Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (968)

Thursday, 01 December 2022 00:00

ТАЪЗИЯ

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба омӯзгори кафедраи ҷарроҳии №1 Холов Акмал Давлаталиевич барои  марги

ҚИБЛАГОҲАШ

ҳамдардӣ баён намуда, ба ӯ ва наздикону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

РАЁСАТИ ДДТХ

24 - уми ноябри соли 2022 дар ноҳияи Данғара бахшида ба рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии умумӣ баргузор гардид, ки аз ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар он ширкат варзиданд.

Раҳпаймоӣ аз кӯчаи Марказии ноҳия оғоз гардид. Иштирокчиён бо шиорҳои гуногун меҳру садоқати худ нисбат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам изҳор менамуданд.

Пас аз раҳпаймоӣ дар толори Қасри фарҳанг барномаи фарҳангии идона баргузор гардид.  

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

24 - уми ноябри соли 2022 бо ибтикори муовинати тарбия ва фарҳанг ва кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика ба номи С.Ситамов  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Ш.Р. ифтитоҳ намуда, табрикоти ректори ДДТХ муҳтарам Убайдулло Қурбонро барои ҳозирин қироат кард. Дар суханронӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос гардид, ки “Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла арҷгузорӣ ба Парчам - арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст”.














Дар идомаи чорабинӣ н.и.п. Холов А.А. - мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика ба номи С.Ситамов дар мавзуи “Парчами давлатӣ муқаддасоти милли мост” маърӯзаи пурмуҳтаво кард.

Оид ба “Таърихи Парчами давлатӣ” донишҷӯи курси 2-юми факултети педиатрӣ Шуҷоатзода Х. маърӯза кард.

Дастаи ҳаваскорони “Дурахшон” барномаи таҳиянамудаи худро таҳти унвони “Парчами мо - ифтихори мо” пешкаши тамошобинон гардонданд, ки аз суруду таронаҳои дилнишин ва рақсҳои иборат буда, дар маҷмуъ мавзуи ватандориро дар бар мегирифт.

Муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Ш.Р. чорабиниро ҷамъбаст намуда, барои маърузакунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

22 - юми ноябри соли равон дар муовинати илм ва нашрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои омодагӣ ба Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (солонаи III-юмин) дар мавзуи “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТИББИ МУОСИР: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО” бо иштироки мудирони кафедра ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа мудирони кафедра оид ба омодагии кафедраҳо барои конференсияи мазкур маълумот доданд.

Муовини ректор оид ба илм ва нашрия номзади илми тиб, дотсент Боронов Ҳ.А. ба мудирони кафедра баҳри ҳарчи тезтар омода намудани тезисҳо барои конференсияи дар пешистода супоришҳои мушаххас дод.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА  

22 - юми ноябри соли равон дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  аз ҷониби Воҳидов И. - эксперти қарзӣ, маркетолог ва М.Рузимадзод - эксперти қарзии  Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди  Имон Интернешнл бо донишҷӯён семинар - машварат баргузор гардид.

Семинар - машваратро муовини декани факултети педиатрӣ Омонов Э.О. ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро бо ҳозирин шинос намуд.

Мавзуи асосии семинар - машварат аз баланд бардоштани малакаи идоракунии пасандоз иборат буд.

Дар анҷоми семинар ғолибони аксияи “Стипендия аз Имон” донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ Исмоилова Н., донишҷӯёни курси панҷуми факултети педиатрӣ ва стоматологӣ - Раҷабзода Р. ва Раҳимов М. ва донишҷӯёни курси шашуми факултети педиатрӣ ва тиббӣ   Аввалов Ш. ва Тухсанбоев С. бо маблағ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

18 - уми ноябри соли 2022 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ дар доира ҳамкорӣ аз Федератсияи Россия омӯзгорони варзида - доктори илмҳои фалсафа дар соҳаи педагогика, профессор  Юрчук Светлана Николаевна ва омӯзгори забон ва адабиёти рус Дворетская Ирина Владимировна, ҳамзамон директори таълимгоҳи «Дурахшандагон», аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии маорифи ИДМ Бобозода Малоҳат Домуллоевна даъват карда шуданд.

Муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Ш.Р. меҳмононро бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён шинос намуд.

Семинарҳои омӯзишӣ дар толорҳои китобхона, фарҳангӣ ва лексионии кафедраи физикаи тиббии ба номи С.Ситамови ДДТХ баргузор гардиданд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Юрчук С. Н. дар мавзуи “Хусусиятҳои психологӣ - педагогии ташкил намудани фаъолияти таълимии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ”, Дворетская И. В. дар мавзуи “Усулҳои методии ташкил намудани фаъолияти таълимии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ” ва Бобозода М. Д. дар мавзуи “Машғулияти ҳавасмандкунии “Савганди Буқрот””  семинар гузарониданд.

Суҳбати озоди донишҷӯёну омӯзгорон, саволу ҷавоб ва баҳсҳои илмӣ аз шавқовар будани семинар ва сатҳи баланди маҳорати педагогии тренингҳо шаҳодат медиҳад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҳамкорӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаи Федератсияи Россия ва директори таълимгоҳи «Дурахшандагон» қаноатманд буда, ба эшон барои гузаронидани семинарҳои шавқовару пурмуҳтаво самимона изҳори сипос менамояд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

16 - уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори муовинати тарбия ва фарҳанг ва кафедраи физиологияи нормалӣ ва  патологӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва 30 - солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Мувовини ректор оид ба таълим н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, паёми табрикотии ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро қироат намуд.



















Дар идомаи чорабинӣ профессори фахрии ДДТХ Должикова В.А. оид ба қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани сулҳ дар Тоҷикистони азиз ва якпорчагии миллат маърӯзаи пурмуҳтаво кард.

Донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Зоирова Г. оид ба ҳаёт ва фаъолияти Президенти кишвар маълумоти муфассал дод.

Аз ҷониби ҳаваскорони дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ дар васфи Сарвари давлат шеърҳо қироат гардиданд. Ҳамзамон, ҳаваскорон бо сурудҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун  ҳозиринро болидахотир гардониданд.

Дар анҷоми барномаи фарҳангӣ муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Ш.Р. барои таҳиякунандагони барномаи фарҳангӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

16 - уми ноябри соли равон дар Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Президент ва 30 - солагии Иҷлосияи       XVI-уми Шӯрои Олӣ намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар намоиш ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии н.Рӯдакӣ дар ноҳияи Данғара ва Коллеҷи тиббии ДДТХ ноҳияи Данғара  ширкат варзиданд.

Оператори барномаҳои системавӣ дар Китобхонаи ДДТХ - Қурбонов А.И.  барои донишҷӯён аз ҳаёт ва фаъолият ва мундариҷаи мухтасари китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал дод.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид