Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дастовардҳо

27 ноябри соли равон 68 - умин конференсияи солонаи байналмилалии илмӣ - амалии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар мавзӯи «Заминаҳои бунёдии рушди инноватсионии илм ва таълим» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия бо сухани табрикотӣ ва ифтитоҳӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Маҳмадшоҳ Гулзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоқикистон Диловар Қодирзода ва дигар олимони ватаниву хориҷӣ баромад карданд.

          Ҳамзамон, дар кори конференсия меҳмонон аз кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Белорусия, Германия, Озарбойҷон, Украина ва ИМА ба тариқи онлайн ширкат варзиданд.

     Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш баргузории Конференсияи илмӣ - амалии мазкурро дар солҳои охир як навъ ҷамъбасти фаъолияти илмии олимон ва донишмандони соҳаи тандурустии мамлакат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба натиҷагирии он ҳамчун василаи асосии дарёфти роҳу усулҳои нави табобат ва пешгирии бемориҳои нав ва беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ диққат ва эътибори махсус медиҳад.

          “Бояд эътироф кард, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино солҳои охир таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёдеро паси сар кард, ки мақсад аз онҳо боз ҳам беҳтар намудани шароити кору таҳсил, потенсиали кадрии донишгоҳ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонидани низоми таҳсилот мебошад” - афзуд номбурда.

            Дар ин конференсияи мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ассистенти кафедра педиатрия Музаффаров Дилшод Баҳромович дар сексияи “Бемориҳои кӯдакона ва бемориҳои сироятии кӯдакона”  иштирок кард. Дар сексияи номбурда 15 маърӯза шунида шуд, ки яке аз он маърӯзаи  Музаффаров Д.Б. дар  мавзӯъи “О некоторых факторах риска формирования речевой патологии у детей дошкольного возраста” буд.   

      Ҳамзамон, дар конференсия дастовардҳои олимони маъруфи Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили тадқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ карда шуданд.

       Мавзӯъҳои мубрами банақшагирифта дар ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаҳои сексияҳои равиявӣ, симпозиумҳои «ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои мубрами микробиология, иммунология ва вирусология», физиологияи нормалӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамин тавр, дар кори конференсия 188 маърӯзаи илмии олимон баррасӣ гардиданд, ки аз он 71 маърӯза аз олимони кишварҳои хориҷии дуру наздик ворид шудааст. 

       Маводи конференсияи мазкур дар се ҷилд ба табъ расидаанд, ки аз 1107 мақолаи илмӣ, 310 мақолаи он аз олимони кишварҳои хориҷӣ мебошанд.

         Бояд қайд кард, ки аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тибббии Хатлон дар конференсияи мазкур 29 мақолаи илмӣ ворид гардида буд.

         Дар хотимаи конференсия Резолютсия қабул карда шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

КАФЕДРАИ ПЕДИАТРИЯ

ПИРӮЗӢ МУБОРАК !

      3 октябри соли ҷорӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар озмуни мазкур  донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Эшназарова Шоҳина иштирок намуда, аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол намуд. Номбурда бо шаҳодатнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

   Бояд қайд намуд, ки Шоҳина Эшназарова дар озмуни ноҳиявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мақоми аввалро ишғол намуда буд.

    Раёсати донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён Шоҳина Эшназароваро барои ишғоли ҷойи сеюм дар озмуни мазкур самимона табрик  намуда, барояш муваффақиятҳои нав ба нав таманно менамоянд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

   12-13 марти соли 2020 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни 26 донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
   Дар олимпиадаи мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯён бо роҳбарии мудири кафедраи физика ва информатика н.и.ф/м Ситамов С. ва омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ С. Гулмамад иштирок карданд.
   Иштироккунандагони олимпиада аз ДДТХ - Раҷабов Асомиддин (106п), Туманова Файзигул (205т), Раҳимов Фарид (208п), Шоҳрухи Бахтиёр (209п), Юлдошов Авазбек (309т) ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуда, бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.
   Донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббии гурӯҳи 410 - Ҷобири Қурбоналӣ дар олимпиада сазовори ҷойи якум гардида, Ифтихорномаи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар бахши «Физика» ба даст овард.
   Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ донишҷӯёни номбурдаро, ки дар баланд бардоштани номи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштанд, аз самими қалб табрику таҳният намуда, барои фатҳи қуллаҳои нав ба нави илму дониш комёбиҳои беназирро орзу менамоянд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

    Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷае, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар пеши худ гузоштааст, ин тайёр намудани омӯзгорони унвондор ва соҳиби дараҷаи илмӣ мебошад. Дар ин самт донишгоҳ зина ба зина қадамҳои устувор гузошта истодааст.
    9-уми январи соли 2020 омӯзгори кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Одинаев Саидаҳмад   Полвонович рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Воҳидҳои фразеологии ҳамқолаб дар забони адабии муосири тоҷик» дар Шӯрои дисертатсионии 6D КОА-028-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, проффесор Маҷидов Ҳомид Маҷидович бомуваффақият ҳимоя намуд.
   Бояд тазаккур дод, ки Одинаев С.П. дар тӯли фаъолияти кориаш дар маҷаллаҳои гуногун мақолаҳои зиёди илмиро ба нашр расонидааст. Номбурда дар таълиму тарбияи шогирдон барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён саҳми арзанда гузошта, ҳамзамон муаллифи дастурҳои илмӣ, методӣ ва китоби дарсӣ мебошад.
   Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон омӯзгори кафедраи забонҳо - Одинаев Саидаҳмад Полвоновичро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадиаш табрику таҳният намуда, барои ӯ саломатӣ ва дар корҳои илмии ояндааш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.

РАЁСАТИ  ДДТХ

Page 3 of 8

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид