Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ТАШКИЛИ БОЗИИ “ФУТБОЛИ ХУРД” ДАР ДОНИШГОҲ

10 Апрел 2020 Муаллиф :  

   Тибқи нақша - чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ оид ба тарғибу ташвиқ ва пеш бурдани тарзи ҳаёти солим байни кормандон ва омӯзгорон аз рӯи намуди “футболи хурд” мусобиқа баргузор гардид.
   Барои иштирок дар мусобиқа ҳар як сохтори донишгоҳ дастаҳои хешро ташкил намуд. Теъдоди дастаҳо аз 8 - адад иборат буда, ба ду гурӯҳ тақсим шуданд.
  Дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Муовинати таълим”, “Муовинати хоҷагӣ”, “Раёсати донишгоҳ”, “Эскулап” ва дар гурӯҳи “Б” дастаҳои “Деканат”, “Кафедраҳои ҳарбӣ ва стоматологӣ”, “Кафедраи забонҳо” ва “Волонтёрҳо -кормандон” шомил буданд. Мусобиқа санаи 27 - уми март оғоз шуда, то 10 - уми апрели соли 2020 давом мекунад.
Ҳайати дастаҳо аз бозингарони синну соли гуногун иборат буданд.
   Лозим ба қайд аст, ки бозингарони синну солашон бузургтар, ба мисли Қурбонов Х, Ғарибмамадов М, Камолов А, Ҷулаев ва дигарон дар баробари ҷавонон бозӣ намуда, маҳорати хуби варзишӣ нишон доданд ва диққати мухлисонро ба худ ҷалб менамуданд.
   Ҳар як даста дар гурӯҳи худ се бозиро анҷом дода, ғолибон ба даври нимниҳоӣ баромаданд.
Дастаи “Муовинати таълим” бо ду ғалаба ва як мусовӣ (бо 7 - имтиёз) дар мақоми аввал ва дастаи “Муовинати хоҷагӣ” низ бо ду ғалаба ва як мусовӣ (бо 7-имтиёз) аз сабаби мутаносибии тӯбҳо дар мақоми дуюм ҷой гирифта, дар гурӯҳи “А” роҳхати даври нимниҳоиро ба даст оварданд.
  Аз гурӯхи “Б” дастаи “Деканат” бо се ғалаба ва 9 - имтиёз дар ҷои якум ва дастаи “Волонтёрҳо - кормандон” бо ду ғалаба ва як бохт (бо 6 - имтиёз) дар мақоми дуюм ҷой гирифта, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд.
6 - уми апрел бозиҳои даври нимниҳоӣ сурат гирифтанд. Дастаи “Деканат” бо дастаи “Муовинати хоҷагӣ” вохӯрда, бо ҳисоби 1:0 дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ баромад. Дастаи “Муовинати таълим” бар дастаи “Волонтёрҳо - кормандон” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, роҳхати даври ниҳоиро ба даст овард.
   Санаи 10 - уми апрел бозии ниҳоӣ барои дарёфти “Ҷоми ДДТХ” байни дастаҳои “Деканат” ва “Муовинати таълим” баргузор хоҳад гашт.

С. Ф. САМИЕВ,
Ҷ. М. ҚУРБОНАЛИЕВ,
омӯзгорони варзиши ДДТХ

0 Шарҳ 150 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид