Чоп намудани матн

Ҷашни камолот муборак!

29 Июн 2018 Муаллиф :  

Саломуддин Ҷабборовичи гиромиқадр!

Раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  Шуморо ба ифтихори ҷашни 50-солагиатон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта,  ба Шумо нахуст тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷамъиятиву давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору комёбӣ таманно доранд.

       Ҳамагон хуб медонанд, ки саҳми Шумо дар таълим, тарбия ва ба камол расонидани шогирдон бениҳоят бузург аст. Шумо дар тӯли умри пурбаракати хеш қуллаҳои нав ба нави илмро фатҳ намуда, то дараҷаи доктори илм ва ба унвони Академики Академияи илмҳои тиббии ҷумҳурӣ  расидаед.

       Хушбахтона, имрӯзҳо дар қаламрави мамлакат  фаъолияти Шумо дар соҳаи  таълим ва тарбияи кадрҳои баландпояи тиббӣ назаррас аст, ки нафъи он ба рушду густариши илми тиб, илму маориф ва сиёсати иҷтимоии ҷомеаи навини мо равона гардидааст,  Ин ҳама боиси ифтихор ва шарафмандист.

       Заҳматҳои шоистаи Шумо бо Ҷоизаи созмони ҷавонони Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника, бо медали Хизмати шоиста, бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон  ва бо нишонҳои Аълочии  маорифи Тоҷикистон, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадр карда шудааст. Бо қалами Шумо 10 монография, 10 ихтироот ва беш аз 200 мақолаҳои илмӣ таълиф ёфта, зери роҳбарии Шумо 7 нафар олимони ҷавон рисолаҳои номзадиро бомуваффақият дифоъ намудаанд.

       Мо дар таҷлили 50-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем. Умед дорем, ки қалби саршори Шумо хурӯшу туѓёни тоза гирифта, мардуми тоҷикро боз ҳам шодоби илму  маърифат мегардонад.

        Бори дигар, Шумо ва аҳли хонадони Шуморо табрику таҳният мегӯем ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.

        Ҷашни 50-солагӣ муборак, устоди азиз!

 

Бо эҳтироми самимӣ,

Раёсати ДДТХ

0 Шарҳ 127 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Хабарҳои охир  ADMIN

We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries