Пас аз шунидани маърузаҳо дар бахшҳо ҷамъбасти кори Конфронс дар толори калон доир карда шуд. Раисони бахшҳо оид ба кори бахш, миқдори маърузаҳои шунидашуда, муҳиммияти мавзуъҳои баррасишуда ва сатҳи баргузории бахшҳо маълумот доданд.
Қайд карда шуд, ки дар маҷмуъ дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ (СОЛОНА IV) дар мавзуи "Стратегияи рушди илми тиб ва соҳаи тандурустӣ дар замони муосир" бахшида ба 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзуъҳои муҳим, ба мисли дастовардҳо ва дурнамои рушди илми тиб ва нақши он дар солимии ҷомеа, мушкилоти тибби назариявӣ ва клиникӣ, роҳҳои беҳтар намудани корҳои ташхисию табобатӣ мавқеи асосӣ дошта, дар сатҳи баланд баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, маърузаҳои пурмуҳтаво оид ба пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла, дурнамои рушди муосири таҳсилоти олии тиббӣ, дастовардҳои ҷарроҳӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, нанотехнологияи тиббӣ ва ғайраҳо ба муҳокима гузошта шуданд.
Дар охир, қарор оид ба кори конфронс қироат карда шуд ва аз ҷониби масъулон, иштирокчиён ва Кумитаи тадорукот Қарори Конфронс қабул ва тасдиқ гардид. Бо ҳамин, Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ (СОЛОНА IV) дар мавзуи "Стратегияи рушди илми тиб ва соҳаи тандурустӣ дар замони муосир" бахшида ба 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро ба анҷом расонид.
Хабарнигори сомона.