Хабарҳои ДДТХ (968)
ШИНОНДАНИ ДАРАХТОН АЗ ҶОНИБИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ
Аз ҷониби кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология дар назди муассисаи давлатии Беморхонаи вилоятии клиникии бемориҳои сироятӣ 8 бех ниҳоли ҳамешасабзи арча ва сад бех гули садбарг шинонда шуд. Ин аз як тараф агар боиси зебогии гирду атрофи бино гашта бошад, аз ҷониби дигар экологияро тоза нигоҳ медорад.
Мудири кафедраи мазкур Исоева Б.И. қайд намуд, ки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои шашуми ДДТХ дар шинондани дарахтони саҳмгузор мебошанд.
Бояд қайд кард, ки дарахтон ва гулҳо аз ҷониби маъмурияти хоҷагидории ДДТХ таъмин карда шудааст.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО ДАР ГИРДУ АТРОФИ ДДТХ
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамеша барои тоза нигоҳ доштани гирду атрофи донишгоҳ ва хобгоҳи донишҷӯён аз ҷониби масъулон бо иштироки кормандони хоҷагӣ ва донишҷӯён корҳои ободониву созандагӣ гузаронида мешаванд. Асосан рӯзҳои шанбе кори муташаккилонаи аҳли донишгоҳ хеле назаррас аст. Рӯбучин ва гирд овардани партовҳо, суст кардани бехи гулҳо ва дарахтон, ба тартиб овардани дарахтони ороишӣ маҳз дар рӯзи шанбе сурат мегирад.
Ин аст, ки гирду атрофи донишгоҳ ва хобгоҳи донишҷӯён ҳамеша тозаву озода буда, бинобар кабудизор будани гирдогирди он ҳамеша сабз мебошад, ки ин ба зебогии донишгоҳ ҳусни дигар зам мекунад.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
САХОВАТИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӢ
Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо, волидони донишҷӯён ва соҳибкорони инфиродӣ ҳамчун кумак китобҳо, таҷҳизоти тиббӣ, маводи хӯрока ва ғайраҳо ворид мегарданд, ки ин нишонаи саховатмандист.
Ин навбат, моҳи декабри соли равон аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Сулаймонов З.З. барои хобгоҳи донишҷӯён 14м қолин бо маблағи 4 ҳазору 200 сомонӣ ҳамчун кумак ворид гардид ва он дар долони хобгоҳ мавриди истифода қарор гирифт.
Раёсати ДДТХ барои чунин амали хайр ва саховатмандӣ ба соҳибкори инфиродӣ Сулаймонов З.З. изҳори сипос менамояд.
РАЁСАТИ ДДТХ
СӮГВОРӢ
27 - уми декабри соли 2022 риштаи умри донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Умедов Намозалӣ Ҷалолиддинович канда шуд ва ӯ тамоми орзуҳои ҷавониашро бо худ ба зери хок бурд.
Умедов Намозалӣ 1 майи соли 2005 дар НТМ шањри Ҳисор дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Баъди хатми МТМУ № 34 н. И. Сомонии ш. Душанбе дар соли 2022 ва бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои қабул дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи донишҷуёни курси якуми факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тариқи таҳсили буҷавӣ дохил шудааст.
Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён аз марги бармаҳали Умедов Намозалӣ сахт андуҳгин буда, ба волидайн ва хешу пайвандони марҳум таслият изҳор менамоянд ва барои эшон сабри ҷамил хоҳонанд.
РАЁСАТИ ДДТХ
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОН
24 декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масоили омодагии кафедраҳо, деканати факултетҳо ва шуъбаи таълим ба имтиҳонҳои сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023, фаъолияти солонаи шуъбаи равобити байналмилалӣ дар соли 2022 ва фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар соли 2022 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи таълим Ғафуров Б.А. дар асоси нақшаи таълимӣ дар маҷмуъ аз курси якум то шашуми ҳамаи факултетҳо 45 имтиҳон муқаррар карда шудааст, ки 22 имтиҳон дар курсҳои чорум, панҷум ва шашум аз рӯи ҷадвали сиклӣ, баъд аз ба анҷомрасии дарсҳо дар муҳлати муайяншуда гирифта шуда истодаанд ва 23 имтиҳони боқимонда мувофиқи нақша дар сессияи зимистона гирифта мешаванд.
Сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ Назаров Р.И. қайд намуд, ки айни замон дар ДДТХ 4 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумла, 3 нафар аз Ҷумҳурии Қазокистон ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил намуда истодаанд.
Аз моҳи майи соли равон 8 нафар омӯзгори ДДТХ барои иштирок дар конференсия, бастани шартномаи дутарафа ва табодули таҷриба бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Фороби, Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфендияров, Донишгоҳи Павияи Итолиё, Донишгоҳи Фрайбурги Олмон ва Донишгоҳи тиббии Софияи Ҷумҳурии Булғористон сафари хидматӣ доштанд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои гуногун, аз ҷумла мавзуи рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2-и ДДТХ - Раҳмонов С. У. таҳти роҳбарии Бустонов М. О. тасдиқ гардида, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, доир ба масъалаҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро иброз доштанд ва ба масъулини сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас доданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ТАМОШОИ ДАСТҶАМЪОНАИ ПАЁМИ СОЛОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДДТХ
23 - юми декабри соли 2022 ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД
16 - уми декабри соли 2022 дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд III - юмин Олимпидаи байналмилалии донишҷӯёни донишкадаҳои олии тиббӣ “Самарқанд - 2020” аз рӯи 34 фанни клиникӣ ва заминавӣ баргузор гардид.
Бо даъвати Донишкадаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар олимпиада ширкат варзиданд.
Бояд қайд намуд, ки озмун аз 2 марҳила - тестӣ (30 савол) ва шифоҳӣ (3 савол) аз малакаҳои амалӣ иборат буд.
Озмун дар байни 10 давлати хориҷӣ (Полша, Туркия, Россия, Белоруссия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон) гузаронида шуд, ки 500 нафар донишҷӯён аз 76 донишгоҳи тиббӣ дар он фаъолона иштирок намуданд.
Аз ДДТХ дар олимпиада 27 нафар донишҷӯ иштирок намуданд, ки 1 нафар ҷойи дуюм, 1 нафар ҷойи сеюм ва 6 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар номинатсияи «Ҷарроҳии кӯдакон» Сатторова А. П. - донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ сазовори ҷойи 2-юм, Ҷабборов Ҳ. А. - донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ сазовори ҷойи 3-юм ва Етмишев М. М. - донишҷӯи курси 4 - уми факултети педиатрӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ҳамзамон, Султанов С. А. - донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ аз фанни «офталмология» ва Комилҷони Собир - донишҷӯи курси 5-уми факултети педиатрӣ аз фанни «невролология» дар номинатсияи “Ҳалли беҳтарини супоришҳои амалӣ” ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Инчунин, донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ Эргашев И. З. аз фанни «физиологияи патологӣ» дар номинатсияи «Иҷрои беҳтарини малакаҳои амалӣ», донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ Исмонов Х. М. аз фанни «травматология» дар номинатсияи «Тафаккури клиникӣ» ва донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ Ҳ. Суҳроб аз фанни «офталмология» дар номинатсияи «Муносибати беҳтарини илмӣ дар ҳалли мушкилот» ҷойи ифтихориро ишғол намуданд.
Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар таҳсил ва мусобиқаҳои минбаъда комёбӣ хоҳонанд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ПИРӮЗИИ ДОНИШҶЎЁНИ ДДТХ ДАР ОНЛАЙН ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКИИ НОВОСИБИРСК
1-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск онлайн олимпиадаи байналмилалӣ аз забонҳои хориҷӣ дар мавзуи «Мо фарҳангро месозем ё фарҳанг моро меофарад?» баргузор гардид.
Бо даъвати Донишкадаи мазкур донишҷӯёни ДДТХ низ дар олимпиада ширкат варзиданд.
Бояд қайд кард, ки дар олимпиадаи мазкур ба англисидонии иштироккунандагон эътибори асосӣ дода шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 1-5-и донишгоҳҳо метавонистанд ширкат варзанд. Олимпиада аз 2 марҳила - «шунидан» ва «гап задан» иборат буд .
Аз ҳар як донишгоҳ як дастаеро, ки ҳамагӣ аз 3 донишҷӯ иборат буд, даъват карда шуданд ва тариқи онлайн дар платформаи барномаи «Webinar» «Big Blue Button» баргузор гардид.
Аз ДДТХ дар олимпиада 3 нафар иштирок намуданд ва донишҷӯи курси 3-юми факултети педиатрӣ Абдуллоева М. сазовори ҷойи 2-юм гардид.
Ҳамзамон, дастаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар олимпиадаи байналмилалӣ аз забони англисӣ сазовори ҷойи 1-ум гардид.
Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар таҳсил ва мусобиқаҳои минбаъда муваффақияти нав ба нав хоҳонанд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА