ИШТИРОКИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА ТАРИҚИ ОНЛАЙН ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 30 декабри соли 2023 вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказӣ, хадамотҳои соҳавии зерсохтори вазорат ва ҳамзамон, ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ ба тариқи онлайн дар ҷаласаи мазкур ширкат варзид. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тандурустии кишвар ёдовар шуда, азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ дар кишварро далели муътамад арзёбӣ намуд.
Дар доираи Паёми Сарвари мамлакат вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба масъулон барои босифат иҷро намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хабарнигори сомона.
БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
Дар доираи истиқбол аз Соли нави мелодӣ-2024 Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон як қатор чораҳои амалиро андешида, бо ташкили навбатдорӣ, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ, барои ҲПО ва донишҷӯёну кормандон давоми се рӯз барномаи фарҳангиро ташкил ва баргузор намуд.
Барномаи фарҳангӣ дар назди арчаи солинавӣ доир гашта, таронаҳои солинавии аъзои дастаи ҳунарии "Дурахшон"-и донишгоҳ, рақсу бозӣ ва чистону латифагӯйии кормандону донишҷӯён зиннатбахши чорабинӣ гардида буд.
Хабарнигори сомона.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 29-уми декабри соли 2023 Ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини Раиси Шурои олимон дотсент Аҳмадиён Ш.Р. кушода эълон намуда, аъзои шуроро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Пеш аз мавриди баррасӣ қарор дода шудани масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷгардида муовини Раиси Шурои олимон мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ – Холов Акмал Давлаталиевичро ҷиҳати гирифтани "Диплом"-и номзадӣ аз номи тамоми аъзои Шурои олимон дар вазъияти тантанавӣтаҳният гуфта, бо мукофотпулии Раёсати донишгоҳ қадродонӣ намуд.
Сипас, муовини Раиси Шурои олимон дотсент Аҳмадиён Ш.Р. нуктаҳои асосии Паёми ба тозагӣ ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро мавриди баррасӣ қарор дода, зикр намуд, ки Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, аз мову шумо ба камол расонидани мутахассисони хубро талаб дорад. Ҳамзамон, ба тамоми мудирони кафедраҳо супориш дода шуд, ки баррасии нуктаҳои асосии Паёмро дар ҷаласаҳои кафедра низ мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Пас аз баррасии нуктаҳои асосии Паём шунидани масъалаҳои рӯзнома шуруъ гардид.
Аз рӯйи масъалаи якум "Маълумот оид ба фаъолияти бахши назорати сифати таҳсилот дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2023-2024" сардори бахши сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. маълумот дода, аз муваффақият ва камбудиҳои кафедраҳо вобаста ба паст ё баланд рафтани сифати таълим сухан намуд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома – "Маълумот оид ба омодагии кафедраҳо, деканатҳо, шуъбаи таълим ба имтиҳонҳои сессияи зимистонаи соли таҳсили 2023-2024" ваколатдори сардори шуъбаи таълим Назаров З.С. маълумот дода, иброз намуд, ки барои баргузории сессияи зимистона ягон монеа нест. Кафедраҳо ва деканатҳои факултет омода ҳастанд сессияи зимистонаро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.
Масъалаи сеюми рӯзнома "Ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти ДДТХ дар соли 2023"-ро муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Аҳмадиён Ш.Р. таҳлилу хулосабарорӣ намуда, аз дастовардҳои сол ёдоварӣ намуд. Зикр карда шуд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назарраси донишгоҳ ҳар кадоми моро лозим аст, ки аз пештара дида зиёдтар саъю талош намоем, то ба комёбиҳои аз ин бештар ноил гардем.
Вобаста ба масъалаи чоруми рӯзнома "Комиссияи озмунӣ барои интихоб шудан ба вазифаҳои ҲПО" котиби шурои олимон Саидова М.Р. ба сухан баромада, оид ба довталабоне, ки барои ишғоли вазифаҳо ҳуҷҷат пешниҳод намуда, аз комиссияи пешакӣ гузаштаанд, маълумот дод. Сипас, барои ишғол намудани вазифаҳои мазкур овоздиҳии пинҳонӣ ба роҳ монда шуда, натиҷаи овоздиҳии пинҳониро Раиси комиссия ба аъзои Шурои олимон пешниҳод намуд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ 2 адад Қарори Шурои олимон қабул ва тасдиқ карда шуданд.
Муовини Раиси Шурои олимон дотсент Аҳмадиён Ш.Р. кори ҷаласаро ҳусни анҷом бахшида, ба аъзои шурои олимон дар соли навин муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно намуд.
Хабарнигори сомона.
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДДТХ
Чуноне ки маълум аст, санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид ва тамоми идораву муассисаҳои кишвар онро ба таври пахши мустақим тамошо намуданд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ чун дигар муассисаҳои олии кишвар бо як ифтихор дастаҷамъона пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд. Ёдовар бояд шуд, ки бо ифтитоҳи Бинои асосии донишгоҳ ва фароҳам омадани шароити беҳтарин зиёда аз 1000 нафар ҲПО ва донишҷӯён тавонистанд дар толори барҳавои донишгоҳ аз Паёми навбатии Президенти кишвар бархӯрдор гарданд. Ҳамчунин, дар 5 толори лексионӣ наздик ба 800 нафари дигар омӯзгорону донишҷӯён Паёми Сарвари мамлакатро тамошо карданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, пешрафту ташаккул ва рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, рушди илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фаъолияти занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар он таҷассум гардида буд ва барои оянда дастуру вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.
Президенти мамлакат зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки новобаста аз вазъи номуътадили иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳон, Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта, дурнамои ҳадафноки пешрафту нумуъ таъмин гардида истодааст. Лозим ба қайд аст, ки фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар Паём баррасӣ гардида буданд ва вазифаву дурнамои ҳар як соҳа мушаххас пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат таъкид доштанд, ки аз сулҳу ваҳдат, истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона намоем, Ватани маҳбубамонро сидқан дӯст дорем, барои пешрафту шукуфоии рӯзафзуни кишвари азизамон бо дасту дили пок заҳмат кашем ва ба наслҳои оянда як Ватани ободу зебо ба мерос гузорем.
Хабарнигори сомона.