12-13 марти соли 2020 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни 26 донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар олимпиадаи мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯён бо роҳбарии мудири кафедраи физика ва информатика н.и.ф/м Ситамов С. ва омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ С. Гулмамад иштирок карданд.
Иштироккунандагони олимпиада аз ДДТХ - Раҷабов Асомиддин (106п), Туманова Файзигул (205т), Раҳимов Фарид (208п), Шоҳрухи Бахтиёр (209п), Юлдошов Авазбек (309т) ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуда, бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.
Донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббии гурӯҳи 410 - Ҷобири Қурбоналӣ дар олимпиада сазовори ҷойи якум гардида, Ифтихорномаи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар бахши «Физика» ба даст овард.
Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ донишҷӯёни номбурдаро, ки дар баланд бардоштани номи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштанд, аз самими қалб табрику таҳният намуда, барои фатҳи қуллаҳои нав ба нави илму дониш комёбиҳои беназирро орзу менамоянд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА