Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Эълонҳо (32)

Эълонҳо

!!! ИМТИҲОНИ ХАТТӢ

Ба таваҷҷуҳи довталабони ДДТХ расонида мешавад, ки даври дуюми имтиҳоноти қабул, ки ба таври хаттӣ  гузаронида мешавад,  соати 07:00 – субҳи 07 – юми майи соли 2016 дар Муассисаи таълимии давлатии  мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара  баргузор  мегардад.

         Довталабони факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ, ки аз имтиҳони тестӣ соҳиби 60 хол ва зиёда аз он гардидаанд,   ба имтиҳони хаттӣ роҳ дода мешаванд.

         Хотиррасон карда мешавад, ки довталаб бояд бо худ шиноснома ва дастхат (дастхат ба довталабоне дода шудааст, ки ӯ  ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст)   дошта бошад.

            Маълумот дар бораи имтиҳони хаттӣ

Имтиҳони хаттӣ:    Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони тоҷикӣ хатм намудаанд  аз забони давлатӣ иншо менависанд.   Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ, ӯзбекӣ ва бо забони аққалиятҳои миллӣ хатм намудаанд, аз  забони давлатӣ   диктант  месупоранд.

Довталабоне, ки ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, баҳои ғайриқаноатбахш гирифташуда ҳисобида мешаванд.

Довталабоне, ки ба раванди қабули имтиҳонҳо халал мерасонанд, тартиботи дохилиро вайрон мекунанд ва аз воситаҳои мухталифи дар имтиҳон манъгардида истифода мекунанд, аз имтиҳон хориҷ карда мешаванд.

Комиссияи қабули ДДТХ

Эълон: Натиҷаи имтиҳони хаттӣ

Довталабони ДДТХ метавонанд бо натиҷаҳои имтиҳони хаттӣ дар Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара шинос шаванд.

Комиссияи аппелятсионӣ аз соати 09:00 то 14:00, рӯзи 8 – уми май дар Мактаби Президентӣ баргузор мегардад.

Комиссияи қабул

ЭЪЛОН!

  • Довталабони ДДТХ метавонанд бо натиҷаҳои имтиҳони тестӣ дар Муассисаи таълимии давлатии  мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара  шинос шаванд.
  • Комиссияи аппелятсионӣ аз соати 11:00 то 17:00, рӯзи 4 – уми май дар Мактаби Президентӣ баргузор мегардад.
  • Хотиррасон карда мешавад, ки довталабони факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ, ки аз имтиҳони тестӣ соҳиби 70 хол ва зиёда аз он гардидаанд, ба имтиҳони хаттӣ роҳ дода мешаванд.
  • Имтиҳони даври дуюм, ки аз кори хаттӣ (иншо ва диктант) иборат аст, соати 07:00, рӯзи 07 – уми майи соли 2016 дар Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара  баргузор мешавад.
  • Довталаб бояд бо худ шиноснома ва дастхат (дастхат ба довталабоне дода шудааст, ки ӯ ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст) дошта бошад.

Комиссияи қабул

Эълон: тартиби баргузории имтиҳонӣ тестӣ...

Ба диққати довталабон расонида мешавад, ки санаи 02.05.2016 имтиҳони тестӣ бо чунин тартиб ба роҳ монда мешавад:

I.Дар навбати аввал имтиҳон аз соати 07:00 барои гуруҳҳои зерин оғоз мегардад:
Факултети тиббӣ аз 1-11
Факултети педиатрӣ аз 1-14
Факултети стоматологӣ аз 1-7

II. Дар навбати дуюм имтиҳон аз соати 09:00 барои гуруҳҳои зерин оғоз мегардад:
Факултети тиббӣ аз 12 боло
Факултети педиатрӣ аз 15 боло
Факултети стоматологӣ аз 8 боло

Хотиррасон мекунем, ки дар ДАСТХАТи довталабон рақами гуруҳ ба тариқи зайл дарҷ гардидааст:

Page 3 of 3

Таърихи ДДТХ

 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид