Санаи 12-уми декабри соли 2025 дар толори калони донишгоҳ ҷаласаи Раёсат бо иштироки хатмкунандагони факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ баргузор гардид. Ин ҷаласа бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба хатм, шунидани дархосту пешниҳодҳои донишҷӯён ва таъмини омодагии ҳамаҷониба ба раванди хатм баргузор карда шуд.
Ҷаласаро муовини якуми ректори донишгоҳ, дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо ҳадафу вазифаҳои мулоқот шинос кард. Зимни суханронии худ таъкид намуд, ки хатм марҳилаи ниҳоии таҳсил буда, он бояд дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои таълимӣ баргузор гардад. Ҳамчунин, қайд дошт, ки дар соли таҳсили 2025-2026 дар маҷмуъ дар се факултет 366 нафар хатмкунанда мебошад, ки аз ин шумора 85 нафар духтар ва 281 нафар писар мебошанд. Ин шумора ба вилояти Хатлон 169 нафар (46,1%), ба вилояти Суғд 119 нафар (32,5 %), НТҶ 43 нафар (11,7 фоиз) ва шаҳри Душанбе 35 нафар (10 %) рост меояд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 15 нафар ё худ 4 % имконияти гирифтани Дипломи аълоро доранд.
Дар рафти ҷаласа дархосту пешниҳодҳои хатмкунандагон шунида шуда, масъалаҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби супоридани имтиҳонҳои хатм ва дигар ҷанбаҳои муҳими хатм мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Муовини якуми ректор ба саволҳои хатмкунандагон ҷавобҳои мушаххас дода, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои бардошташуда ба масъулини сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, бо мақсади ба таври муназзам ва босифат анҷом додани раванди хатм, таҳияи нақшаи муфассали чорабиниҳои хатм ба масъулин супориш дода шуд.
Муовини якуми ректор, ҳамчунин, аз ҳозир омодагӣ дидан ба рӯзи хатмро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамоҳангии сохторҳо, масъулиятшиносӣ ва ҳамкории фаъол омили асосии баргузор гардидани хатм дар сатҳи баланд мебошад. Дар фарҷоми ҷаласа зикр гардид, ки чунин мулоқоту ҷаласаҳо минбаъд низ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди хатм ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хатмкунандагон баргузор хоҳанд шуд.
Дар навбати худ, хатмкунандагон барои таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати иҷрои талабот ва иштирок дар хатм дар сатҳи баланд баён доштанд.
Хабарнигори сомона.
Хабарнигори сомона.



