Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Пас аз шунидани маърузаҳо дар бахшҳо ҷамъбасти кори Конфронс дар толори калон доир карда шуд. Раисони  бахшҳо оид ба кори бахш, миқдори маърузаҳои шунидашуда, муҳиммияти мавзуъҳои баррасишуда ва сатҳи баргузории бахшҳо маълумот  доданд.

Қайд карда шуд, ки дар маҷмуъ дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ (СОЛОНА IV) дар мавзуи "Стратегияи рушди илми тиб ва соҳаи тандурустӣ дар замони муосир" бахшида ба 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзуъҳои муҳим, ба мисли дастовардҳо ва дурнамои рушди илми тиб ва нақши он дар солимии ҷомеа, мушкилоти тибби назариявӣ ва клиникӣ, роҳҳои беҳтар намудани корҳои ташхисию табобатӣ мавқеи асосӣ дошта, дар сатҳи баланд баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, маърузаҳои пурмуҳтаво оид ба пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла, дурнамои рушди муосири таҳсилоти олии тиббӣ, дастовардҳои ҷарроҳӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, нанотехнологияи тиббӣ ва ғайраҳо ба муҳокима гузошта шуданд.

 

Дар охир, қарор оид ба кори конфронс қироат карда шуд ва аз ҷониби масъулон, иштирокчиён ва Кумитаи тадорукот Қарори Конфронс қабул ва тасдиқ гардид. Бо ҳамин, Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ (СОЛОНА IV) дар мавзуи "Стратегияи рушди илми тиб ва соҳаи тандурустӣ дар замони муосир" бахшида ба 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро ба анҷом расонид.

Хабарнигори сомона.

  

Тазаккур бояд дод, ки пас аз ҷамъбасти қисмати тантанавӣ ва ҷаласаи пленарӣ Конфронс кори худро дар бахшҳо идома дод.

Лозим ба қайд аст, ки барои шунидани тамоми маърузаҳои банақшагирифташуда аз ҷониби Кумитаи тадорукот 11  бахш; аз рӯи самти љарроҳӣ 4 бахш,  аз рӯи самти бемориҳои сироятӣ ва педиатрия,  аз рӯи бахши бемориҳои дарунӣ, аз рӯи бахши акушерӣ ва гинекология, аз рӯи бахши фарматсия, аз рӯи бахши стоматология, аз рӯи фанҳои назариявии  умумитиббӣ ва фанҳои ғайритиббӣ, таъсис дода шуда буд. Пас аз анҷоми ҷаласаи пленарӣ кори конфронс дар ин бахшҳо идома ёфт.

Дар бахшҳои мазкур, дар маҷмуъ 154 маърӯзаҳои илмии олимон, аспирантон, унвонҷӯёну донишҷӯён шунида шуданд.

Хабарнигори сомона.

 

Ҷаласаи пленарии Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ (солонаи IV) дар мавзуи "Стратегияи рушди илми тиб ва соҳаи тандурустӣ дар замони муосир" бахшида ба 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қисмати тантанавӣ ба кори худ шуруъ намуд.

Ҷаласаи пленариро Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон, дар мавзуи "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон: дирӯз, имрӯз ва фардои он" маъруза намуд.

Инчунин, дар ҷаласаи пленарӣ маърузаи олимони шинохта ва варзидаи кишвар: Академики Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меъроҷов Ғиёсиддин Қутбиддинович дар мавзуи "h.pylori и рак желудка", профессори Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т. Ғоибзода Алиҷон Ҷура дар мавзуи "Миниинвазивная хирургия варикозной болезни", профессори кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, д.и.т., Сангинов Ҷумабой Раҳматович, дар мавзуи "Значение научных исследований в совершенствовании онкологической службы», профессори кафедраи физиологияи нормалӣ ва поталогияи Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон, д.и.т. Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич дар мавзуи "Оценка и прогнозирование эффективности преподователя вуза в условиях современного образования», профессори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи Баҳовуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдулманон Саторович дар мавзуи "Феномен «толерантность» и его значение для современного национального общества" шунида шуданд.

Қайд бояд дошт, ки мавзуъҳои пешниҳодгардида дар замони имрӯз хеле муҳим буда, баррасиву пешниҳоди онҳо дар конфронси мазкур саривақтӣ ба шумор меравад. Иштирокчиён аз таҷриба, донишву малака ва маърузаи ин олимони варзида бархӯрдор гардида, ба саволҳои худ аз олимони соҳа посухҳои мушаххас гирифтанд. 

Хабарнигори сомона.

Пас аз қабули расмии меҳмонон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ қисмати тантанавии Конфронс дар толори фарҳангӣ ифтитоҳ ёфт. Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон навори кутоҳе ба ҳозирин намоиш дода шуд. Дар идомаи ин қисмат ҳунарманди Ватансаро - Тобиш Ҳилолӣ, ҳунарманди ансамбли давлатии "Шашмақом" ба номи Фазлиддин Шаҳобов, Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ - Хуршед Иброҳимзода ва гулдухтарони дастаи ҳунарии "Дурахшон"-и донишгоҳ бо суруду рақсҳои мавзун баромад намуданд.

Сипас, табрикотии видеоии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т., профессор Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло манзури иштирокчиёни конфронс гардонда шуд.

Дар идома Раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин, сардори Раёсати бахши илмҳои тиббии АМИТ ҶТ - Ғоибзода Алиҷон Ҷура, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон - Ахмедов Аламхон Ахмедович, профессори кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибно Сино, доктори илмҳои тиб - Сангинов Ҷумабой Раҳматович ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон, тамоми иштирокчиёнро бо баргузории чунин конфронси сатҳи баланд табрику таҳният намуда, ба кори конфронс муваффақияту комёбиро таманно намуданд.

 

Қисмати тантанавӣ бо таронаҳои ҳунармандони шинохта: Тобиш Ҳилолӣ ва Хуршед Иброҳимзода, ҳамзамон, суруди табибони донишҷӯёни донишгоҳ ҷамъбаст гардид ва қисматҳои дигари конфронс ба кори худ шуруъ намуданд.

 

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид