Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

НУТҚИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДДТХ Д.И.Т., ПРОФЕССОР УБАЙДУЛЛО ҚУРБОН БАХШИДА БА ИДИ КАСБИИ ТАБИБОН

16 Август 2020 Муаллиф :  

Устодон ва шогирдони азиз, ҳамкасбони гиромиқадр!

     Мардум аз замонҳои қадим ба табибон ниёз дошта, ҳангоми падид омадани нуқсон дар ҷисми хеш ба онҳо муроҷиат мекарданд. Масалан, саромадони тиб мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ ва дигар табибони олам бо хизмати беғаразонаи хеш ҷони ҳазорон одамонро аз марг наҷот додаанд. Дар тӯли таърихи инсоният табибон новобаста аз қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ирқу нажод барои башарият дасти мадад дароз кардаанд.
    Хизмати фарзандони фарзонаи халқи тоҷик низ дар ин ҷода беназир аст. Ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Сино барои шифо ёфтан аз бемориҳои гуногун, аз ҷумла, бемориҳои сироятӣ бисёр маслиҳатҳои муфид додааст ва ҳазорон нафар одамонро аз вабоҳои шадид халос намудааст. Дар баробари табобати мардум, донишманди мазкур осори гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштааст, ки то ба имрӯз аҳамияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамояд.
    Охири моҳи апрели соли ҷорӣ бемории COVID - 19 дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд. Пас аз ин, табибон ё худ бо ибораи мардум «фариштагони ҷомасафед» бо саъю кӯшиши хастанопазир ва ғайрати дучанд даст ба кор заданд. Чӣ тавре ки ҳамагон шоҳиданд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корнамоиҳои табибон шиддати сахти ин беморӣ дар кишвар паст гардида, ҳазорон нафар бемор шифо ёфтанд.          Мутаассифона, бояд қайд намуд, ки дар ин набард чанд нафар аз табибони ҳозиқ ҷони худро низ аз даст дода, қаҳрамонона ҳалок гардиданд.         Бале, онҳо қаҳрамонанд. Қахрамонанд, ки барои зиндагии осудаи ояндаи мардуми хеш, наҳаросида, бо марг дастбагиребон шуданд. Имрӯз ва минбаъд халқ номи онҳоро ба некӣ ёд хоҳад кард.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш, дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба меҳнати софдилона ва заҳмати шабонарӯзии онҳо чунин иброз мекунанд:
«Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд».
      Имрӯз чун дар арафаи иди касбии кормандони соҳаи тиб қарор дорем, аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кормандони соҳаи тиб ва донишҷӯёни азизи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ба рӯзи иди касбиашон самимона табрик намуда, барояшон рӯзгори хуш ва хонаободӣ таманно менамоям!

Идатон муборак, ҳамкасбони азиз ва шогирдони гиромиқадр!

99835 comments 104817 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Шарҳ

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид