Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Варзиш

   Тибқи дастур ва супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Данғара ва раёсати донишгоҳ бахшида ба таҷлили “Рӯзи Президент” ва ба кор даромадани аввалин чархаи НБО Роғун мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Волейбол” байни кормандон ва омӯзгорони  кафедраҳо роҳандозӣ гардида, аз санаи 13.11.-  15.11 гузаронида шуд.

    Дар мусобиқа дастаҳои кафедраҳои “Забонҳо, Ҷомеашиносӣ, Химия ва биология, Фармакалогия, Клиникӣ” иштирок карда, бо ҳам рақбат намуданд. Мусобиқа дар фазои дӯстиву рафоқат ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, дастаҳо аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.

   Аз ҷумла, дастаҳои кафедраҳои “Забонҳо  ва “Ҷомеашиносӣ” , ки ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфтанд. 

    Санаи 15-уми ноябри соли 2018 бозии финалӣ миёни ин ду даста ҷараён гирифт. Бозӣ хеле пуршиддат оғоз гардид ва бозингарони ҳарду даста барои ба даст даровардани ғолибият тамоми маҳорати худро сарф менамуданд. Дар даври аввали бозӣ дастаи кафедраи “Забонҳо” бо ҳисоби 18-25 мағлуб шуда бошад ҳам, дар ду даври дигар бо натиҷаҳои 25-22 ва 28-26 ғолибият ба даст овард  ва дар натиҷа бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи кафедраи “Забонҳо” анҷом пазируфт.

Кафедрраи “Физикаи тиббӣ ва информатика”

Бахшида ба таҷлили рӯзи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва арҷгузорӣ намудан ба арзишҳои миллӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо дастур ва супориши раёсати донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, тенниси рӯи миз, шоҳмот (писарон) ва волейбол (духтарон) байни донишҷӯёни курси 1-уми факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стомотологӣ роҳандозӣ гардида,дар тарафаи идҳо  гузаронида шуд.  

    Дар таърихи 22-23.11.2018 мусобиқа аз рӯи намуди  тенниси рӯи миз гузаронида шуд. Аз ҳар гурӯҳ як бозингари беҳтарин интихоб шуда, дар мусобиқа ширкат варзиданду ном ва нуфузи гурӯҳи хешро ҳимоя намуданд.

    Аз ҷумла, донишҷӯёни гурӯҳи 102- тиббӣ Муҳамадиев Абдуҳамид ва гурӯҳи 102- стомотологӣ Аҳроров Садриддин, бо истифодаи маҳорати баланди варзишии худ тавонистанд бар ҳарифони хеш дастболо гардида, ба даври ниҳоӣ роҳхат ёбанд.

   Дар даври ниҳоӣ донишҷӯи гурӯҳи 102- стомотологӣ Аҳроров С бо ҳисоби 3-1 бар ҳарифаш дастболо гардида, сазовори ҷои аввал шуд.

   Мусобиқа аз рӯи намуди шоҳмот низ дар сатҳи баланд доир гашт. Донишҷӯён Холиқов Ф (107-тиббӣ), ва Додохоҷаев М (107- тиббӣ) бо заковат ва фикронии хеш мусобиқаро боз ҳам шавқовару тамошобоб намуда,  бар ҳарифонашон ғолиб омаданд ва дар даври ниҳоӣ бо ҳам вохӯрданд.

     Ниҳоят, ҷои якумро Холиқов Ф (107-тиббӣ) ва ҷои дуюмро  Додохоҷаев Мансур (107-тиббӣ) ба даст оварданд.

    Мусобиқа аз рӯи намуди футбол бахшида ба рӯзи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба кор даромадани аввалин агрегати  НБО-Роғун санаи 23 юми ноябри соли 2018 оғоз шуда, имрӯзҳо  давом дорад.

 

Самиев С,  Қурбоналиев Ҷ.

 омӯзгорони кафедраи “Физикаи тиббӣ ва информатика”

    Ҳафтаи сипаришуда дар асоси нақша-чорабиниҳои «Ҳафтаи ҷавонон» таҳти шиори «Ҷовидон бод ҷавонӣ!» дар ДДТХ мусобиқаи бозии шашка ва волейбол байни бонувони Донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он занон аз ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ёрирасон фаъолона иштирок намуданд.

     Пеш аз он, ки ғолиби мусобиқаи шашкаро эълон намоем, каме аз таърихи он ва якчанд гуфторҳои шавқоварро пешкаши Шумо менамоем. Бозии шашка яке аз бозиҳои қадимтарин буда, ҳануз фиръавнҳои Мисри Қадим бо он машғул мешуданд. Бозёфтҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин намуди бозӣ дар Россияи Қадим ва Авпупо хеле маъмул буд. Дӯстдорон ва мухлисони бозии шашка оид ба ин намуди бозӣ гуфторҳо эҷод намудаанд: Бозии шашка модари шоҳмот аст. Илова бар ин, модари арзанда (Л.Эммануил). Фикрҳои бебокона нақши шашкаҳои пешсафро дар бозӣ иҷро мекунанд: онҳо ҳалок мешаванд, вале ғалабаро таъмин мекунанд (И.В.Гёте).

    Дар мусобиқаи шашка корманди кафедраи Морфология ва физиологияи одам Маҳмадавлатова М. ғолибият ба даст овард.      

      Мусобиқаи волейбол байни бонувон хеле пурҷӯшу хурӯш ва пур аз шӯру шарар буд. Маҳорати баланд ва иродаву истодагарӣ дар ин бозӣ ғолибиятро насиби бонувони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ гардонид.

   Ҳадафи ташкили мусобиқаҳо рушди варзиш байни занон ва ҷавондухтарон, баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо ва таҳким бахшидани дӯстию рафоқат дар байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим маҳсуб меёбад.   

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

ВАРЗИШ – ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

   Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва қарори раиси ноҳияи Данғара дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    нақша чорабиниҳо таҳия карда шудааст. Дар асоси нақшаи мазкур ҳар субҳи рӯзи шанбе гузаронидани машқҳои пагоҳирӯзӣ ва тамринҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.

      Субҳи 28-уми апрели соли 2018 соати 6-и субҳ дар майдончаи варзишии донишгоҳ машқҳои варзишии пагоҳирӯзӣ оғоз гардиданд. Дар машқ дастаи футбол ва волейболи омӯзгорону кормандони донишгоҳ, донишҷӯён, ки теъдоди онҳо аз 300 нафар зиёдтар буд, иштирок намуданд. Бо табъи болида ва ғайрату неруи ҷавонона иҷро намудани машқҳои гуногуни варзишӣ аз он шаҳодат медод, ки ҳам омӯзгорону кормандон ва ҳам донишҷӯён як нуқтаро хуб дарк намуданд, ки варзиш – гарави саломатист. Саломатӣ бошад асоси фаъолияти босамари ҳар як шахс буда метавонад.  Дар назар аст, ки чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳар ҳафта баргузор карда шаванд. Ғайр аз ин, ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа дар майдончаи варзишии донишгоҳ мусобиқаи футбол байни дастаи кафедраҳои донишгоҳ баргузор карда мешавад, ки омӯзгорони ҳамаи кафедраҳо дар он бо камоли майл иштирок менамоянд. Ғайр аз ин, аз ҳисоби занон дастаи волейболбозонташкил карда шудааст, ки онҳо низ мунтазам мусобиқаҳо оид ба волейбол ташкил менамоянд.

 

Сармутахасис оид ба назорати сифати таълим   ва

Деканати факулттҳо

Page 5 of 8

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид