2-юми марти соли равон дар кафедраи фанҳои ҷарроҳии №3-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедраи мазкур Раҳмонов М.И. дар гурӯҳи 503-и факултети стоматологӣ оид ба мавзуи “Омосҳои хушсифати ғадудҳои луобӣ” дарси кушод гузаронида шуд.
Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х. Ш., мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №3 н.и.т. Айниев Б. ва омӯзгорони кафедраи мазкур иштирок карданд.
Дар рафти дарс аз асбоби аёнӣ ва таҷҳизоти муосир истифода шуда, омӯзгор усулҳои интерактивиро ба кор бурд.
Аз ҷониби сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х. Ш. ба омӯзгори ҷавон Раҳмонов М.И. барои боз ҳам шавқовар гузаштани дарсҳои минбаъда тавсияҳои методӣ дода шуд.
ШУЪБАИ ТАЪЛИМ