Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (968)

Thursday, 09 February 2023 00:00

ТАЪЗИЯ

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Шодмон Раҷаб нисбати марги  МОДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, ба ӯ ва наздикону пайвандонаш изҳори таслият менамоянд.

РАЁСАТИ ДДТХ

31-уми январи соли ҷорӣ ҷаласаи онлайнии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм - Абдулхолиқзода Лутфия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат бо ректорон ва кормандони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор гардид.

            Дар ҷаласа ректорони 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муовинони ректорон, деканҳо ва мудирони кафедраҳо иширок намуданд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ таҳти роҳбарии ректори ДДТХ муҳтарам Убайдулло Қурбон дар ҷаласаи мазкур ба тариқи онлайнӣ фаъолона иштирок намуданд.

            Аз ҷониби вазири маориф ва илм масъалаҳои пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои корупсионӣ байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муқовимат бо тероризм ва экстримизм ва чораҳои пешгирӣ аз онҳо дар байни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва арзишҳои миллӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмин намудани иҷрои нақшаи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла муассисаҳое, ки аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ ва техникӣ мутахассис омода мекунанд, омода кардани омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз байн бурдани норасоии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шӯроҳои диссертатсионӣ, ҷалби грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, табодули донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

            Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа иштироккунандагон табодули афкор намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодоти худро иброз доштанд.

            Дар охир муҳтарам Раҳим Саидзода ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки мо ба иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бовар дорем ва дар якҷоягӣ метавонем барои рафъи мушкилиҳои дар соҳа ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешем.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

            28 - уми январи соли 2023 омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Давлатова Гулрухсор Маҳмадраҷабовна рисолаи номзадиашро дар назди Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзуи “Такмили усулҳо ва воситаҳои сармоягузории  қарзӣ дар  корхонаҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (дар мисоли корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон) аз рӯйи ихтисоси 08.00.04.02 - Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ сарбаландона ҳимоя кард.

            Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён Давлатова Г.М.-ро барои дастоварди арзишманди илмӣ аз самими қалб табрику таҳният намуда, таманнои онро доранд, ки номбурда дар оянда қуллаҳои баландтарини илмро фатҳ кунад.

РАЁСАТИ ДДТХ

            26 - уми январи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби муовинати илм ва нашрия бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорони ДДТХ ва Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара семинар-тренинг баргузор гардид.

            Муовини ректор оид ба илм ва нашрия, номзади илмҳои тиб Боронов Ҳ.А. семинарро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки қадам гузоштан ба илм аз мутолиаи китобҳои илмӣ ва навиштани мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо оғоз мегардад. Чун  мо дар ДДТХ соли 2023-ро  “Соли рушди илм”  эълон намудем, бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардем.

            Дар идомаи семинар мудири кафедраи мудири кафедраи ҷарроҳии № 2, доктори РhD Норматова М.А. барои омӯзгорони ҷавон оид ба тарзи навиштани мақолаҳо ва роҳҳои истифода бурдан аз адабиёти илмӣ маърӯзаи пурмуҳтаво кард.

            Семинарро муовини ректор оид ба илм ва нашрия ҷамъбаст карда, омӯзгоронро вазифадор намуд, ки мақолаҳоро саривақт  ба рӯзномаи донишгоҳии “Пайки шифо” ва маҷаллаи илмии “Симурғ” ирсол намоянд. Ҳамзамон, тезис ва мақолаҳои илмӣ навишта, дар конференсияҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он иштирок карда, шогирдонро барои иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳо тайёр намоянд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА 

           28-уми январи соли 2023 ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид. Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур масоили фаъолияти муовинати илм ва нашрия дар соли таҳсили 2021-2022, истифодаи сметаи даромад ва хароҷоти донишгоҳ дар соли 2022, фаъолияти муовинати маъмурӣ-хоҷагӣ дар соли 2022 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

            Сараввал, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон           д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ва мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ Зарипов И.А.-ро ба муносибати ҷашни 55-солагиашон табрик намуданд. Қайд гардид, ки омӯзгорони мазкур аз аввали таъсисёбии ДДТХ фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва пешрафти донишгоҳ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.

 Сипас, муовини ректор оид ба илм ва нашрия, номзади илмҳои тиб Боронов Ҳ.А. оид ба дастовардҳои илмии устодон ва донишҷӯён дар соли таҳсили 2021 - 2022 маълумот дод.

Зикр гардид, ки  дар ин давра корҳои илмӣ - тадқиқотӣ аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ таҳким ёфта, дар маҷмуъ олимони донишгоҳ 469 таълифоти  илмӣ, аз ҷумла, 81 мақола ва 370 фишурда нашр шуда, 11 пешниҳоди ратсионализаторӣ, 1 ихтироъ  ва  6 васоити таълимӣ ба таҳия гардиданд.

Яке аз чорабиниҳои асосии ин давра гузаронидани  Конференсияи  байналмилалии илмӣ - амалии ДДТХ (сеюми солона) дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами тиб: мушкилот ва ҳалли онҳобахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар конференсияи мазкур 111 маърӯза шунида шуданд.  Мавод дар шакли маҷмуи асарҳои илмӣ бо фарогирии 700 адад, аз ҷумла, 363 фишурда аз ДДТХ ва 327 фишурдаву 10 мақола аз дигар муассисаҳои илмиву донишгоҳҳо пешниҳод ва нашр гардиданд.

            Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба хоҷагӣ-маъмурӣ Камолов Д. оид ба фаъолияти муовинати мазкур дар соли 2022 маълумот дод. Қайд гардид, ки вазифаи асосии муовинат ба танзим даровардани шароити корӣ дар биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳ ва дигар пойгоҳҳои фаъолияткунандаи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, тамоми таваҷҷуҳ ба татбиқи вазифаҳои гузошташуда ва дар ҳолати хуби корӣ бо риояи меъёрҳои муқарраршуда нигоҳ доштани иншооти мавҷуда равона гардидааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки сифати кори кормандон ба таври доимӣ зери назорат қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ободонию кабудизоркунии гирду атрофи биноҳо рӯз аз рӯз беҳтар гардонида мешавад.  

Аз ҷониби кормандони бахши хоҷагӣ дар қитъаҳои замини саҳни ҳавлии донишгоҳ давоми соли 2022 дар  кӯчаи Исмат Шариф гулҳои мавсимӣ 1100 адад, гулҳои садбарг 100 адад, дарахтони сояафкан 70 адад ва дар  кӯчаи Бинокорон бошад 25 дарахтони ороишӣ, 4000 гулҳои мавсимӣ, 210 адад гулҳои садбарг, 50 адад  дарахтони сояафкан  шинонда шуда, инчунин тақрибан 1000 адад кучати гули садбарг шинонида шудаанд. Дар маҷмуъ  давоми соли соли 2022  дар қитъаҳои замини назди иншоотҳои ДДТХ дарахтони сояафкан 120 адад, гулу гулбуттаҳои мавсимӣ 5100 адад, гули садбарг 310 адад 1000 адад кучати гули садбарг шинонида шуданд.

Муовинати маъмурӣ-хоҷагӣ ҷиҳати татбиқи амалии нақшаю вазифаҳои гузошташуда ва беҳтар ба роҳ мондани корҳо дар самти ободонию кабудизоркунии донишгоҳ, истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷударо ба роҳ монда  истодааст.

            Ҳамзамон, дар ҷаласа сармуҳосиби донишгоҳ Шарипов Ғ.  оид ба истифодаи сметаи даромад ва хароҷоти ДДТХ дар соли 2022 маълумот дод.

Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Ҳафтаи сеюми моҳи январи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон қабули имтиҳонҳои сессияи зимистона идома ёфт.

16 - уми январ дар толорҳои донишгоҳ аз донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ аз фанни “Химияи тиббӣ” ба тариқи тестӣ ва шифоҳӣ имтиҳон қабул гардид.

Курсҳои сеюми факултети стоматологӣ 17 - уми январ  аз фанни “Пешгирии бемориҳои стоматологӣ” ва 21-уми январи соли равон аз фанни “Ташхиси шуоӣ”  имтиҳон супориданд.

Ҳамин тариқ, имтиҳонҳои сессияи зимистона ба анҷом расиданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

Тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъалаи  омӯзиши ҳатмии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон  Ғафуров аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа дар Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷониби муовинати тарбия ва фарҳанг барои омӯзиши дастҷамъонаи китоби мазкур нақша - чорабиниҳо  таҳия гардид.

19 - уми январи соли 2023 бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ силсиласеминари омӯзишӣ оид аҳамият ва асолати китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон  Ғафуров ба кори худ оғоз намуд. Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. семинарро ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳамияти ин китоби гаронарзиш ва шиносномаи миллат маълумоти мухтасар дод. Қайд гардид, ки семинарҳо барои омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров то 15-уми феврали соли равон идома ёфта, ҳар рӯз як боби китоби мазкур мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад.

Дар идомаи семинар мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. оид ба боби якуми фасли якуми китоби “Тоҷикон” - “Сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна” маълумоти муфассал дод.

Рӯзи 22 - юми январ семинари мазкур кори худро идома дод. Дар ин рӯз мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология Исоева Б.И. оид ба боби дуюми фасли якуми китоб - “Тоифаҳои шарқиэронии Осиёи Миёна дар оғози пайдоиши ҷамъияти синфии ибтидоӣ”  маълумот дод. Қайд гардид, ки тоҷикон аз қадимулайём маданияти баланд доштанд ва китоби муқаддаси Авесто яке аз ёдгориҳои беназири халқи тоҷик мебошад.

23-юми январ Мурод Бозор - омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дар мавзуи “Таърихи сиёсии Осиёи Миёна дар асри VI - ибтидои асри V пеш аз милод”  маърӯза кард.

Хотирнишон месозем, ки семинарҳо ҳафтаҳои оянда низ барои омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров идома меёбанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 3 январи соли 2023 тибқи ҷадвал имтиҳонҳои ҷории семестри тирамоҳӣ оғоз гардиданд. Дар толорҳои донишгоҳ аз донишҷўёни курсҳои якуми факултети тиббӣ ва педиатрӣ аз фанни таърих муосири тоҷик, курсҳои дуюми факултетҳои педиатрӣ ва стоматологӣ аз фанни гистология ва курси чоруми факултети педиатрӣ аз фанни амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ дар шакли омехта имтиҳон қабул гардид.

Саволномаҳои имтиҳонӣ аз саволҳои тестӣ, хаттӣ, шинохтани препоратҳо  ва шифоҳӣ иборат буданд.

Низоми имтиҳон дар толорҳо аз ҷониби ҳайати комиссияи имтиҳонотӣ назорат карда шуд.

Ҳамин тариқ, 4-уми январ курсҳои якуми факултетҳои педиатрӣ ва стоматологӣ аз фанни таърихи муосири тоҷик, курси дуюми факултети тиббӣ аз фанни гистология, курси чоруми факултети тиббӣ аз фанни амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ  ва курси панҷуми факултети стоматологӣ аз фанни стоматологияи кӯдакона имтиҳон месупоранд. 

Ёдовар мешавем, ки дар ин давра тибқи барномаҳои таълимӣ аз 22 фанни таълимӣ имтиҳон ба нақша гирифта шудааст. Аз ин,  дар курси 1 - панҷ имтиҳон, дар курси 2 - ду имтиҳон, дар курси 3 - шаш имтиҳон, дар курси 4 - се имтиҳон, дар курси 5 - чор имтиҳон ва дар курси 6 - 2 имтиҳонро ташкил медиҳад.

ШУЪБАИ ТАЪЛИМ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид