Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дастовардҳо

БАҲОРИ ПУР АЗ МУВАФФАҚИЯТ

Имсол аз оғози фасли баҳор барои ДДТХ соли пур аз муваффақият ва  бобарор омад. Гӯё ки баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯз бо омад-омади хеш барои донишгоҳи азизамон файзу баракатро арзонӣ доштанд.

Зеро дар ин фасл пайваста аз зафару пирӯзиҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  мужда ва хабари хуш мерасид.  Пирӯзии донишҷӯён дар як қатор олимпиадаҳо ва озмунҳо, аз ҷумла,  Олимпиадаҳои байналмилалии Бухоро ва Самарқанд,  озмуни Ҷоми  АМИТ, озмуни “Фестивали бозиҳои варзишӣ” ва  “Рӯзғордорӣ”, албатта, шаҳодати он аст, ки донишгоҳи ҷавони мо бо як матонату устуворӣ ба пеш қадам мегузорад.

Ҳанӯз  аз ғалабаи Раҷабов Н. - донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ дар озмуни “Донишҷӯи сол” дар ҷумҳурӣ панҷ рӯз нагузашта, боз хабари хуш аз пирӯзиҳои навбатӣ дар ДДТХ ва миқёси ҷумҳурӣ танинандоз гардид.

29 майи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров олимпиадаи муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 10 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҳти роҳбарии декани факултет Боронов Ҳ.А. ва профессори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А.  иштирок намуданд.

            Хушбахтона, аз 10 донишҷӯе, ки дар олимпиада ширкат варзида буданд, 2 нафар сазовори ҷойи якум, 1 нафар сазовори ҷойи сеюм ва 1 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

            Абдуллоева М. Ш. - донишҷӯи курси якуми факултети педиатрӣ аз фанни забони англисӣ ва Ҷобиров Қ. - донишҷӯи курси чоруми факултети тиббӣ аз фанни физика сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки  барои Абдуллоева М., ки ҳанӯз дар курси якум мехонад, ин муваффақияти хеле назаррас аст ва донишгоҳ дар оянда аз ӯ умеди калон дорад. Аммо дар мавриди Ҷобиров Қ. ҳаминро қайд кардан ҷоиз аст, ки ӯ ҳамеша дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанни физика иштирок карда, чандин маротиба  ҷойи намоёнро ба даст овардааст.

            Донишҷӯи курси чоруми факултети тиббӣ Юлдошев А.Н. аз фанни технологияи информатсионӣ ҷойи сеюм ва донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Азимов М.М. аз фанни география ҷойи ифтихориро ишғол намуданд.

Вобаста ба ин, 1-уми июни соли равон Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон бо иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявӣ вохӯрӣ баргузор намуданд. Профессор Убайдулло Қурбон аз муваффақият ва комёбии донишҷӯён дар олимпиадаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, ғолибонро аз номи Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён аз самими қалб табрик ва таҳният намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва дар корҳои ояндаашон комёбиҳои беназир таманно карданд.

            Тибқи дастури муҳтарам ректор донишҷӯёни ғолиб ва омӯзгорони дарсдиҳандае, ки шогирдонашро ба олимпиада тайёр кардаанд,  бо мукофот қадрдонӣ хоҳанд шуд.

                       ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

25 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» баргузор гардид. Дар озмун аз тамоми муассисаҳои олии кишвар донишҷӯёни беҳтарин иштирок намуданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар озмуни мазкур донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Раҷабов Наимҷон Олимович ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардид.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз се марҳила - навиштани иншо дар мавзӯи «Ҷавонон ва сӣ соли Истиқлолияти кишвар», худмуаррифии донишҷӯ, саволу ҷавоб ва муайян намудани сатҳи забондонӣ иборат буд, ки Н.Раҷабов ҳамаи марҳилаҳоро бо муваффақият ва сарбаландона паси сар намуд.

Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён Раҷабов Н.О.-ро аз самими қалб табрик ва таҳният намуда, барояш комёбиҳои беназирро таманно менамоянд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

     30 - юми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) Конференсияи XVІ - уми илмӣ -амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Проблемаҳои нави тиб ва роҳҳои ҳалли он»  баргузор гардид.

Боиси сарфарозист, ки дар кори Конференсия дар қатори дигар олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки онлайнии  олимони давлатҳои хориҷӣ, инчунин 12 нафар омӯзгорону донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Мувофиқи натиҷаҳои Конференсия, донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббии ДДТХ Фозилов Н.  барои маърӯзаи беҳтарин соҳиби дипломи дараҷаи III гардид.

Қобили зикр аст, ки 68 фишурдаи аз ҷониби олимони ҷавон ва  донишҷӯёни ДДТХ пешниҳодгардида дар Маҷмӯаи корҳои илмии конференсия ба табъ расидааст.

 ШУЪБАИ ИЛМ

ВА ИННОВАТСИЯ

ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - АМАЛӢ

     9 - феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм  таҳти  унвони «Занон ва рушди илми муосир» конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гардид.

    Дар конференсияи мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон раиси Шӯрои занон Наботова О.З. ва омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Давлатова Г.М. иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар рафти конференсияи илмӣ - амалӣ Давлатова Г.М. дар мавзӯи  «Вожаи сармоягузории иқтисодӣ ва қарз дар соҳаи кишоварзӣ» маърӯза намуд.

     Дар анҷом барои иштироки фаъолона дар конференсияи илмӣ - амалӣ раиси Шӯрои занон - Наботова О.З. ва омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Давлатова Г.М. бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Page 2 of 8

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид