19 январи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо мақсади беҳдошти саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим дар байни омӯзгорон аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот ва тенниси рӯимизӣ мусобиқаи варзишӣ оғоз гардид. Омӯзгорон аз кафедраҳо ва сохторҳои донишгоҳ худро номнавис намуда, аз рӯйи мусобиқаҳои дар боло зикргардида бо ҳам сабқат доранд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
15 январи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби сардори Маркази курси малакахои амалӣ Насруллоев Д. дар мавзӯи «Омӯзонидани малакаҳои амалии касбӣ ба омӯзгорони ҷавон» семинар баргузор гардид.
Дар семинар омӯзгорони ҷавон аз кафедраҳои Анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, забони лотинӣ, Анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология, Фармакология ва микробиология Физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологӣ иштирок намуданд.
Дар давоми семинар оид ба тарзҳои тайёр намудани семинар дар мавзӯъҳои гуногун ва гузаронидани семинар вобаста ба курсҳо маълумоти муфид дода, аз муляжҳо ва видеороликҳо истифода бурда шуд.
Гузаронидани чунин семинарҳоро барои ҳаллу фасли мавзӯъҳои гуногун бо донишҷӯён аз ҷониби омӯзгорони ҷавон хеле муҳим арзёбӣ гардид.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
17 декабри соли 2020 дар шаҳри Леваканд озмуни Стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён аз донишкада ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар озмуни мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯёни курси панҷуми факултети тиббӣ Фозилов Н. ва Ҷойлобов М. иштирок карда буданд.
Озмун аз се давр - худмуаррифӣ ва саволу ҷавоб ба забони англисӣ ва русӣ, навиштани иншо ва имтиҳони тестӣ иборат буд.
Фозилов Насим се даври озмунро сарбаландона гузашта, гирандаи Стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
9 январи соли 2021 дар Кохи Сурӯши шаҳри Душанбе дар маросими тантанавӣ ба ѓолибони озмун шаҳодатнома ва туҳфаи пулӣ супорида шуд.
Раёсати ДДТХ, ҳайати омӯзгорон ва профессорон Фозилов Насимро барои шарафёб шудан ба Стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, дар таҳсил ва корҳои ояндааш комёбиҳои беназир орзу менамоянд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва шогирдон аз марги бармаҳали шавҳари саромӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Шарипова Ҳилола сахт андуҳгин буда, барои эшон таслият ва сабри љамил изҳор менамоянд.
РАЁСАТИ ДДТХ