Санаи 21-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ (солонаи VI) дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конфронс мутахассисони варзидаи соҳаи тиб, академикону олимон, профессорону шахсиятҳои барӯманд ширкат варзида, суханҳои табрикотӣ ва маърузаҳои пурмуҳтаворо пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Конфронс аз қисмати тантанавӣ, қисмати пленарӣ ва 13 бахши алоҳида иборат буда, зиёда аз 170 маърузаҳои илмӣ дар онҳо шунида ва баррасӣ гардиданд.
Қисмати тантанавии конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, ҳамзамон, суруди табибон ва филми кутоҳ аз фаъолияти донишгоҳ манзури иштирокчиён гардонида шуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор Қурбон Убайдулло Абдулло тамоми меҳмонон ва иштирокчиёнро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфт. Ҳамзамон, бо изҳори миннатдорӣ аз дастгирии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус, таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва дастгириҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳаммияти баргузории ҳамоиш ва дастовардҳои илмии муассисаро таъкид намуд.
Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин дар баромади худ, аз баргузории чунин ҳамоиши илмии сатҳи баланд изҳорӣ қаноамтмандӣ намуда, тамоми меҳмонон ва олимону муҳаққиқони соҳаи тибро, ки ҷиҳати иштирок ва баромад дар кори конфронс ташриф оварданд, ба ноҳияи Данғара самимона хайра мақдам гуфт.
Дар идома, Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, илм ва сиёсати кадрии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохуҷа, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Нурхон Шариф, профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, академик Додхоева Мунаввара Файзуллоевна, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Ахмедов Аламхон, муовини ректор оид ба илм ва нашрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино доктори илмҳои тиб, профессор Икромӣ Ҷурахон Шарбат, Ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳаббатзода Ҷиёнхон Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, ноиби Президенти Ассотсиатсияи директорони марказҳо, институтҳои онкологӣ, рентгенологӣ ва радиологии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Авруосиё, доктори илмҳои тиб, академик Зикриёхоҷаев Дилшод Зуҳурович (ба таври маҷозӣ), мудири шуъбаи гинекологияи Беморхонаи рақами 5-и Донишгоҳи тиббии Синҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин (PhD) Йи Ҷинлинг суханҳои табрикотӣ ва андешаҳо перомуни муҳимияти баргузории конфронсро иброз намуданд.
Дар ҷамъбасти қисмати тантанавии конфронс сарояндагони шинохта ва маҳбуби кишвар: Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Роҳбари бадеии ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи Телевизион ва Радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Сафаров, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, корманди ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи Телевизион ва Радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Сайнаков ва дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ бо сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои мавзун баромад намуданд.
Дар қисмати пленарӣ профессори кафедраи физиологияи нормалӣ ва потологии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, д.и.т. Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич дар мавзуи “Роль агрессии в создании конфликтных ситуаций и враждебного поведения”, директори Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, д.и.т Раҳмонзода Хуршед Ҷамшед дар мавзуи “Перспективы и развития сосудистой нейрохирургии в Республике Таджикистан”, мудири шуъбаи омосҳои узвҳои репродуктивии занони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Муҳсинзода Нилуфар Абдуқаҳҳор дар мавзуи “Вакцинация против вируса папилломы человека и репродуктивное здоровье”, профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Саидов Абдулманон Саторович дар мавзуи “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди омӯзиши донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии тиббӣ: имконот ва мушкилот бо маърузаҳои ҷолиб ва барои соҳаи тиб муҳим баромад намуданд.
Пас аз нисфирӯзӣ кори конфронс дар бахшҳои “Ҷарроҳии умумии №1” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Ҷарроҳии умумии №2” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Ҷарроҳии асаб ва травматология” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Офталмология ва онкология” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Бемориҳои сироятӣ ва эпидемиология” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Педиатрия” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Бемориҳои дарунӣ” бо баррасии 13 мақолаи илмӣ, “Акушерӣ ва гинекологӣ” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Фарматсия” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Стоматология” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Фанҳои тиббии назариявии № 1” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Фанҳои тиббии назариявии № 2” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ ва “Фанҳои ғайритиббии назариявӣ” бо баррасии 15 маърузаи илмӣ идома ёфта, табодули андеши перомуни мавзуъҳои баррасигардида сурат гирифт.
Пас аз баррасӣ гардидани маърузаҳо дар бахшҳои зикргардида ҷамъбасти кори Конфронс дар толори калон доир карда шуд. Раисони бахшҳо оид ба кори бахш, миқдори маърузаҳои шунидашуда, муҳиммияти мавзуъҳои баррасишуда ва сатҳи баргузории бахшҳо маълумот доданд.
Дар охир, қарор оид ба кори конфронс қироат карда шуд ва аз ҷониби масъулон, иштирокчиён ва Кумитаи тадорукот Қарори Конфронс қабул ва тасдиқ гардид ва кори Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ (солонаи VI) дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Хабарнигори сомона.







