Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Санаи 20-уми марти соли 2024 тибқи нақша-чорабиниҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон иди Наврӯзи оламафрӯз бо ҷалолу шукуҳи хоса таҷлил гардид. Аз субҳи барвақт донишҷӯёну омӯзгорон бо либоси идона, занону бонувон бо атласу адрас ва чакану дигар либосҳои миллӣ ба донишгоҳ ҳозир гардида, бо либоси миллӣ ба ҷашни донишгоҳӣ таровати нав зам намуданд. Шурои занон ва духтарон, шуъбаи тарбия ва фарҳанг ва донишҷӯёни факултети педиатрӣ, ҷиҳати иҷрои расму ойинҳои наврузӣ, дар назди толори фарҳангии донишгоҳ "Намоишгоҳи наврузӣ"-ро омода намуданд, ки аз "Ҳафтсину ҳафтшин", хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иборат буд. То оғози чорабинии фарҳангӣ ҲПО ва донишҷӯён аз ин намоиш дидан намуданд.

Сипас, дар толори фарҳангӣ барномаи адабӣ-мусиқии аҳли ҳунари донишгоҳ доир карда шуд. Чорабиниро Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳозиринро бо ин ҷашни бузург ва ҷаҳонӣ табрику таҳният намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки: "Хеле хушоянд ва фараҳфизо аст, ки имрӯз дар кишвари биҳиштосои мо аз фарорасии Наврӯзи хуҷастапай фазои идона ҳукмфармо аст. Аз ҳар гӯшаю канори мамлакат танини найу дутор, дафу доира, созу наво ва хандаю сурури мардуми шарафманди миллати тоҷик ба гӯш мерасад. Тантанаю дабдабаи имрӯзаи мо низ шаҳомату шукуҳи Наврӯзи фархундапай мебошад". Ҳамзамон, Ректори донишгоҳ аз таърихи Наврӯз, расму оинҳои он, ҷаҳонишавии Наврӯз, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар "Иди байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз" ва дигар хусусиятҳои хоси ин ҷашни бузурги миллӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, Ректори донишгоҳ ғолибони озмунҳои "Маликаи Наврӯз-2024", "Гулбазми наврӯзӣ" ва "Канӣ духтарон"-ро, ки бахшида ба идҳои баҳорӣ дар донишгоҳ баргузор гардиданд, бо Ифтихорномаи ва мукофти пулӣ қадрдонӣ намуданд.

Дар идома, дастаи ҳунарии "Дурахшон"-и донишгоҳ дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни факултети педиатрӣ барномаи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони "Наврӯзи оламафрӯз"-ро, ки аз композитсияи адабӣ-мусиқӣ, суруду тарона, шеъру баромадҳо, намоиши либосҳои миллӣ, рақсу бозиҳои наврӯзӣ иборат буд, пешниҳоди ҳозирин гардонданд.

Хабарнигори сомона.

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба баргузории идҳои баҳорӣ санаи 15-уми марти соли 2024 дар донишгоҳ озмуни “Маликаи наврӯзӣ” ва “Гулбазми наврӯзӣ” доир карда шуданд. Масъули озмунҳои мазкур шурои занон ва духтарон ва кафедраи забонҳо буда, донишҷӯдухтарони соҳибистеъдод барои иштирок дар озмун ҷалб карда шуданд. Довталабон шартҳои озмунро, ки қаблан эълон гардида буданд, бо як маҳорату истеъдоди хос иҷро намуданд ва ҳунари онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд.

Аз ҷониби ҳайати ҳакамон донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ – Рустамқулова Гулнора Шуҳратҷоновна ғолиби озмуни донишгоҳии “Маликаи Наврӯз-2024” ва донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ - Баротова Амина Мирзоҳаётовна ғолиби озмуни “Гулбазми наврӯзӣ” дониста шуданд.

Ғолибон дар ҷашни наврузии донишгоҳӣ бо Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

 

Шурои занон ва духтарон,

Кафедраи забонҳо.

Санаи 14-уми марти соли 2024 дар донишгоҳ курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи таълимии «Физиологияи патологӣ» барои омӯзгорони Коллеҷи тиббии  ДДТХ дар ноҳияи Данғара ҷамъбаст гардид.

Курси мазкур дар асоси банди 4.1.-и Низомномаи Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ва дархости директори Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон дар ноҳияи Данғара ташкил гардида, 15 нафар омӯзгорони коллеҷ дар давоми 24 рӯз ба курс фаро гирифта шуданд.

Пас аз ба анҷом расидан ва супоридани имтиҳон шунавандагон бо “Шаҳодатнома”-и курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи таълимии «Физиологияи патологӣ» шарафёб гардиданд.

Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ.

    Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.03.2024 ҷиҳати ба роҳ мондани тамошои дастаҷамъонаи “Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар”, ки санаи 09.03.2024. баргузор гардида буд, чораҳои амалиро андешид.

Санаи 15-уми март, соати 18:30 дар хобгоҳи донишҷӯён тамошои дастаҷамъонаи суханронии Пешвои муззами миллат ташкил карда шуд. Ҳамзамон, сабти видеоии суханронии Пешвои миллат аз шабакаҳои расмии иҷтимоӣ боргирӣ гардид ва санаи 16-уми марти соли 2024 бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда дар Бинои нави донишгоҳ тамошои дастаҷамъона такроран ба роҳ монда шуд. Зикр бояд кард, ки дар толори калони бинои асосӣ 1100 (ҳазору сад нафар), дар  се толори лексионии бинои асосӣ зиёда аз 700 нафар, дар толори китобхонаи бинои асосӣ 150 нафар, дар толори маҷлисгоҳ 80 нафар, дар толори лексионии бинои таълимии шашошёна 200 нафар аъзои Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, фаро гирифта шуданд.

     

Аҳли Раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён дарк намуданд, ки таъкид ва дастурҳои Пешвои муаззами миллат то чи андоза муҳим ва саривақтӣ буда, ба нафъи ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ, ҳар як хонаводаву ҷомеа ва давлату миллат иброз гардида буданд.

Хабарнигори сомона.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид