Чоп намудани матн

ИШТИРОК ДАР 68-УМИН КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОЛОНАИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

27 Ноябр 2020 Муаллиф :  

27 ноябри соли равон 68 - умин конференсияи солонаи байналмилалии илмӣ - амалии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар мавзӯи «Заминаҳои бунёдии рушди инноватсионии илм ва таълим» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия бо сухани табрикотӣ ва ифтитоҳӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Маҳмадшоҳ Гулзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоқикистон Диловар Қодирзода ва дигар олимони ватаниву хориҷӣ баромад карданд.

          Ҳамзамон, дар кори конференсия меҳмонон аз кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Белорусия, Германия, Озарбойҷон, Украина ва ИМА ба тариқи онлайн ширкат варзиданд.

     Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш баргузории Конференсияи илмӣ - амалии мазкурро дар солҳои охир як навъ ҷамъбасти фаъолияти илмии олимон ва донишмандони соҳаи тандурустии мамлакат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба натиҷагирии он ҳамчун василаи асосии дарёфти роҳу усулҳои нави табобат ва пешгирии бемориҳои нав ва беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ диққат ва эътибори махсус медиҳад.

          “Бояд эътироф кард, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино солҳои охир таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёдеро паси сар кард, ки мақсад аз онҳо боз ҳам беҳтар намудани шароити кору таҳсил, потенсиали кадрии донишгоҳ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонидани низоми таҳсилот мебошад” - афзуд номбурда.

            Дар ин конференсияи мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ассистенти кафедра педиатрия Музаффаров Дилшод Баҳромович дар сексияи “Бемориҳои кӯдакона ва бемориҳои сироятии кӯдакона”  иштирок кард. Дар сексияи номбурда 15 маърӯза шунида шуд, ки яке аз он маърӯзаи  Музаффаров Д.Б. дар  мавзӯъи “О некоторых факторах риска формирования речевой патологии у детей дошкольного возраста” буд.   

      Ҳамзамон, дар конференсия дастовардҳои олимони маъруфи Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили тадқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ карда шуданд.

       Мавзӯъҳои мубрами банақшагирифта дар ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаҳои сексияҳои равиявӣ, симпозиумҳои «ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои мубрами микробиология, иммунология ва вирусология», физиологияи нормалӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамин тавр, дар кори конференсия 188 маърӯзаи илмии олимон баррасӣ гардиданд, ки аз он 71 маърӯза аз олимони кишварҳои хориҷии дуру наздик ворид шудааст. 

       Маводи конференсияи мазкур дар се ҷилд ба табъ расидаанд, ки аз 1107 мақолаи илмӣ, 310 мақолаи он аз олимони кишварҳои хориҷӣ мебошанд.

         Бояд қайд кард, ки аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тибббии Хатлон дар конференсияи мазкур 29 мақолаи илмӣ ворид гардида буд.

         Дар хотимаи конференсия Резолютсия қабул карда шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

КАФЕДРАИ ПЕДИАТРИЯ

0 Шарҳ 135 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Хабарҳои охир  ADMIN

We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries