ҲАМКОРИИ ИЛМӢ ВА ТАҚВИЯТИ САТҲИ ТАҲСИЛОТ: БАРГУЗОРИИ ЛЕКСИЯҲОИ МУТАХАССИСОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН

5-уми декабри соли 2025 дар асоси ташаббус ва даъвати Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, силсилаи лексияҳои илмӣ ва методӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи Ҷамъияти илмии “Дониш”-и назди муовинати илм ва нашрияи донишгоҳ ташкил ва баргузор гардид, дар он донишҷӯёни курҳои 4, 5, ва 6-уми факултети тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Чорабинии илмӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва нашрия, номзади илмҳои тиб Холзода Ш.И. оғоз ёфт. Мавсуф нахуст мутахассисони давъташуда: Сардори Шуъбаи илм ва инноватсияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб, дотсент Али-Зода Суҳроб Ғаффорович ва табиб-психиатр, унвоҷӯи кафедраи психиатрия ва наркология ба номи профессор М. Ғ. Ғуломови ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино - Миршарофов Мирсафоро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, аз номи Раёсати донишгоҳ ҷиҳати пазируфтани даъвати донишгоҳ ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон, қайд дошт, ки ҳамкориҳои илмӣ ва мубодилаи таҷриба байни муассисаҳои олии мамлакат яке аз омилҳои калидӣ дар рушди илми тиб ба шумор меравад. Инчунин, гуфта шуд, ки шароитҳои муосири илм ва технологияҳои нав ба донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон имкон медиҳанд, ки дар як муҳити созанда ва инноватсионӣ таҷрибаи амалӣ ва назариявии худро тавсеа бахшанд. Ӯ баргузории чунин чорабиниҳоро ҳамчун қадами муҳим дар боло бурдани сатҳи таҳсилот, рушди иқтидори илмӣ ва тақвияти робитаҳои касбӣ арзёбӣ намуд.
Сипас, лексияи якум дар мавзуи “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар тиб ва илми тиб” аз ҷониби сардори Шуъбаи илм ва инноватсияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб, дотсент Али-Зода Суҳроб Ғаффорович ироа карда шуд. Муҳтавои асосии лексия истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар самтҳои гуногуни тибро дар бар мегирифт. Дар ҷараёни баромад, нақши AI – зеҳни сунъӣ дар ташхиси бемориҳо мавриди шарҳ қарор гирифт, аз ҷумла истифодаи алгоритмҳои амиқи нейронӣ барои муайянсозии барвақтии омосҳо, бемориҳои дилу раг, бемориҳои сироятӣ ва дигар ҳолатҳо, ки тавассути автоматизатсия кардани раванди ташхис ба коҳиши хатогиҳои инсонӣ ва сарфаи вақт мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ҷойгоҳи зеҳни сунъӣ дар таҳқиқоти илмӣ тавзеҳ дода шуд, ки он дар моделсозии равандҳои физиологӣ, баланд бардоштани дақиқии таҳлилҳои биостатистикӣ ва осон гардондани коркарди ҳаҷми бузурги маълумот дар тадқиқоти клиникӣ нақши муҳим бозӣ мекунад. Илова бар ин, ҷойгоҳ ва аҳамияти AI дар идоракунии соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардид, ки он ба такмили самаранокии равандҳои клиникӣ, идоракунии оқилонаи захираҳои тиббӣ ва баланд бардоштани омодагӣ ба хатарҳои эпидемиологӣ тавассути моделҳои пешгӯӣ мусоидат менамояд. Дар охири лексия аз ҷониби Суҳроб Ғаффорович ба суолҳои зиёди омӯзгорон ва донишҷӯён ҷавобҳои асосноки илмӣ дода шуд.
 
Лексияи дуюмро табиб-психиатр, унвоҷӯи кафедраи психиатрия ва наркология ба номи профессор М. Ғ. Ғуломов, Миршарофов Мирсафо таҳти мавзуи «Саломатии рӯҳии насли Z: байни бӯҳрон ва инқилоб дар психиатрия” манзури ҳозирин намуд.
Муҳтавои асосии лексия ба ҳолати рӯҳӣ ва равонии ҷавонсолон-насли дорои қобилияти баланд, вале таҳти фишорҳои зиёд - бахшида шуда, Миршарофов М. дар баромади худ ба таҳлили илман асосёфтаи мушкилоти равонии ҷавонон ва тағйирёбии муносибати ҷомеа ба масъалаҳои психикӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Дар лексия хусусиятҳои равонии насли Z тавзеҳ дода шуданд, ки он аввалин наслест, ки пурра дар фазои рақамӣ ба камол расида, ба фишорҳои иттилоотӣ, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва муколамаи маҷозӣ ҳассос мебошад, ҳамзамон майл ба худшиносӣ, истиқлол ва эҷодкорӣ дар он бештар ба назар мерасад. Илова бар ин, масъалаи афзоиши изтироб ва депрессия дар ҷавонсолон баррасӣ гардид, ки ба таҳдидҳои муҳити рақамӣ, ҳамла ва зӯровариҳои киберӣ, худқиёсӣ бо дигарон, фишори иҷтимоӣ ва талаботи баланди таҳсил, инчунин коҳиши муоширати зинда ва ҷудошавӣ аз муҳити воқеӣ вобаста аст. Дар идома, Миршарофов М. ба равандҳои нави психиатрияи муосир ишора намуд, ки ба инқилоб дар усулҳои ташхису табобат оварда расонидааст, аз ҷумла истифодаи терапияи когнитивӣ-рафторӣ ва шаклҳои онлайнии он, ҷорӣ гардидани барномаҳои мобилӣ барои мониторинги саломатии рӯҳӣ ва тақвияти таваҷҷуҳ ба пешгирӣ, на танҳо табобати мушкилот. Дар қисмати баҳсу мунозира, ӯ ба саволҳои донишҷӯён оид ба роҳҳои кам кардани изтироб дар синфҳои боло, нақши оила дар пешгирии бемориҳои рӯҳӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба худшиносии ҷавонон ҷавобҳои муфассал ироа намуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ намояндагони Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба мутахассисони даъватшуда барои баргузории чунин маъракаи пурмуҳтаво ва ҳамзамон мусоидати раёсати ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино изҳори сипоси самимӣ намуданд. Таъкид гардид, ки чунин ҳамкориҳои илмӣ на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, балки ба тавсеаи тафаккури илмии донишҷӯён мусоидат менамоянд ва ташкили лексияҳои инноватсионӣ барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир зарур мебошад. Донишгоҳ инчунин омодагии худро барои густариши минбаъдаи робитаҳои илмӣ ва амалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар изҳор кард. Дар анҷом, ба ҳар ду мутахассис барои саҳми арзандаашон дар боло бурдани дониш ва рушди тафаккури илмӣ дар байни донишҷӯёну омӯзгорон миннатдорӣ карда шуд.
 
Муовинати илм ва нашрия.
Возможно, это изображение динамик, осветительное оборудование, стол, помост и текст


Возможно, это изображение один или несколько человек и текст

Please publish modules in offcanvas position.