22 - марти соли равон дар боғи фарҳангию фароғатии Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара бо иштироки Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин ҷашни Наврӯзӣ баргузор гардид.
Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар таҷлили ҷашни Наврӯзӣ дар боғи Хуррамшаҳр муовинони ректор, раиси Шӯрои занон ва духтарон, мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Дар ҷашни мазкур аз ҷониби донишҷӯёни ДДТХ ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои донишгоҳ, китобҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ - Қурбонхолзода Шукрона, ки қаблан дар озмуни ноҳиявии «Маликаи Наврӯз» ғолибият ба даст оварда буд, дар ҷашни мазкур ҳамчун Маликаи Наврузӣ ширкат варзид.
ШӮРОИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН