Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон кулли кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳуриро бо фарорасии иди фархундаи касбӣ- "Рӯзи касбии кормандони тиб" сидқан табрику муборакбод менамояд.
Орзуманди онем, ки фазои ободкорию созандагӣ дар кишвар барои боз ҳам беҳтар гаштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат шароиту имкониятҳои навро муҳайё сохта табибони ҷумҳурӣ дар амалӣ сохтани нақшаю барномаҳои муҳими давлатӣ оид ба солимгардонии ҷомеа саҳми боз ҳам бештар дошта бошанд.
Ба ҳамаи Шумо ва аҳли хонадонатон умри дарозу бобаракат ва рӯзгори ободу осуда орзу мекунем.
Раёсати ДДТХ