Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Варзиш

  Чӣ тавре, ки мегӯянд «Руҳи солим дар ақли солим аст». Шахс танҳо дар ҳолате ба ҳама кор, аз ҷумла ба омӯзиши шоиста муваффақ мешавад, ки ҷисми солиму неруманд ва ба ҳама муқовимат тобовар дошта бошад. Бо ин мазмун, мунтазам машғул шудан ба варзиш ба омӯзиши фанҳои таълимӣ мададгору тавонбахш аст.

    Бо мақсади шавқманд гардонидани духтарон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим санаи 13-апрели соли 2018 дар майдони варзишии ДДТХ мусобиқаи волейбол байни дастаҳои варзишии духтарони курси якум ва дуюм баргузор гардид.            

    Аз курси якум донишҷӯдухтарон Атомуллоева Азиза, Солибоева Шоҳина, Каримова Шукрона, Калонова Зарнигор, Дустмамадова Гулмира, Назарова Румайзо. Аз курси дуюм Саидзода Аниса, Холова Шукрона, Алиева Фарида, Саидова Фарида, Сафарова Манижа, Мадинаи Аҳатӣ фаъолона дар мусобиқа иштирок намуданд. Довари ҳар дуи ин дастаҳо омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ Қурбоналиев Ҷурабек буданд.

     Дар мусобиқа духтарони ҳар ду даста чусту чолок буданд ва бо маҳорати баланд дар мусобиқа иштирок намуданд.

     Дар охир бо ҳисоби 2:0 ғолибият насиби донишҷӯдухтарони курси дуюм гардид.  

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК! МУҲАММАДҶОН

              Санаи 19-уми ноябри соли 2017 соати 10:00 дар толори Маҷмуаи варзишии н.Рӯдакӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Ҷиу-Ҷитсу бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор гардид.

         Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро донишҷӯи курси 2, гуруҳи 3-юми  факултети стоматологӣ Камолов Муҳаммадҷон намояндагӣ карда, дар вазни 75 кг сазовори ҷойи аввал гашта,  ғолибиятро ба даст овард. Донишҷӯи мазкурро барои иштироки намунавӣ ва сазовор ба ҷойи аввал гаштан бо дипломи Федератсияи миллии Ҷиу – Ҷитсиуи Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Федератсия муҳтарам Давлатов А.А., қадрдонӣ намудаанд.

        Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯ Камолов Муҳаммадҷон дар давоми ду соли донишҷӯияш дар мусобиқаҳои варзишӣ чандин мартоба ғолибият ба даст оварда, обрӯ ва нуфузи  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро  дар ҷумҳурӣ  баланд бардоштааст.

           Раёсати донишгоҳ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштироки донишҷӯёнро дар маҳфилу озмӯнҳо дастгирӣ намуда, ҳамзамон  бо ғолияташон ифтихор менамояд.

Кумитаи иттифоқи касабаи ва кормандон
Шуъбаи кор бо ҷавонон

ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ

 Бо мақсади эхё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодӣ, таҳкими тарзи хаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳи ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон 20 июни соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи марҳилаи дуюми "Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ" бахшида ба 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар Тоҷикистон баргузор гардид. 

     Дар "Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ" муовини раиси вилоят Хидирзода М., Сардори Раёсати кор бо чавонон Абдуллозода Ф., муовини раиси нохия, мурабиёни таҷрибадор, варзишгарони ҷавон ва мудирони бахши кор бо чавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

     Дар доираи Фестивал бозиҳои милли мусобиқаи гуштини миллӣ байни ҷавонон аз рӯи вазнҳои  60, 80 ва 100 кг  доир гардид.

     Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ ҳузур доштанд ва аз баргузории ин чорабинӣ баҳраманд гардиданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

   Дар асоси низомнома ва нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба таҷлили  “Ҳафтаи ҷавонон” аз тарафи Раёсати Донишгоҳ ва кафедраи фанҳои ”Ҷомеашиносӣ ” якчанд мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили “волейбол, фуболи хурд, бозиҳои шавқовар ва эстафетаҳои варзишӣ” бо номи  “Мо аз Шумо чолоктар ва қобилтарем” байни донишҷӯёни факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стомотологӣ  роҳандозӣ шуда, амалӣ гардиданд. 

     Дар таърихи 17-18.05 мусобиқа аз рӯи намуди “волейбол” гузаронида шуд. Мусобиқа дар фазои дӯстию рафоқат ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт. Донишҷӯён аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуданд. Хусусан, дастаҳои донишҷӯёни факултаҳои тиббӣ ва факултаҳои педиатрӣ. Онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд ва дар натиҷа дастаи факултаҳои тиббӣ бо ҳисаби 2:1 бар ҳарифони хеш, дастаи факултаҳои педиатрӣ   дастболо шуда, сазовори ҷои аввал гардиданд.

     Тарғибу ташвиқ ва ҷалби духтарон ба намуди футбол дар ҷумҳурии мо ривоҷу равнақ ёфта истодааст ва мо тасмин гирифтем, ки бозии футболи хурдро байни духтарони факултаҳои тиббӣ ва педиатрӣ дар таърихи 22.05.17с баргузор намоем. Духтарон низ дар ин риштаи варзиш маҳорати баланд нишон дода, барои ба даст  овардани музаффарият ҷаҳду талош намуданд. Бозӣ бо ғолибияти  дастаи  духтарони факултаҳои тиббӣ бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.   

     Лозим ба қайд аст, ки соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,   Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардид ва ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, муқаддасоти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва муҳимтар аз ҳама, озодию соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои оянда шуморанд.

      Бигузор, мисраҳои шеърие, ки дар поён дарҷ шудаанд, барои ҳар як ҷавони бонангу номуси миллат, шиори ҳар як нафаси зиндагӣ гарданд.

                         Ҷавонони ояндаи насли ин миллатем,

                          Рӯҳу равони миллатем,

                          Шӯҳратфизои миллатем,

                          Бо Пешвои миллатем.

Муаллимони кафедраи “Ҷомеашиносӣ”:
Самиев С.Ф.,
Қурбоналиев Ҷ.М

Page 6 of 8

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид