Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Ҳамкориҳо

Объявление

    На базе Хатлонского государственного медицинского университета осуществляется набор иностранных и отечественных специалистов-слушателей медицинской сферы с целью организации сертификационных онлайн курсов для повышения квалификации по хирургии и лабораторной диагностике, а также нехирургическими направлениями на последипломном уровне. Для осуществления онлайн курсов повышения квалификации, ХГМУ имеет соглашение с Индийской компанией «M/S K.K. Healthcare and Hospitals».

Более подробную информацию можете узнать по:

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Тeл.: +992 919 22 41 34

 

 

Khatlon State Medical University (KhSMU) is carry out a recruitment of foreign and domestic specialist listeners in the medical field in order to organize certification online courses for advanced training in surgery and laboratory diagnostics, as well as non-surgical directions at the Postgraduate Degree. For the implementation of online training courses, KhSMU has an agreement with the Indian company «M/S K.K. Healthcare and Hospitals».

For more information, please contact us by:

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Тel.: +992 919 22 41 34

16 сентябри соли 2021 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба тариқи онлайн яке аз калонтарин  чорабинии тиббӣ дар соҳаи дермотология - Конгресси байналмилалии DEBRA 2021, ки ба бемории Эпидермолизи буллёзии модарзодӣ - бемории ирсии вазнини пӯст бахшида шудааст, оғоз гардид.

Омӯзгорони кафедраи беҳдошт,  эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Конгресси мазкур ба тариқи Онлайн фаъолона ширкат варзиданд.

Дар Конгресси байналмилалии DEBRA 2021 зиёда аз 10 000 нафар табибон ва беморон аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ширкат варзида, он то 19 сентябри соли равон кори худро идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандагони Конгресси мазкур Фонди хайрияи «Кӯдакон - шапаракҳо»/ DEBRA-и Федератсияи Россия буда, бо Ассотсиатсияи дерматовенерологҳо  ва косметологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва таи ду соли охир дар боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии мутахассисони  бемориҳои пӯст ва кӯдакони ба бемории Эпидермолизи буллёзии модарзодӣ гирифторбудаи Тоҷикистон кӯмакҳои зиёд расонидаанд.

МУОВИНАТИ ИЛМ ВА НАШРИЯ

ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ОЛИҚАДР БА ДДТХ

2 июни соли 2021 сафари кории Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара  сурат гирифт.


Дар доираи сафари корӣ таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ меҳмонони олиқадр ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ ташриф оварданд.

Ба ҳайати гурӯҳи сафари корӣ намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян - Петер Олтерс, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон (UNRC)  Сезин Синаноглу, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккавӣ, сардори барномаи тандурустӣ ва ғизо Энтони Асиҷе, муовини роҳбари Намояндагӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Кикучи Такеши шомил буданд.

Дар ДДТХ Ректори донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон меҳмонони олиқадрро бо намояндагони Раёсати донишгоҳ пешвоз гирифтанд.

Дар идомаи сафар меҳмонон аз рафти имкониятҳои илмомӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз наздик шинос шуданд.

Дар даромадгоҳи бино ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён тайёр карда шудааст, ба намоиш гузошта шуда буд, ки  меҳмононро ба ваҷд овард. Сипас, меҳмонон аз Китобхонаи донишгоҳ, синфхонаи электронӣ, толори фарҳангӣ, Маркази курси малакаҳои амалӣ дидан намуда, бо донишҷӯён ҳамсуҳбат шуданд.









Сухбати озоди донишҷӯён ба забони англисӣ, таҷҳизоти синфхонаҳо, тарзи гузаронидани дарсҳо дар донишгоҳе, ки ҳамагӣ панҷ сол дорад, ба меҳмонон хеле писанд омад.

Дар анҷом Ректори донишгоҳ профессор Убайдулло Қурбон аз ташрифи меҳмонони олиқадр изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамеша омода аст.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

     8 - апрели соли равон тибқи нақшаи кории Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вохӯрии намояндагони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара ва минтақаи Кӯлоб дар донишгоҳ бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев  А. А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, намояндагони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо ҳозирин шинос намуд.

Сардори  Бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоби Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, майори адлия - Раҳмон Эмомалӣ Раҷабзод дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат бо он» суханронӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо ин падидаи номатлуб бояд дастҷамъона мубориза бурд, баръакси ҳол решакан кардани он ғайриимкон аст.

Раҷабзода Рустам Сафаралӣ - сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара, полковники милитсия оид ба мавзӯи “Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” маърӯза намуд. Номбурда қайд кард, ки намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ бо ғаразҳои нопоки худ бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро ба тарафи худ ҷалб намоянд. Бинобар ин, мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем ва ақли солимро кор фармуда,   масъалаҳои муҳими сиёсиро  аз нуқтаи назари сиёсат таҳлил карда тавонем . 

Дар идомаи чорабинӣ дар мавзӯи мазкур сардори ШКДАМ дар ноҳияи Данғара - Насридинзода Масрур маърӯза кард. Қайд гардид, ки ҷавонон аз сабаби надоштани дониши дунявӣ ва маърифати динӣ ба роҳҳои нодуруст рафта, ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешаванд. Рӯ ниҳодан ба китобу китобхонӣ ва боз ҳам баланд бардоштани дониши худ боиси интихоб намудани роҳи дуруст, аз ҷониби мову шумо хоҳад буд – қайд намуд Насридинзода Масрур.

Ҳамзамон, донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ - Шукронаи Рамазон оид ба пешгирии коррупсия маърӯза намуд.

Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг - Қурбонмамадов С.Х. вохӯрии мазкурро хеле муҳим ва арзишнок  арзёбӣ намуда, қайд кард, ки донишҷӯёни ДДТХ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҳамчун раҳнамову раҳкушо ба сӯи ояндаи дурахшон мавриди истифода қарор дода, барои боз ҳам баланд бардоштан дониши назариявӣ ва амалии хеш кӯшиш намуда истодаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ДДТХ дар оянда мутахассисони барҷаста ва ватандӯстро ба воя хоҳад расонд.

Мушовирои Ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев  А. А. чорабиниро ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки ҷавонон пеш аз ҳама бомулоҳиза бошанд, аз волидону омӯзгорон ҳамеша маслиҳат гиранд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Page 1 of 5

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид