Хабарҳои ДДТХ (968)
МАҲФИЛ: “НАШЪАМАНДӢ - ВАБОИ АСР”
1-уми марти соли равон аз ҷониби маъмурияти китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҳти мавзуи “Нашъамандӣ - вабои аср” маҳфили илмӣ гузаронида шуд. Дар маҳфили мазкур чор гурӯҳ донишҷӯёни курси якуми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ иштирок намуданд.
Корманди китобхона - Қурбонов А. дар мавзуи “Нашъамандӣ ва оқибатҳои он” маърузаи пурмуҳтаво кард.
Дар идомаи маҳфил сармуҳаррири рӯзномаи “Пайки шифо” О. Саркорӣ дар бораи роҳҳои гирифторшавӣ ба нашъамандӣ маълумот дод.
Дар анҷоми маҳфил дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.
КИТОБХОНА
БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН АНАТОМИ СОЛ»
28-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар доираи амалишавии Нақша - чорабиниҳои донишгоҳ оид ба гузаронидани идҳои баҳорӣ даври аввали озмуни «Беҳтарин анатоми сол» баргузор гардид.
Дар озмун 22 нафар донишҷӯ аз курсҳои 2-юм то курсҳои 5-ум фаъолона ширкат варзиданд.
Озмуни мазкур аз 3 марҳила иборат буда, барои аз як давр ба даври дигар гузаштан донишҷӯёнро лозим аст, ки холи гузаришро ба даст оранд.
Бояд қайд кард, ки 16- уми марти соли равон озмун ҷамъбаст мегардад.
Ғолибони озмун аз ҷониби аъзои комиссияи озмун муайян гардида бо мукофот сарфароз гардонида мешаванд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ НАВБАТӢ ДАР ДДТХ
24 - уми феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид. Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур масоили татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, амалишавии “Стратегияи рушди ДДТХ барои солҳои 2022-2026” дар соли 2022 ва фаъолияти бахши назорати сифати таҳсилот дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Сараввал, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳайати профессорону омӯзгорон ва меҳмонон - кормандони нашрияи “Пайк”-ро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идҳои баҳории дар пешистода табрику таҳният гуфта, барои кори пурмашаққат ва заҳматталабашон изҳори миннатдорӣ намуданд ва барояшон дар корҳои оянда комёбиҳои беназир таманно доштанд.
Сипас, муовини ректор оид ба таълим, н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. ҳайати кормандони нашрияи “Пайк”-ро, ки барои тақдими ҷоизаи “Ректори сол” ба ДДТХ ташриф оварда буданд, бо профессорону омӯзгорони донишгоҳ шинос намуд. Ҷоизаи “Ректори сол” аз ҷониби сармуҳаррири нашрияи “Пайк” Аҳмад Иброҳим ба ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муҳтарам Убайдулло Қурбон дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
Аҳмади Иброҳим зимни суханрониаш қайд намуд, ки ҷоизаи мазкур аз ҷониби кормандони нашрияи “Пайк”, ягон мақомот ё ниҳоди давлатӣ ва ташкилоти хориҷӣ пешниҳод нагардидааст. Он сирф тибқи овоздиҳии мардум ба даст омадааст ва муҳтарам Убайдулло Қурбон, бешубҳа ба он сазовор мебошад. Ман низ самимона ректори муҳтарамро табрик менамоям ва барояшон муваффақияту комёбиҳои беназир таманно менамоям - афзуд Аҳмади Иброҳим.
Иштироккунандагони ҷаласа низ бо кафкӯбиҳои пурмавҷ қаноатмандӣ ва шодмонии хешро барои чунин дастовард, ки навиди аввали баҳорӣ барои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошад, изҳор намуданд.
Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумот дод. Қайд гардид, ки кураторони гурӯҳҳо бо волидайни донишҷӯён пайваста дар робита ва ҳамкорӣ қарор дошта, оид ба давомоти нокифояи донишҷӯ, дарсазхудкунӣ, вайрон намудани қоидаҳои донишҷӯӣ, шароити зисту зиндагонӣ, хориҷ ва барқарор гардидан, қарздорӣ аз санҷишҳо, супорида натавонистани имтиҳонҳои ҷорӣ, вазъи саломатӣ, дастовардҳо ва натиҷаҳои хуби донишҷӯ пайваста суҳбатҳо доир менамоянд.
Ҳамзамон, муовини ректор оид ба таълим, н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. доир ба амалишавии “Стратегияи рушди ДДТХ барои солҳои 2022-2026” дар соли 2022 қайд намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани раванди босифати таълим, ба вуҷуд овардани базаи пурқуввати моддию техникӣ, таҳияи барномаҳои таълимии муосир, дастрас будани китобу дастурҳои илмиву таълимӣ, таҷҳизоти зарурии таълимиву озмоишӣ барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани маоши омӯзгорон бо қарори Шӯрои олимони ДДТХ аз 30 - юми апрели соли 2022 «Стратегияи рушди ДДТХ барои солҳои 2022 - 2026» қабул гардидааст. Ҳамчун давра ба давра зиёд намудани маблағгузории Донишгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои хусусӣ, сарпарастон, грантҳо ва дигар сарчашмаҳои ғайрибуҷавӣ низ аз ҳадафҳои асосии Стратегия ба ҳисоб мераванд.
Сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. қайд намуд, ки омӯзгорони кафедраҳои ДДТХ барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо аз айёниятҳо ва воситаҳои муосири техникӣ истифода мебаранд.Тамоми кафедраҳои донишгоҳ вобаста ба имконият бо тахтаи электронӣ ва проекторҳои мултимедӣ таъминанд. Ҳамзамон, вобаста ба имконият тамоми донишҷӯён аз махзани китобхонаи электронии донишгоҳ истифода мебаранд.
Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба ҳамаи омӯзгорони кафедраҳо истифодаи методи фаъоли таълим ба монанди усули интерактивӣ тавсия дода шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо пешниҳоди муовинати таълим аз ҷониби бахши назорати сифати таҳсилот дастури методӣ оид ба “Усулҳои фаъоли таълим” мураттаб гардида, барои нашр пешниҳод шудааст. Дастури методии мазкур дар баланд бардоштани сифати таълим барои омӯзгорон роҳнамо шуда метавонад. Яке аз усулҳои самараноки санҷиши сифати таълим гузаронидани мониторинг мебошад. Дар ДДТХ давоми ҳар семестр ду маротиба мониторинги сифати таълим гузаронида мешавад.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои гуногун, аз ҷумла Қарорҳои Шӯрои олимон “Дар бораи ҷуброн намудани маблағи таҳсил ва додани дипломи хатм ” ва “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои омодагӣ, бахшида ба ифтитоҳи Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва таҷлили «Рӯзи Дониш»” тасдиқ гардиданд.
Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
21-УМИ ФЕВРАЛИ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ
21-уми феврали соли 2023 дар кафедраи забонҳо бахшида ба Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ, ки ҳамасола бо қарори Ассемблеяи Генералии СММ ҷашн гирифта мешавад, мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур омӯзгорони кафедраи забонҳо ва донишҷӯён ширкат намуданд. Чорабиниро мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ҳусни оғоз бахшида, дар бораи аҳамияти Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки аз рӯйи баҳодиҳии СММ агар дар дунё зиёда аз 6 ҳазор забон вуҷуд дошта бошад, ба нисфи онҳо хатари нестшавӣ таҳдид менамояд. Аз ин сабаб, аз соли 2000 инҷониб 21 феврал ҳамасола ба мақсади муҳофизат намудани гуногунрангии забониву мадании мардуми олам ҷашн гирифта мешавад.
Сипас, профессори фахрии ДДТХ, омӯзгори фанни забони русӣ Должикова В.А. дар бораи ҷойгоҳи забони русӣ дар байни дигар забонҳо ва аҳамияти омӯзиши он дар донишгоҳҳои тиббӣ суханронӣ намуд.
Омӯзгори фанни забони англисӣ Ғарибмамадов М.М. дар баромади худ оид ба мақоми забони англисӣ ва аҳамияти омӯзиши он сухан ронда, қайд намуд, ки забони англисӣ яке аз забонҳои СММ, ЮНЕСКО ва ТУТ мебошад ва албатта, дар ҷаҳони имрӯза мақому ҷойгоҳи хосае дорад.
Муҳаррири рӯзномаи “Пайки шифо” Ошурмаҳмади Саркорӣ оид ба забонҳои помирӣ суханронӣ карда, ҳамзамон қайд намуд, ки забонҳои имрӯзаи Бадахшон асолати таърихии худро нигоҳ дошта, бо забонҳои қадимаи эронӣ пайвасти ногустание доранд.
Сипас, як гурӯҳи донишҷӯён аз ашъори шуаро ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ порчаҳо қироат намуданд.
С.П. ОДИНАЕВ,
мудири кафедраи забонҳо
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТХ
23 - юми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал, муовини ректор оид ба илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. ҳамаи устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд. Номбурда қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ба намоиш гузошта шуд.
Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар бораи ягона нигоҳ доштани обу хоки Ватан, бедорхобиҳои аскарону афсарон, саҳначаи ҳаҷвӣ, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд. Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро шод намуданд.
Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ муовини ректор оид ба илм ва нашрия Боронов Ҳ.А. ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ДАВРИ АВВАЛИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКОН”- ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ” ДАР ДДТХ
Тибқи амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 7 июли соли 2022, № АП-227) бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ифтихори 115 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров 18-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон даври аввали донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.
Тибқи баҳогузории ҳайати комиссияи озмун донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Холова Ш. бо гирифтани 167 хол ҷойи аввалро соҳиб гардид. Донишҷӯи курси дуюм Зоирова Г. ва донишҷӯи курси чоруми факултети тиббӣ Ҳакимова М. ҷойи дуюмро ба даст оварданд. Донишҷӯёни курси сеюми факултети педиатрӣ Давлатзода А. ва Мирсаидова Р. ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ҳамзамон, ба донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Ҳасанов Д. ва донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Шерғозиев М. ҷойи ифтихорӣ дода шуд.
Бояд қайд кард, ки озмуни мазкур дар байни омӯзгорон низ хеле шавқовар гузашт. Омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Ҳошимов М. бо ба даст овардани 189 хол сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюмро омӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш. ва мудири кафедраи мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология Исоева Б.И. ба даст оварданд. Омӯзгори кафедраи муолиҷавии №2 ва коргузори кафедраи педиатрӣ Неъматов М. сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Раёсати ДДТХ ғолибони даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”-ро табрику таҳният намуда, барояшон дар озмунҳои даври ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ комёбиҳои бузург хоҳонанд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ДАРСИ КУШОД: “ПАТОФИЗИОЛОГИЯИ СИСТЕМАИ ДИЛУ РАГҲО”
Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи таълим дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон гузаронидани дарси кушод дар кафедраҳо идома дорад.
16-уми феврали соли равон аз ҷониби мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т. дар гурӯҳи 305-и тиббӣ дар мавзуи “Патофизиологияи системаи дилу рагҳо” дарси кушод гузаронида шуд.
Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х. Ш., мудири кафедраи фармакология ва микробиология Ҷулаев А.С., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ Зарипов И.А. мудири кафедраи физика ва информатикаи тиббӣ Холов А.А. ва омӯзгорони кафедраҳои мазкур иштирок карданд.
Дарс бо усулҳои ҳозиразамон гузаронида шуда, дар рафти он аз асбоби айёнҷ ва технологияи иттилоотҷ истифода бурда шуд. Фаъолнокии донишҷӯён аз он шаҳодат медод, ки моҳияти мавзуъро дар сатҳи баланд аз худ намудаанд.
Гузаронидани дарси кушод барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ, паҳн кардан ва ҷорҷ намудани таҷрибаҳои пешқадами омӯзгорони кафедра мусоидат хоҳад кард.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
Курсы английского языка для интернов, клинических ординаторов и молодых преподавателей
20 февраля 2023 года в ХГМУ стартуют курсы английского языка для интернов, клинических ординаторов и молодых преподавателей в рамках проекта BERNICA "Building Educational and Research Capacities in Nutrition and Dietetics in Central Asia" программы Эразмус+ .
Обучение будет проводиться на уровне Upper-Intermediate и Pre-Intermediate. Курсы позволят обучающимся знакомиться с иноязычными научными источниками, самостоятельно читать статьи на английском языке, писать и публиковать статьи в иностранных изданиях, участвовать в международных семинарах и тренингах.
Бесплатные курсы пройдут в течение 4-х месяцев. По их завершению участники получат сертификаты.
Заявки на участие принимаются до 18 февраля 2023г.
Для регистрации необходимо отправить резюме
на электронную почту This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.