Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Сешанбе, 01 Ноябр 2022 00:00

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ

1 - уми ноябри соли 2022 вохӯрии намояндагони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара ва минтақаи Кӯлоб бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид.

Мушовири ректори ДДТХ Азизуллоев А.А. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, намояндагони мақомотро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.

Нахуст ёрдамчии прокурори ноҳияи Данғара, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 Одиназода Н.М. дар мавзӯи “Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва саҳми ҷавонон дар он” маъруза кард. Тибқи иттилои ёрдамчии прокурор бештари ҷавонон аз надонистани қонун ба ҷинояткорӣ даст мезананд. Бинобар ин, ҷавононро лозим аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои амалкунанда ва кодексҳоро пайваста мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Сардори ШКДАМ дар н.Данғара Қурбонов И.И. ва муовини филиали иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон Қурбонзода Т.Ҳ.  дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм” маълумоти муфассал доданд. Тибқи маълумоти маърузачиён шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ваъдаҳои маблағҳои калон амалӣ мегардад. Бинобар ин, ҷавонон бояд дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ниҳоят ҳушёр бошанд.

Сардори бахши муқовимат ба корупсияи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб - майори адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабзода дар мавзуи  “Коррупсия яке аз монеаҳои рушди босубот” маъруза кард. Қайд гардид, ки  бисёр ҷиноятҳо барои ба даст овардани маблағ анҷом дода мешаванд. Корупсия на танҳо ба рушди босуботи ин ё он давлат монеа мерасонад, балки бо мурури замон, агар бо он мубориза бурда нашавад, ба рукуди давлатдорӣ оварда мерасонад.

Дар анҷоми вохӯрӣ мушовири ректори ДДТХ Азизуллоев А.А. ба намояндагони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  барои маърӯзаҳои пурмуҳтавояшон изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки баъзе ҷавонон аз бетаҷрибагӣ ё надонистани ҳуқуқҳои хеш ба қонунвайронкунӣ даст мезананд ва баргузории чунин вохӯриҳо барои тарбияи ҷавонон ниҳоят муҳим мебошад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

Хондан 143 times Last modified on Чоршанбе, 09 Ноябр 2022 08:32

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид