Эълонҳо (32)

Ба диққати донишҷӯёни курси 1-уми тамоми факултетҳои ДДТХ расонида мешавад, ки аз санаи 26.08.2017 то 28.08.2017 ба деканати факултетҳо ҳозир шаванд.
Маълумоти муфассал бо телефони
(83312) 2-10-33
Ба диққати довталабоне, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 19‑ум то 23-юми август) аз нав сабти ном карда буданд, ва тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба ДДТХ аз рӯи ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гаштанд, мерасонем, ки тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 30‑юми август ба муассисаи таълимӣ ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.
Рӯзи 11-уми августи соли 2017 озмунин қабули кормандон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид. Ба озмун мутахассисони фанҳои гуногун дар асоси эълони дар сомонаи донишгоҳ интишоршуда ҳуҷҷатҳои худро супорида буданд. Озмун дар ду баст – барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ёрирасони техникӣ (лаборантҳо) гузаронида шуд. Барои ҳайати профессорону омӯзгорон озмун аз шартҳои зерин иборат буд: малакаи донистани компютер, саволҳои тестӣ аз ихтисос, саволҳои тестӣ аз педагогика, кори хаттӣ аз забони тоҷикӣ ва русӣ. Барои кормандони ёрирасони техникӣ бошад малакаи донистани компютер, кори хаттӣ аз забони тоҷикӣ ва русӣ муқаррар карда шуда буд. Дар озмун зиёда аз 20 нафар омӯзгорон аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, немисӣ, физика, информатика, таърихи халқи тоҷик, гистология ва ѓайра ва зиёда аз 15 нафар кормандони ёрирасони техникӣ ширкат намуданд. Озмун ба тариқи шаффоф баргузор гардида, иштирокчиён аз тарзи баргузории он изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин ба иштирокчиён пурсишномаи махсус барои муайян намудани фикру ақидаашон оид ба сабаби маҳз донишгоҳи тиббии Хатлонро барои кору фаъолият интихоб намудан пешниҳод карда шуд.
Қоидаҳои қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (минбаъд ДДТХ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2017-2018», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҳия шудааст.
Ба курси якуми ҳамаи факултетҳои ДДТХ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар он гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд шудааст ва инчунин дипломи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд.
Дар ДДТХ омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад. Пардохти музди яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ – 7700 сомонӣ, стоматологӣ – 8690 сомонӣ ва педиатрӣ - 6160 сомониро ташкил медиҳад.
Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, инчунин хориҷиёну шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДТХ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот, тариқи озмун (суҳбат) ва пас аз пардохти музди таълим қабул карда мешаванд.
Қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба ДДТХ ба барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) сурат мегирад.
Таҳсил дар ДДТХ рӯзона аст. Муҳлати таҳсил мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10 соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гардидааст, дар факултети тиббӣ 6 сол, стоматологӣ 5 сол, педиатрӣ 6 сол мебошад.
Довталабон ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи ректор;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли №086У);
- 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
- шиноснома;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
- хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда нашудани таҳсил барои довталабони маъюби гурӯҳҳои якум ва 2-юм дар ихтисос(ҳо)-и интихобкарда.
Шахсоне, ки дар асоси озмӯни Маркази миллии тестӣ аз имтиёзҳо бархурдор шудаанд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба таври ҳатмӣ пешниҳод менамоянд:
- ғолибони ҷойҳои аввали озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали тилло гардидаанд - тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ғолибони ҷойҳои аввали олимпиадаҳои байналмилалӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали тилло гардидаанд - тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд – шаҳодатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шахсоне, ки ҳамчун маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2, мебошанд – шаҳодатномаи тиббӣ;
- ятимони бе падару модар (то 21 сола) – нусхаи хатти вафот бо тасдиқи натариалӣ,
Довталабони зикршуда бояд ҳуҷҷатҳои лозимии тасдиқкунандаро дар муҳлати муқарраргардида ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд. Дар мавриди саривақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва ё ҷой доштани камбудию норасоииҳо дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ҳуҷҷати онҳо қабул карда намешаванд.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз _____ август оғоз ёфта то _____ августи соли 2017 идома меёбад.
Нишонии мо: 735320, н. Данғара, кӯчаи И.Шарифов -3.
Комиссияи қабул Тел.: (83312) 21034, 21029
E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» барои соли таҳсили 2017– 2018 вобаста ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ - ба вазифаи мудири кафедра, профессор, дотсент, саромӯзгор, омӯзгор, ассистенти кафедраҳои зерин озмун эълон менамояд:
1.Кафедраи химия ва биология :
- номзади илм дотсент - 2 воҳиди корӣ (1 в/к биохимик ва 1в/к вирусолог);
- омӯзгор – 2,5 воҳиди корӣ (биохимик);
- ассистент – 1,25 воҳиди корӣ (микробиолог).
2.Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика :
- омӯзгор - 1 воҳиди корӣ (технологияи информатсионӣ) .
3.Кафедраи забонҳо:
- дотсенти кафедра - 0,5 воҳиди корӣ (забони русӣ),
- саромӯзгор 0,5 воҳиди корӣ (забони русӣ),
- омӯзгор 3 в/ к (англисӣ 1 в/к, олмонӣ 1 в/к ва лотинӣ 1в/к).
4.Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ:
- номзади илм, дотсент- 1 воҳиди корӣ (таърихи халқи тоҷик ё фалсафа);
- саромӯзгор - 1 воҳиди корӣ (этика, эстетика ва ё мантиқ );
- омӯзгор - 2 воҳиди корӣ (сотсиология , 1 в/к ва ҳуқуқ аз руи ихтисос 1 в/к).
5.Кафедраи анатомияи одам ва гистология:
- доктори илм, профессори кафедра - 1 воҳиди корӣ (физологияи нормалӣ);
- номзади илм дотсент - 1 воҳиди корӣ (гистология );
- омӯзгор - 1,5 воҳиди корӣ (физиологияи нормалӣ );
- ассистент – 2,75 воҳиди корӣ (анатомия 1,25 в/к ва гистология 0,5 в/к ва физиологияи нормалӣ 1в/к ).
6.Кафедраи фанҳои клиникӣ:
-мудири кафедра - 1 воҳиди корӣ (номзади илм, дотсент);
- номзади илм, дотсент – 1,5 воҳиди корӣ (валеология 1 в/к, пешгирии бемориҳои стоматологӣ 0,25 в/к, пропедевтикаи стоматологӣ 0,25);
- саромӯзгор – 1 в/ к таҷрибаи таълимӣ;
- ассистент – 1 в/ к (валеология 0,5 в/к, таърихи тиб 0,5 в/к.,)
- омӯзгор – 3,75 (курси малакаҳои клиникӣ 1в/к., таҷрибаи таълими 2,75в/к.,
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи ректори донишгоҳ;
- варақаи ба ҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 4 адад расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупароранда);
- маълумотномаи тиббӣ №086;
- нусхаи РМИ (суғуртаи иҷтимоӣ.
Номзадҳо бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- маълумоти олии тиббӣ ва тахассусӣ;
- собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол (барои дипломи аъло, ординатори клиникӣ, магистратура бе собиқаи корӣ);
- донистани асосҳои педагогика ва психология;
- кор кардан дар компютер ва шабакаи Интернет;
- донистани ҳатмии забони давлатӣ ва хориҷӣ;
- кобилияти коммуникативӣ ва ташкилотчигӣ ;
- имтиёз ба дорандагони дараҷаи илмӣ ва дараҷаи тахассусӣ дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун маълумотнома (CV)-и номзадон аз 01.06.2017 то 30.06.2017 ба суроғаи: ш. Данғара, кӯчаи Исмат Шариф № 3 қабул карда мешаванд. Инчунин номзадон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тариқи почтаи электронии E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ирсол намоянд.
Телефон барои тамос: (83312) 2-10-29; (83312) 2-10-23;
Ба диққати ҳамаи донишҷӯён расонида мешавад, ки бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз рӯзи 13-уми марти соли 2017 озмуни викторинаи «ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШИ ТОҶИКИСТОН» соати 16.00 баргузор мегардад. Ҳамчунин то рӯзи 15-уми марти соли 2017 озмунҳои «Гулҳо – рамзи баҳори нозанин» ва озмуни «кроссворду чайнвордҳо» баргузор карда мешавад. Ғолибони озмунҳо дар рӯзи баргузории ҷашни умумидонишгоҳии Наврӯз эълон карда мешаванд
Кафедраи химия ва биологияи тиббӣ
Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» барои соли хониши 2017- 2018 барои ишголи ҷойҳои холӣ ба вазифаи мудири кафедра, профессор, дотсент, саромӯзгор, омӯзгор, ассистенти кафедраҳои зерин озмун эълон менамояд:
Кафедраи химия ва биологияи тиббӣ
- номзади илм дотсент - 2 воҳиди корӣ (1 в/к биохимик ва 1в/к вирусолог);
- омӯзгор – 2,5 воҳиди корӣ (биохимик);
- ассистент – 1,25 воҳиди корӣ ( микробиолог).
Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика
- омӯзгор - 1 воҳиди корӣ ( технологияи информатсионӣ) .
- саромӯзгор 0,5 воҳиди корӣ ( забони русӣ) ,
- омӯзгор 3 в/ к ( англисӣ 1 в/к, олмонӣ 1 в/к ва лотинӣ 1в/к ).
- доктор ё номзади илм, 1 воҳиди корӣ (таърихи халқи тоҷик ё фалсафа);
- саромӯзгор - 1 воҳиди корӣ (этика, эстетика ва ё мантиқ);
- омӯзгор- 2 воҳиди корӣ (сотсиология, 1 в/к ва ҳуқуқ аз рӯи ихтисос).
Кафедраи анатомияи одам ва гистология
- доктори илм, 1 воҳиди корӣ (физологияи нормалӣ);
- доктор ё номзади илм, 1 воҳиди корӣ (гистология);
- омӯзгор – 1,5 воҳиди корӣ (физиологияи нормалӣ);
- ассистент – 2,75 воҳиди корӣ ( анатомия 1,25 в/к ва гистология 0,5 в/к ва физиологияи нормалӣ 1в/к ).
-мудири кафедра - 1 воҳиди корӣ (доктор ё номзади илм);
- доктор ё номзади илм, 1,5 воҳиди корӣ ( валеология 1 в/к, пешгирии бемориҳои стоматологӣ 0,25 в/к, таълими асосҳои бемориҳои стоматологӣ 0,25);
- саромӯзгор – 1 в/ к таҷрибаи таълимӣ ;
- ассистент – 1 в/ к ( валеология 0,5 в/к, таърихи тиб 0,5 в/к.,)
- омӯзгор – 3,75 ( курси малакаҳои клиникӣ 1в/к., таҷрибаи таълими 2,75в/к.,
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи ректори донишгоҳ;
- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 4 адад расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупароранда);
- маълумотномаи тиббӣ №086;
- нусхаи РМИ (суғуртаи иҷтимоӣ).
Номзадҳо бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:
- маълумоти олии тиббӣ ва тахассусӣ;
- собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол (барои
- дипломи аъло, ординатори клиникӣ, магистратура бе собиқаи корӣ);
- донистани асосҳои педагогика ва психология;
- кор кардан дар компютер ва шабакаи Интернет;
- донистани ҳатмии забони давлатӣ ва хориҷӣ;
- кобилияти коммуникативӣ ва ташкилотчигӣ ;
- имтиёз ба дорандагони дараҷаи илмӣ ва дараҷаи тахассусӣ дода
- мешавад.
Барои иштирок дар озмун маълумотнома (CV)-и номзадон аз 12.01.2017 то 30.05.2017 дар суроғаи: ш. Данғара, кӯчаи Исмат Шариф № 3 тел.8331221029,833121023 қабул карда мешавад. Инчунин номзадон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тариқи почтаи электронии E-mail: info@khatmedun. tj Web:www. Khatmedun.tj ирсол намоянд.
Ба маълумоти омӯзгорон ва донишҷӯён расонида мешавад, ки санаи 16.11.2016 дар Донишгоҳ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Барои боз ҳам хотирмон гузаштани ин рӯзи таърихӣ дар толори Китобхонаи Донишгоҳ намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад. Хоҳишмандон метавонанд ба толори хониши Китобхона омада аз осор ва зиндагиномаи ин шахси бузург огаҳӣ ёбанд.
Маъмурияти Китобхона
Ба диққати донишҷӯёни ДДТХ расонида мешавад, ки санаи 25.08.2016 соати 08:00 дар саҳни бинои таълимии Донишгоҳ воқеъ дар кӯчаи Исмат Шариф - 3, ҷамъомади навбатии донишҷӯён баргузор мегардад.
Ҳузури донишҷӯёни дар рӯйхати овардашуда ҳатмист.
Деканати факултет
Телефонҳо барои тамос:
Муовини декани факултет: 917-17-54-57
Декани факултет: 919-17-02-03
Муовини ректор оид ба таълим: 917-10-02-22