Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

23 - юми декабри соли 2022 ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтанд.  

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Панҷшанбе, 22 Декабр 2022 00:00

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

16 - уми декабри соли 2022 дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд  III - юмин Олимпидаи байналмилалии донишҷӯёни донишкадаҳои олии тиббӣ “Самарқанд - 2020” аз рӯи  34 фанни клиникӣ ва заминавӣ баргузор гардид. 

Бо даъвати Донишкадаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар олимпиада ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки озмун аз 2 марҳила - тестӣ (30 савол) ва шифоҳӣ (3 савол) аз малакаҳои амалӣ иборат буд.

 Озмун дар байни  10 давлати хориҷӣ (Полша, Туркия, Россия, Белоруссия, Украина,  Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон) гузаронида шуд, ки 500 нафар донишҷӯён аз 76 донишгоҳи тиббӣ дар он фаъолона иштирок намуданд. 

Аз ДДТХ дар олимпиада 27 нафар   донишҷӯ иштирок намуданд, ки 1 нафар ҷойи дуюм, 1 нафар ҷойи сеюм ва 6 нафар сазовори  ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар номинатсияи  «Ҷарроҳии кӯдакон»  Сатторова А. П. - донишҷӯи  курси 6-уми факултети тиббӣ  сазовори ҷойи 2-юм, Ҷабборов Ҳ. А. - донишҷӯи  курси 4-уми факултети педиатрӣ сазовори ҷойи 3-юм ва Етмишев М. М. - донишҷӯи  курси 4 - уми факултети  педиатрӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ  гардиданд.

Ҳамзамон, Султанов С. А. - донишҷӯи  курси 4-уми факултети тиббӣ аз фанни «офталмология» ва Комилҷони Собир - донишҷӯи  курси 5-уми факултети педиатрӣ аз фанни «невролология» дар номинатсияи “Ҳалли беҳтарини супоришҳои амалӣ”  ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Инчунин, донишҷӯи  курси 4-уми факултети  педиатрӣ Эргашев И. З.  аз фанни «физиологияи патологӣ» дар номинатсияи «Иҷрои беҳтарини малакаҳои амалӣ»,  донишҷӯи  курси 5-уми факултети тиббӣ Исмонов Х. М.  аз фанни «травматология» дар номинатсияи «Тафаккури клиникӣ» ва донишҷӯи  курси 6-уми факултети тиббӣ Ҳ. Суҳроб  аз фанни «офталмология» дар номинатсияи «Муносибати беҳтарини илмӣ дар ҳалли мушкилот» ҷойи ифтихориро ишғол намуданд.

      Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар таҳсил ва мусобиқаҳои минбаъда комёбӣ хоҳонанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

1-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск онлайн олимпиадаи байналмилалӣ аз забонҳои хориҷӣ дар мавзуи «Мо фарҳангро месозем ё фарҳанг моро меофарад?» баргузор гардид.

   Бо даъвати Донишкадаи мазкур донишҷӯёни ДДТХ низ дар олимпиада ширкат варзиданд.

Бояд қайд кард, ки дар олимпиадаи мазкур ба англисидонии иштироккунандагон эътибори асосӣ дода шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 1-5-и донишгоҳҳо метавонистанд ширкат варзанд. Олимпиада аз 2 марҳила - «шунидан» ва «гап задан» иборат буд .

Аз ҳар  як донишгоҳ як дастаеро, ки ҳамагӣ аз 3 донишҷӯ иборат буд, даъват карда шуданд ва тариқи онлайн дар платформаи барномаи «Webinar» «Big Blue Button» баргузор гардид.

Аз ДДТХ дар олимпиада 3 нафар иштирок намуданд ва  донишҷӯи курси 3-юми факултети педиатрӣ Абдуллоева М. сазовори ҷойи 2-юм гардид.

Ҳамзамон, дастаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар олимпиадаи байналмилалӣ аз забони англисӣ сазовори ҷойи 1-ум гардид.

Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар таҳсил ва мусобиқаҳои минбаъда муваффақияти нав ба нав хоҳонанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

16-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии  ДДТХ (III-солона) дар мавзуи “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТИББИ МУОСИР: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО” баргузор гардид, ки ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.





 

Дар кори конференсияи мазкур ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ, олимони саршиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.

Ҳамзамон, намояндагон аз воситаҳои ахбори омма дар конференсия ширкат варзида, рафти онро ба навор гирифтанд, бо омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол мусоҳиба оростанд.

Конференсияро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.  Муҳтарам ректор иштирокчиёнро шодбош гуфта, барояшон дар кори конференсия барору муваффақият орзу намуданд.

 








 

Профессор Убайдулло Қурбон барои аҳли нишаст олимони варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Сангинов Ҷумабой Раҳматович - доктори илмҳои тиб., профессори кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибно Сино, Саидов Абдулманон Саторович - доктори илми фалсафа., профессори ДДТТ,  раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи муҳити иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Нурхон Шариф, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот ва дигар олимони намоёнро муаррифӣ намуданд.

        Сипас меҳмонони олиқадр иштироккунандагони конфронсро табрику таҳният намуда, ба фаъолияти  ДДТХ баҳои мусбат доданд. Профессори фахрии ДДТХ Должикова Валентина Андереевна бо суханони пурмуҳтавои хеш барои иштироккунандагони конференсия муваффақият хост.

       Дар ҷаласаи пленарии конференсия профессорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Сангинов Ҷ.Р., Саидов А.С., Қурбонов С.Х., докторони илмҳои тиб Раҳмонов Х.Ҷ., Юлдошев Р.З. маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.

           Ҳамзамон, аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктор PhD Норматова М.А. маърӯза кард.

Дар идомаи конференсия ҳаваскорони дастаи “Дурахшон” барномаи ҷолиби таҳиянамудаашро барои иштирокчиёни конференсия пешкаш намуда, табъи онҳоро болида гардониданд.

         Пас аз нисфирӯзӣ конференсия кори худро аз рӯи панҷ бахш - “Ҷарроҳӣ”, “Онкология”, “Фанҳои клиникӣ” (бемориҳои дарунӣ, стоматология, педиатрия), “Фанҳои назариявии тиббӣ” ва “Фанҳои назариявии ғайритиббӣ” идома дод. Дар ҷаласаи сексионӣ дар маҷмуъ, 102 маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд.




Пас аз анҷоми ҷаласаҳои сексионӣ резолютсияи конференсия қабул гардид ва муовинии ректори ДДТХ оид ба илм ва нашрия Боронов А.Ҳ.   барои  иштирокчиёни конференсия изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Душанбе, 05 Декабр 2022 00:00

ПИРӮЗӢ МУБОРАК!

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” 21 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз гардида, муддати 4 рӯз дар бахшҳои гуногун дар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи кишвар идома ёфт.

Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур бо сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) соли дуюм аст, ки аз рӯйи 7 (ҳафт) номина миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва бо иловаи номинатсияи ихтироъкорӣ байни олимону муҳаққиқони синну соли гуногун баргузор гардид.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон омӯзгори кафедраи ҷарроҳии №1 Холов Шараф Исҳоқҷонович дар озмуни мазкур фаъолона ширкат варзида, аз рӯйи номинатсияи “Ихтирокорӣ ва навоварӣ”    ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Раёсат ва ҳайати профессорну омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ Холов Ш.И.-ро барои ишғоли ҷойи сеюм дар озмуни мазкур аз самими қалб табрику таҳният намуда, барояш комёбии беназир таманно менамоянд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

           26 - уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии  Шӯрои олимони донишгоҳ  баргузор гардид.

Сараввал, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон омӯзгори кафедраи ҷарроҳии №1 Холов Шарафро барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияи “Ихтирокорӣ ва навоварӣ” табрику таҳният намуданд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур сарвари Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ Қурбонов Зариф Қурбонович оид ба фаъолияти маркази мазкур маълумот дод.

Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х.  оид ба фаъолияти муовнати  тарбия барои ҳозирин ҳисобот дод.

Муовини ректор оид ба илм ва нашрия Боронов Ҳ.А. оид ба омодагии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (солонаи III-юмин) дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами тибби муосир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо”, ки моҳи декабри соли равон дар ДДТХ баргузор мегардад, маълумот дод.

            Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Панҷшанбе, 01 Декабр 2022 00:00

ТАЪЗИЯ

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Шодмон Раҷаб нисбати марги нобаҳангоми 

БАРОДАРАШ

ҳамдардӣ баён намуда, ба ӯ ва наздикону пайвандонаш изҳори таслият менамоянд.

РАЁСАТИ ДДТХ

Панҷшанбе, 01 Декабр 2022 00:00

ТАЪЗИЯ

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба омӯзгори кафедраи ҷарроҳии №1 Холов Акмал Давлаталиевич барои  марги

ҚИБЛАГОҲАШ

ҳамдардӣ баён намуда, ба ӯ ва наздикону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

РАЁСАТИ ДДТХ

Page 13 of 77

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид