Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ТАҶЛИЛИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН

21 Март 2020
Муаллиф :  

21 - уми марти соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои ҷашн гирифтани иди Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. 

     Сараввал, дар дохили донишгоҳ расму русум, анъана ва таомҳои наврӯзӣ, аз қабили «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин» ба намоиш гузошта шуд.

      Чорабинии фарҳангиро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Номбурда ҳозиринро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуданд, ки «Наврӯзи Аҷам ин худ як василаест, ки тоҷикон ва форсизабонони тамоми ҷаҳон дар оғози сол бо нияти зиндаву ҷовид нигоҳ доштани хусусиятҳои неки фарҳангӣ ва тамаддуни шарқии хеш якпорчагиву ваҳдати миллӣ, сулҳу дӯстӣ ва ободӣ онро ҷашн мегиранд».

     

   Баъд аз табрикот ректори муҳтарам ба ғолибони озмуни «Маликаи Наврӯзӣ» ва «Гулбазми Наврӯзӣ», ки қаблан ба муносибати идҳои баҳорӣ дар донишгоҳ баргузор гардида буданд, туҳфаҳои хотиравӣ  ва Ифтихорнома  супориданд.

    Барномаи фарҳангӣ бо даъвати «Бобои Деҳқон», «Маликаи Баҳор», «Маликаи Наврӯз» ва «Шоҳ Ҷамшед» оғоз гардида, аз хондани шеъру суруд, рақсу бозӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва ҳаҷвҳои наврӯзӣ иборат буд.

   Дар анҷоми барнома Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон бори дигар ҳозиринро ба фарорасии Иди байналмилалии  Наврӯз табрик карда, барои баргузории чунин чорабинии бошукӯҳу шаҳомат ба ташкикунандагон ва таҳиягарони барномаи Наврӯзӣ изҳори сипос намуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 148 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид