Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (1017)

     Аз 30-юми январи соли 2017 дар гурӯҳҳои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    нимсолаи дуюми соли аввалини таҳсил оғоз гардид. Агар ду рӯзи аввал аз сабаби офати табии дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе рухдода қисме аз донишҷӯёни вилояти Суғд бо сабабҳои воқеӣ дар вақташ расида омада натавониста бошанд ҳам, рӯзҳои баъдина иштироки донишҷӯён хеле беҳтар гардид.

         Рӯзи 2-юми феврал бошад сарвари донишгоҳ –д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон аз дарси ҳар як гурӯҳҳои таълимӣ дидан намуда, аз рафти таҳсил изҳори қаноатмандӣ намуданд. Бо оғози соли нави таҳсил синфхонаву лабораторияҳо барои тадриси фанҳои анатомияи одам, физикаи тиббӣ, биологияи тиббӣ таҷҳизонида шуда, аксари дарсҳо бо намоиши слайдҳои дахлдори мавзӯъҳои таълимӣ ба роҳ монда шуданд. Аз нимсолаи дуюм – тадриси фанни нави ихтисосӣ – гистология оғоз гардид, ки донишҷӯён ин фанро низ бо шавқу завқи беандоза омӯхта истодаанд.

         Баъдан бо иштироки ректори донишгоҳ ва аъзои раёсати донишгоҳ рафти низоми таълим дар нимсолаи дуюм муҳокима гардида. барои беҳтар намудани сифати таълим супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Рӯзи 11-уми феврали соли 2017 дар толори фарҳангӣ аввалин  конференсияи илмию амалии устодони ДДТХ дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳнамо  ба сӯи зиндагии шоиста» баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории ин ҳамоиш баррасии муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар конференсия ҳайати раёсат, профессорону омӯзгорон, донишҷӯёни ДДТХ, намояндагон аз Ҳукумати ноҳияи Данғара, воситаҳои ахбори омма  ширкат намуданд.

Ба диққати ҳозирин маърӯзаҳои зерин пешниҳод карда шуданд:

  1. Баромади мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. дар мавзӯи «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Роҳ барои ояндаи дурахшон».
  2. «Величие русского языка и его роль в подготовке высококвалифицированных кадров» -  баромади дотсенти кафедраи забонҳои ДДТХ Должикова В.А.
  3. «Хусусиятҳои тарбиявии таҳсилоти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - баромади сардори Шуъбаи таҳлилу назорат ва робита бо ҷомеаи ДДТХ,  н.и.ҷ. Ахмедов Ш.Р.
  4. «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - баромади мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи ДДТХ, дотсент Ситамов С.
  5. «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - баромади мудири кафедраи химия ва биологияи тиббии ДДТХ, н.и.б. Чориев С.А.
  6. «Нақши пешвои миллат дар таҳкими мавқеи ҷавонон» - баромади н.и.ҷ., мудири   кафедраи ҷомеашиносии ДДТХ  Гулов А.А.
  7. «Мо забони русиро меомӯзем» - баромади муаллими калони кафедраи забонҳои  ДДТХ Қурбонов Х.Ш.

 

Бо сухани ифтитоҳӣ ба конференсияи мазкур ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд намуданд, ки имрӯз дар саросари ҷумҳурии азизамон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди омӯзишу баррасиҳо қарор гирифтааст. Дар Паёми мазкур нуктаҳои асосии рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ зикр гардидаанд ва мақсади баргузории конференсияи имрӯза ҳам ба масъалаи мазкур бахшида шудааст. Дар маърузаҳои пешниҳодшуда  зикри он дар ҷойи аввал меистод, ки  дастуру супоришҳои  дар  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасишуда  бояд маромномаи рушди устувори Тоҷикистон барои солҳои минбаъда гардад. Имрӯз тамоми мардуми кишвари куҳанбунёди мо ба роҳи устувори созандагию бунёдкорӣ қадам ниҳода истодаанд ва ин ҳидояти навбатии Пешвои миллат онҳоро ба сӯи ояндаи дурахшони миллат раҳнамун месозад.

Дар анҷоми конференсия ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба ҳайати омӯзгорону профессорон, донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон дар ҳамоиши мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Муовинати таълим

   Рӯзи 24-уми январи соли 2017 ба мақсади боз бештар шиносоӣ пайдо намудан бо қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ семинар барои ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид. Дар семинар муовини ректор оид ба таълим достент Ғафуров Б.А., мудирони кафедраҳои анатомия ва гистология, физикаи тиббӣ ва информатика, химия ва биологияи тиббӣ, ҷомеашиносӣ ва забонҳо, омӯзгорони кафедраи мазкур ширкат варзиданд. Оид ба муҳтавои имлои нави забони тоҷикӣ мудири кафедраи забонҳо, доктори илмҳои филологӣ Тағоймуродов Р.Ҳ. баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки забони тоҷикӣ, дар баробари дигар забонҳои дунё, забони арҷманде аст, ки аз гузаштаҳои бисёр дур осори навиштории гаронқадре аз он бар ҷой монда, ки дарбардорандаи арзишҳои волои инсонист. Ин забон асрҳои зиёде забони расмиву фарҳангии бахши васее аз ҷаҳон, аз Осиёи Миёна то Осиёи Сағир ва Байнаннаҳрайн ва тамоми шибҳи қораи Ҳиндустон будааст ва на танҳо тоҷикони алоқаманд, балки бисёре аз ғайри форсизабонон бо шавқу шӯр ин забонро фаро гирифта бад-он шеър суруда ва китоб навиштаанд. Ба дигар сухан, забони ноби тоҷикӣ ҳофизи ваҳдати қавми форситабор ва рамзи ҳувияти миллии мост. Дар солҳои ахир ду омили дигар ин дигаргуниро шадидтар кард, яке, тарҷума аз забонҳои хориҷӣ дар ҳама бахшҳои иҷтимоъ, дигаре, шитобзадагии хабаргузориҳо, ки хабарҳои ҷаҳонро бидуни таҳаммул, бе назардошти сатҳи маърифати ҷомеа, баррасӣ карда, мекӯшиданд ҳар чи зудтар, дар ихтиёри матбуот ва дигар расонаҳои гурӯҳӣ қарор диҳанд. Дар натиҷаи тадриҷан суръат гирифтани равандҳои демократӣ дар ҷомеа ходимони матбуоту нашриёти ҷумҳрии мо, бо истифода аз озодии мутлақ, даст ба тағйиру табдили имлои ҷорӣ заданд. Мунтаҳо дар имло хараҷу мараҷ ба амал омад. Ин ҳолат зарурати таҷдиди имлои навро пеш овард. Ба ин мақсад дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Комиссияи имло таъсис ёфт, ки ба ҳайати он мутахассисону донишмандони пуртаҷриба ва шинохтаи муассисаҳои илмиву фарҳангии ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Вазифа аз ин иборат буд, ки лоиҳаи Имлои забони тоҷикӣ дар асоси талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии давлат, махсусан Қонуни забони давлатӣ ва дастовардҳои илми забоншиносӣ таҳия ва ба муҳокима пешиҳод карда шавад. Ниҳоят лоиҳаи имло дар асоси принсипҳои овозшиносӣ, морфологӣ ва таърихӣ таълиф гардида, тавассути рӯзномаву маҷаллаҳои мамлакат пешкаши тамоми мардуми кишвар гардид. Гурӯҳи корӣ лоиҳаро аз аввал то охир ба риштаи таҳрир кашида, Имлои забони тоҷикиро ба Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Комиссия баъди баррасӣ онро барои тасвиб ба Ҳукумати ҶТ манзур намуд. Ба ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октиябри соли 2011, №458 ба тасвиб расид, ки дар банди 3 ин қарор чунин омадааст: «Кумитаи забон ва истилоҳоти нази Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи ҶТ, АИ ҶТ, вазорату идораҳо, ҳамчунин ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, нашри фарҳанги имло, дастурҳои таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва ҳамчунин асноди меъёриро бо дарназардошти Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монад». Иштирокчиёни семинар бо шавқу ҳаваси зиёде оид ба паҳлӯҳои гуногуни имло саволҳо медоданд ва аз ҷониби маърӯзачӣ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар охир қайд карда шуд, ки омӯхтану дар сатҳи зарурӣ азхуд кардани қавонину қавоиди имлои забони модарӣ амали хайру савоб, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, нишонаи мунавварфикрӣ, рамзи арҷгузорӣ ба Модар, Ватан, ниёгон, давлату ҳукумат ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон қаламдод кардан мунсифона ба назар мерасад.

Кафедраи забонҳо

      Рӯзҳои 27-28-уми январи соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    Семинар-машварат дар мавзӯи «Технологияи навин – кафили шаффофияти таълим» гузаронида шуд. Семинар-машварат бо иштироки Маркази бақайдгирӣ ва машваратии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав  аз тарафи  сардори Маркази мазкур дотсент Хайров А.Г. ва мутахассиси ҳамин марказ Ҳасанов Ш.Р. гузаронида шуд. Дар семинар-машварат, ки ба масъалаҳои мубрами низоми кредитии таҳсилот бахшида шуд, аз ДДТХ мудирони кафедраҳои анатомияи одам  ва гистология, физикаи тиббӣ ва информатика, кафедраи забонҳо, кафедраи химия ва биологияи тиббӣ, кафедраи ҷомеашиносӣ, намояндагони деканат, шуъбаи таълим, омӯзгорон ширкат намуданд. Дар семинар масъалаҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд:

  1. Мақсади баргузории семинар-машварат, таркиби сохтори МБМ
  2. Меъёри баҳо, назорат ва баҳодиҳӣ, тарзи ҳисоби баҳо, тестҳо ва навъи онҳо
  3. Силабус - талабот ба таркиб ва мазмуни он. Ташкили КМРО ва кори курсӣ Таҳлили «Низомномаи намунавии таҳсилоти кредитӣ»-и Вазорати маориф ва илми ҶТ
  4. Вазифаи эдвайзерон, бақайдгирандагон, мутахассисон, сармутахассисон, маъмурон ва маъмурони калон
  5. Ташкили раванди таълим. Меъёри тақсимоти кредитҳо барои дараҷаи бакалавр, мутахассис, магистр ва доктор Pdh. дар ҷадвали дарсӣ
  6. Тартиби хориҷ, барқароркунӣ ва интиқоли донишҷӯ. Ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва роҳнамои донишҷӯ

Иштирокчиён семинар-машварат ба масъалаҳои гуногуни системаи кредитии таҳсилот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Умуман, семинар-машварат дар масъалаи баррасии системаи кредитии таҳсилот, масъалаҳои марбути он нақши муассири худро гузошт.

Шуъбаи таълим

    Рӯзҳои 28-29 –ум  январи соли 2017 дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мушкилот барои гузаштани нақлиёт эҷод гашт. Дар километри 51-52 шоҳроҳи мазкур ҳангоми аз он гузаштани нақлиёт садамае ба амал омад, ки бадбахтона  боиси канда шудани риштаи умри ҷавони – донишҷӯи курси аввали факултети тиббӣ, гурӯҳи 4 Носирова Фариза  (24.01соли 1998 соли таваллудаш) гардид.

   Дили ҷавони пурорзӯи ҷавондухтар аз тапидан боз монд, ки бо ҳазор ормону умед, орзӯи табиб шудан ва ба халқу Ватан хизмат намуданро дошт.

   Фаризаи ҷавонмарг бо кушишу ғайрати зиёд таҳсил мекард ва дониши хубаш боиси таҳсини устодону раёсати донишгоҳ гашта буд. Албатта, ин фоҷиаи бузург қалби дӯстону ҳамсабақон ва наздиконашро лабрези ғаму андӯҳ намудааст.

   Роҳбарияти ДДТХ аз ин фоҷиаи фалокатбор изҳори андӯҳу ҳамдардӣ намуда, ба волидон ва пайвандони Фариза Носирова сабри ҷамил мехоҳад.

   Бовари дорем, ки ёди ин ҷавондухтари аз сад гул як гулаш нашкуфта дар дили мо абадӣ хоҳад монд.

Раёсат ва созмонҳои ҷамъиятии ДДТХ

  Чуноне ки мо қайд карда будем, тибқи Нақшаи кории  китобхона   намоиши «Ахтарони сайёр», ки тариқи сомона баргузор мегардад, бо мақсади боз ҳам хубтар фаъолият намудани кори китобхона, воридсозии иттиллоот оид ба захираҳои чопӣ ва электроние, ки дар китобхона мавҷуд аст, ташкил ва ба роҳ мондани кор бо донишҷӯёну омӯзгорон мебошад. 

     Имрӯз маъмурияти китобхона тасмим гирифтааст, ки ба дӯстдорони китоб тариқи маҳфили  «Ахтарони сайёр», асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳо дар бораи ин Шахси бузургро пешкаш гардонад.

    Дар ин асарҳо натиҷаҳои фаъолияти гуногунпаҳлӯи Сарвари давлат доир ба бунёдкорию созандагӣ, тарғиби арзишҳои волои давлатдории миллии тоҷикон, тарбияи насли ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ ва омӯзиши амиқи илму техникаи муосир ва ҳамчунин дар самти ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлати Тоҷикистон дар минтақа ва чаҳон инъикос ёфтааст. Бояд қайд кард, ки ин китобҳо ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва мухаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст. Китобҳоро метавонед аз китобхонаи Донишгоҳ дастрас намоед.

 

                                                                                       Маъмурияти китобхона

      Рӯзи 9-уми январи соли 2017 донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз фанни химияи физколоидӣ имтиҳони нахустини худро супориданд. Дар чеҳраи ҳар яке аз онҳо осори ташвишу ҳаяҷонро мушоҳида намудан мумкин буд, охир ин нахустин имтиҳони давраи донишҷӯи онҳо мебошад!  Аз ҳама муҳимаш, рафти қабули имтиҳонҳо бо низому тартиби муайяне ҷараён меёфт.  Дар ҳар як синфхонае, ки донишҷӯён имтиҳон месупориданд, дар рӯи миз вариантҳои саволномаҳо пешакӣ омода карда шуда буданд. Аз чунин низому тартиб худи донишҷӯён низ хеле қаноатманд буданд. Вариантҳои имтиҳонӣ  аз 30 саволнома – 25 саволи тестӣ, 1 саволи мувофиқат ва 4 саволи кушода иборат буданд.

      Низоми имтиҳонро декани факултетҳо н.и.т. Саидов И.З., муовини декан Камолов А.С., кормандони шуъбаи таълим – муовини ректор оид ба таълим дотсент Ғафуров Б.А., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П., омӯзгорони кафедраи  химия ва биологияи тиббӣ – мудири кафедра н.и.б. Чориев А.А,, н.и.х. Усмонова У.Х., омӯзгорон Султонмамади Гулмамамад, Шарипова Ҳ, таъмин менамуданд.

Tuesday, 10 January 2017 00:00

АХТАРОНИ САЙЁР-И ДДТХ

АХТАРОНИ САЙЁР-И ДДТХ

Имрӯз, Китобхонаи  Донишгоҳ  тариқи намоиши «Ахтарони  сайёр»  ба шумо маълумоти мухтассар оид ба ду навъи  китобҳои нодире, ки дар Китобхона мавҷуд аст, пешниҳод менамояд.

            Лозим ба қайд аст, ки мутолиа намудани  китобҳои зерин барои ҳар як фарди ватандӯсти ҷомеа, хусусан донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи тиб зарурӣ мебошанд.

 ФАРҲАНГИ ТИББИ НИЁГОН

Тартибдиҳандагон У. Қурбон ва А. Раҷабзод. –Д: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2016-776 саҳ.

 

Китобе, ки шумо мебинед онро мураттибон дар тӯли солҳои зиёд зарра-зарра гирд оварда, пешкаши ҳаводорони илми тиб кардаанд. Китоб наздики 20 ҳазор вожаю калимаҳои марбут ба тибби бостони тоҷиконро дар бар мегирад. Дар китоб номи вожаҳо боҳуруфи кирилӣ, форсӣ ва лотинӣ оварда шудаанд. Дар фарҳанг дарҷ гардидани номҳои лотинии бисёр давоҳои қадимӣ – гулу гиёҳ ва маъдану унсурҳои кимиёӣ ба хонанда маълумоти иловагӣ медиҳад. Китоб барои одамони касбу корашон гуногун-табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ, муҳаққиқону  олимон ва кули ҳаводорони илми тиб пешбинӣ шудааст.

 АНДАРЗҲО ДАР БОРАИ ТИБ ВА ТАБИБ

 

Дар зери таҳрири умумии Қурбонов У.А., Лангариева Ҷ.С.,Юлдошев У.Р., Юсуфов А.И.,Ахмедов Ш.Р. Нашриёти «Ҳикмат»Д., ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  140 саҳ,2012 сол

 Китобе, ки инак бар Хонандагони гиромӣ- аҳли илм ба вижа онҳое, ки ба мақому мартабаи илми тиб, шахсияти табиб ва табобат  иштиғол доранд арза мегардад, маҷмӯаест, ки дар он панду андарз ва ҳикматҳои донишмандон, нависандагону адибони маъруфи классику муосири форсу тоҷик,табибону файласуфон ва андешамандони дунё оид ба қадру манзалати тиб ва табиб, табобату тандурустӣ  ҷамъоварӣ  шудааст. Дар маҷмӯа аз андарзу ҳикматҳои бузургони тиббу фалсафаи олам, монанди Ҷолинусу Буқрот ва аз ашъору осори адибон ва донишмандони классику муосири форсу тоҷик мисли Ибни Синову Фирдавсӣ, Ҳаким Майсараву Шайх Саъдӣ, Носири  Хисрав, Ҷалолиддин Балхӣ, Лоиқ Шералӣ  ва дигарон маводи пурмӯҳтаво гулчин ва пешкаш  гардидааст.

                             Маъмурияти  Китобхона

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид