Аз 2-юм то 13-уми феврали соли 2026 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ аттестатсияи навбатии давлатӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳадафи асосии аттестатсия арзёбии сатҳи сифати таълим, мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои давлатӣ, вазъи таъминоти кадрӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, фаъолияти тарбиявӣ, ҳолати заминаи моддиву техникӣ ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
Санаи 25-уми феврал бо иштироки директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид натиҷаҳои аттестатсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа дастовардҳои донишгоҳ дар самти таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони баландихтисос, рушди корҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид гардиданд. Ҳамзамон, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва такмили фаъолияти сохторҳои марбута тавсияҳои мушаххас пешниҳод шуданд.
Роҳбарияти донишгоҳ изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, фаъолияти минбаъда ба таҳкими сифат ва рақобатпазирии муассиса равона карда мешавад.
Баррасии натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ қадами муҳим дар самти таъмини шаффофият, боло бурдани масъулият ва рушди устувори донишгоҳ арзёбӣ мегардад.



Хабарнигори сомона
