 00:00

БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДТХ

Санаи 24-уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҷлиси тантанавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбонро бахшида ба ин санаи муҳим қироат намуд.

Мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т.  перомуни “Парчами давлатӣ-ифтихори мост” маъруза пешниҳод намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳифзу нигаҳдории ҳамешагии муқаддасоти миллӣ аз вазифаҷои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад.

Сипас аз ҷониби дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ бахшида ба ҷашн суруду тарона ва рақсҳои мавзун пешкаш карда шуд, ки хотири ҳозиринро болида гардонид.

Шуъбаи тарбия ва фарҳанг,

кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ.

Хондан 98 times Last modified on Чоршанбе, 29 Ноябр 2023 14:30

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид